(Ҳикоя)
(Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта).
– Раҳмат, – гуфт Зарнигор ба рухсораҳояш сурхӣ давида. – Ба як шарт мегирам, ки ин аввалину охиринаш бошад.
Суҳроб аз ин ҷавоб ба танг омада бошад ҳам, сир бой надод.
– Шумо ҳар чӣ гӯед, ҳамон, – гуфту гашти мошинро тезонд.
Аз ин туҳфа гӯё дар гӯ-шаҳои торики дили Зарнигор нур пайдо шуд, ӯро як кайфияти хуш фаро гирифт. Вақте ки бо дастаи гул ва шириниҳо аз дар даромад, модараш саволомез ба ӯ нигарист, ки маънои туҳфаҳо аз куҷоро дошт. Зарнигор аз рости фитнаангез гурехта, ҳамин қадар гуфта тавонист, ки як рӯз пеш дар корхона иди занонро пешвоз гирифтанд ва ба ҳар кадом гулу шириниҳо туҳфа карданд.
Он бегоҳ низ Зарнигор то дер хоб карда натавонист. Аз Суҳроб ва гапу калочаи мардум роҳи халосиро меҷуст. Фикр мекард, ки Суҳроб булҳавасӣ мекунад. Қавлу қарораш ҷиддӣ нест. Намедонад, ки ӯ зани бева аст. Чӣ хел мешавад, ки ҷавони хонадорнашуда бо зани бева издивоҷ кунад? Қарор дод, ки бо ӯ сахттар гап мезанад. Вале дар куҷо, чӣ хел ба ӯ ин ҳамаро мегӯяд?..
Рӯзе вақте ки Насибахола Зарнигорро ба хонаи кориаш хонд, дилаш таҳ кашид. Фикр кард, ки шояд кадоме аз гаппартоиҳои Суҳроб огоҳ шуда, ба роҳбари корхона расондааст. Беҷуръатона дари Насибахоларо кушоду салом дода даромад.
– Воалайкум салом, омадӣ, духтарам. Гӯш кун, ман аз кори ту хурсанд. Муяссар, ки бояд либосҳои дӯхташударо бо Сӯҳроб бурда ба дуконҳо тақсим мекард, ба кор наомад. Писарчааш касал шудааст. Имрӯз ин корро ту мекунӣ. Суҳроб раҳораҳ ҳамаашро мефаҳмонад.
Зарнигор вақте номи Суҳробро шунид, аввал дудила шуд, вале баъд фикр кард, ки вақти ҳамаро ошкоро гуфтан омад.
Чунин ба назар расид, ки Суҳроб аз чунин ранг гирифтани кор хурсанд аст.
Дар роҳ пеш аз он, ки Суҳроб чизе гӯяд, Зарнигор гуфт:
– Акаи Суҳроб, мошинро як муддат дар канори роҳ нигоҳ доред, гапам ҳаст.
Суҳроб мошинро нигоҳ дошту саволомез ба ҳамраҳаш нигарист.
– Донистаниям, ки шумо чаро аз паси ман чун соя мегардед? – сухан оғоз кард ӯ. – Маъшуқаро аз дигар ҷо ҷӯед... Маро ба ҳоли худ гузоред. Мардум чӣ мегӯянд? Агар аз паси ман гаштанро давом диҳед, дилатонро сахт меранҷонам.
– Зарнигор, шумо чиҳо мегӯед, – мисли мӯйи дами оташ дар худ печид Суҳроб. – Ман шуморо воқеан дӯст медорам. Мардум ҳар чӣ гӯянд, гӯянд. Шумо на маъшуқа, балки маҳбубаи ман ҳастед. Бовар кунед, сурататон ҳеч аз пеши назарам дур намешавад...
– Бас кунед, шумо ҳеч чизро намедонед!
– Медонам.
– Чиро медонед?
– Медонам, ки шумо ба шавҳар баромадагӣ... Инро апаи Муяссар гуфта буд.
– Агар донед, маро монед ба ҳоли худ. Дар куҷо дидаед ё шунидаед, ки ҷавони муҷаррад бо зани бева издивоҷ карда бошад? Нангу номуси мардӣ доред? Дар байни дӯсту душман чӣ хел сар бардошта мегардед?
– Барои ҳамин аз ман мегурезед? Ба ҳар ду гӯшатон шунавед, маро аз ин роҳ ҳеч кас гардонда наметавонад. Ман бо шумо зинда. Шумо намедонед, ки аз рӯзи омаданатон ба корхона орому қарорро аз даст додаам. Агар ба хонаатон хостгор фиристам, бовар мекунед?
Сухани охирини Суҳроб барои Зарнигор ғайричашмдошт буд. Ёрои сухан гуфтан намондаш. Ҳамин қадар гуфта тавонист, ки бояд зудтар ба корхона баргарданд. Раҳораҳ аз ҳар дар суҳбаташон қӯр хӯрд.
Зарнигор он рӯз бо хотири болида ба хона баргашт. Ин сухани Суҳроб дар паси гӯшаш пайваста садо медод: “Агар ба хонаатон хостгор фиристам, бовар мекунед?”
Рӯзи якшанбе садои занги дари хонаи Зарнигорино баланд шуд. Вақте дарро кушоданд, ду зани миёнасоли либосҳои нав дарбардошта бо бастаҳо вориди ҳавлӣ шуданд. Модари Зарнигор – холаи Маҳтоб “меҳмон атои Худо ” гуфту занонро хуш пешвоз гирифт. Вақте гирди хонтахта нишастанд, зани пеш ба хона даромада, ки калонсолтар менамуд, даст ба дуо бардошт: “Илоҳо, қадам расад, бало дур шавад. Хонаатон туйхона, муродхона шавад ”. Ҳама даст ба рӯ кашиданд. Баъди ҳолпурсии дуру дароз ҳамон зан гап сар кард:
– Холаҷон, шумо моро намешиносед, мо аз деҳаи ҳамсоя. Бо нияти нек ба хонаатон омадем. Худо ҳамаро ба орзуҳои некаш расонад. Дар хонаи шумо як ниҳоли гул будааст. Боғбони хонаи мо хоҳиш кард, ки ҳамон гулро ба боғамон кӯчонда барем. Шумо чӣ мегӯед?
Модари Зарнигор сари калобаро гум карда буд, ҳамин қадар гуфта тавонист, ки:
– Хуш омадед, меҳмонони азиз, нури дида тоҷи сар. Узр, намеранҷидагистед, дар ин замона «дил дили Зайнаб», бояд аз гул пурсем, ки ба боғи шумо рафтан мехоҳад ё не. “Ҷомаи бамаслиҳат кӯтоҳ наояд” гуфтаанд қадимиён. Мо маслиҳат кунем. Бояд гӯям, агар мақсад духтари мо Зарнигор бошад, вай дар қатори бевагон аст.
– Холаҷон, хабар дорем, – гуфт зани дуюм. – Мо набошад дафъаи дигар меоем. Дуруст гуфтед, «дил дили Зайнаб». Инро савдои умр мегӯянд. Савдои чизу чора дигар, савдои умр дигар. Шумо бо аҳли оила маслиҳат кунед.
Меҳмонон тараддуди рафтан доштанд, ки хоҳари Зарнигор бо як лаган оши палав ба хона даромад...
Баъди рафтани меҳмонон Зарнигор ба модар саргузашташро қисса кард. Гуфт, қарори Суҳроб ҷиддӣ аст. Вагарна хостгор намефиристонд. Ман – розӣ.
– Охир, духтарам, вай ҷавони муҷаррад, ту бева. Ҳеч наандешидӣ, ки чаро вай ин корро мекунад?
– Намедонам, оча, шумою падарам як бор ба раъям нигоҳ кунед. Ин тарафаш ҳар чӣ бодобод.
Дар тӯли умр ягон ҷавон дар дили Зарнигор ин хел нанишаста буд. Дилаш гувоҳӣ медод, ки ин бор хато намекунад...
Рӯзи сеюм нон шикастанд. Ташвишу тараддуди тӯй оғоз ёфт. Падари Суҳроб дар аввал нахост, ки зани беваеро келин кунад. Баъди пофишориҳои писараш розӣ шуд, ки дар тӯйхонаи маркази ноҳия дасторхони мурод орояд. Ҷавонон як рӯз пеш аз туй аз қайди никоҳ гузаштанд...
Иштирокдорони тӯй аз ҷавонон беҳтарин дархостҳояшонро дареғ надоштанд. Дар қатори дигарон роҳбари корхона Насибахола низ ба ҷавонон аз бахт тахт талабид...
Зарнигор бо ҳалолӣ, ширинсуханӣ ва ахлоқи ҳамидааш дар манзили нав низ обрӯ пайдо кард. Куртаҳои дӯхтаи ӯро хушдоман, хоҳаршӯ, ҳамсояю ҳамгузарон ва хешони дуру наздики хонадон бо қаноатмандӣ мепӯшиданд. Бобати дӯхтудӯз панҷ панҷааш ҳунар буд.
Арӯси нозанин баъди як сол дуқат шуд. Хурсандии аҳли оила ва падару модараш ҳадду канор надошт. Нафаскашии Зарнигор моҳҳои охир душвортар шуд, базӯр шишта мехест. Суҳроб ва модараш аз ҳоли ӯ хабар гирифта меистоданд. Бегоҳирӯзие Зарнигорро дард гирифт. Базӯр ба мошин шинонда ба зоишгоҳ бурданд. Дар зоишгоҳ вақте аз мошин фуроварданд, маҷолаш ба роҳ гаштан нарасид. Хоҳарони шафқат кати сайёрро омода карданд.
Зарнигор соати чори шаб дугоник – ду писарро бо азоби алим ба дунё овард. Ба дунё оварду аз ҳуш рафт. Табибон ҳама ба як пой истоданд. Яке ҳаво медод, дигаре сӯзандору мезад, сеюмӣ дасту пояшро масҳ мекард, чорумӣ ба хун гузарондан тайёрӣ медид. Хайрият, баъди чор соати часпу талоши духтурон Зарнигор чашмашро кушод...
Дугоникҳо – Ҳасану Ҳусейн ба хонадони падару модари Суҳроб ва Зарнигор нуру рӯшноӣ оварданд. Ҳама хурсандӣ мекарданд. Ҳамон рӯз ҳамшираи шафқат аз номи Суҳроб ба Зарнигор як сабад гули тару тоза армуғон овард.
Баъди як ҳафта Зарнигор ва дугоникҳоро аъзои оила, пайвандон ва ҳамсоягон бо тантана пешвоз гирифтанд. Модари Зарнигор духтарашро ба оғӯш кашида ашки шодӣ мерехт ва шукр мекард, ки Худо, баъди ин қадар ранҷу азоб ва маҳрумиятҳо, лутфу марҳаматашро аз ӯ дареғ надошт. Дар ин лаҳзаҳо бева будани Зарнигор ба гӯшаи хаёли ҳеч кас намеомад. Падари Суҳроб бештар аз дигарон хурсанд буд. Зарнигор хурсандии аҳли оила ва падару модарашро дида ғайриихтиёр дуои модари Сангинро ба ёд овард, ки гуфта буд: «Худо туро ба тахти бахт шинонад».
Саодат РӮЗИЕВА.