(Васфи баъзе хаттотони дигари Мактаби хушнависии Дониш дар «Тазкират-ул-хаттотин»-и Роҷӣ)
“Мирзо Баҳром Мушрифи хаттоти Бухороӣ”-ро Роҷӣ ба унвони “Ваҳиди фозилони мотааххар (ягонае аз донишмандони бартари дар ин авохир рушдёфта) ва аз ҳама навдастони ин ҳунар мақоми баландтаре дошта” муаррифӣ мекунад. Килки хушнависи ӯ аз беху бунаш дар парвоз аст ва даҳ хаттот ҳам қудрати имтиҳон кардани ӯро надоранд. Дар фанни хатту тақрир камол ёфта, хаёли шеърофаринаш сеҳри ҳалолро мемонад. Пушт то пушти Баҳром муншӣ будаанд ва мифтоҳи ганҷҳои Давлатхонаи Арк дар каф доштаанд. Баҳром ҳанӯз дар хурдсолӣ ончунон дар илму ҳунар пеш рафта будааст, ки зимомдорони давлат ӯро “Бузург” мешумурдаанд ва мавриди лутфу иноят ва меҳрубонии худ қарор медодаанд:
Ба мадҳи Мирзо Баҳроми Мушриф,
Маро бушрои давлат дод ҳотиф.
Ки он нақди маонӣ дар сухан дарҷ,
Намуда нақди умр андар фунун харҷ.
Ваҳид аз фозилони мотааххар,
Зи навдастони ин фан ҷумла бартар!
Ба парвоз омада килк аз бунонаш,
Ба даҳ хаттот натвон имтиҳонаш!
Ба фанни хатту тақрираш камолест,
Хаёли шеърияш сеҳри ҳалолест!
Варо ирсист иншо пушт то пушт,
Варо мифтоҳи Давлатхона дар мушт.
Зи рӯйи рушд шуд дар хурдсолӣ,
Бузург аз меҳрубониҳои Олӣ.
Мирзо Бадриддини Бухорӣ аз дигар хушнависони ин аҳд аст. Зебу зийнати ҷаҳон ба фазли баракоти зебу зийнати килки ӯст. Ончунон ҳунарманди навовари беназир аст, ки ҳар кас беихтиёр лаб ба мидҳати ӯ мекушояд. Бино бар он ки аз дудмони муншиён аст, иншои некӯи устодона дорад ва ҷавонест дилкашу покизамашраб, дар Давлатхонаи Аморати Бухоро соҳиби ҷоҳу мансаби шомихе мебошад:
Яке з-ин гуна Мирзо Бадридин аст,
Ки аз килкаш ҷаҳонро зебу зийн аст!
Ба санъатпешагӣ набвад назираш,
Набошад бо кас аз мидҳат гузираш!
Зи бас андар насаб муншинажод аст,
Ба иншо низ некӯ устод аст.
Хушнависи дигар бародари муаллифи Тазкира марҳум Бақохон мутахаллис ба Нодир мебошад. Тавсифи ҳунари хаттотии ӯ бо таобире дар абёти намакин аз қабили: мурғи хушилҳони бӯстони хирад, ухувватҷоҳ (ҷавонмардманиш), хушнависе, ки ҳуруфаш аз қалам бар рӯйи мистар чун гавҳари соф бар садаф резон, дар тадрис, шеър ва овардани шавоҳиди гуногун назмӣ бомаҳорат, дар кушудани уқдаҳои қатаоти назми муаммоӣ беҳамто, донандаи ҳамагуна анвои шеър қаламдод мекунад:
Ба бустони хирад мурғи хушилҳон,
Ухувватҷоҳ марҳуми Бақохон.
Ҳуруфаш аз қалам бар рӯйи мистар,
Фитодӣ бар садаф чун соф гавҳар.
Ба дарсу шеър аз амсол мумтоз,
Набуд андар муаммо бо вай анбоз!
Ба шеъри ҳар сифат, ҳар гуна қодир,
Ба ашъораш тахаллус буд “Нодир”.
Кашид аз ин ҷаҳон Авранги иқбол,
Ҳазору сесаду даҳ - ашри Шаввол...
(яъне дар соли 1310/1892 ,
дар даҳаи аввалои моҳи Шаввол дарузашт)
Абдуллоҳхоҷа Муфтӣ мутахаллис ба Таҳсин дар хушнависӣ, ба қавли Роҷӣ, раиси комилони даҳр аст, ки ба таҳсину офарини фозилон мушарраф гаштааст. Аз ҳар як ангушташ сад гуна фазлу ҳунар мерезад. Фаҳми қавӣ дошта рамузи хатту таҳрирро медонад. Дабиру шоиру маънишинос буда, камолоти ҷузъии бешумор дорад:
Раиси комилони даҳр таҳсин,
Ки дид аз фозилони шаҳр таҳсин.
Хаташ дар сафҳаи коғаз ҷавоҳир,
Зи ҳар ангушти ӯ сад фазл зоҳир.
Дабиру шоиру маънишинос аст,
Камоли ҷузъии ӯ беқиёс аст.
Ба шеър аз комилон яксар барад гӯй,
Ба бустони асолат сарви дилҷӯй.
Қавифаҳми рамузи хатту таҳрир,
Тасарруфманд дар тақриру таъбир.
Ба ҳар ҳирфа-ст чашми фитраташ боз,
Ба илми куллӣ аз он ҷумла мумтоз.
Роҷӣ, пас аз тавсифи ҳунари хаттотию фазоили дигари Мулло Хоҷа,
Мирзо Дабирии Каттақурғонӣ, ки (иттилоъ аз ҳошияи дастнавис) пас аз инқилоби коммунистҳо дар риёсати Ҷумҳурии Бухоро низ чанде ийфои вазифа кардааст, ба сифоти ҳамида ва ҳунарҳои нафисаи Ҳоҷӣ Ҳусайни Хатлонӣ, дурусттараш Кангуртӣ мепардозад:
Дигар з-ин фозилон Ҳоҷӣ Ҳусайн аст,
К-аз ӯ Хатлонзаминро зебу зайн аст.
Фариди рӯзгор он Хусрави пир,
Ки ангушташ қаламро карда тасхир!
Пайи тасвири нақши лавҳу паргор,
Надидам ҳамчу ӯ устоди пуркор.
Ба маснуоти хаттӣ турфа қодир,
Ба хатти сабъа, ҳар як хуб моҳир.
Ватанро дар сафар изҳори ҳубб кард,
Чу назди олимон хатми кутуб кард.
Пас аз авди (авдат, баргашт ) Бухоро шеър сар кард,
Ки фаҳмаш дар дили хоро асар кард.
Файз МАҲМУД.