АФЛОТУНМИСОЛЕ АЗ БАЛДАИ ФОХИРАИ БУХОРОИ ШАРИФ

(Васфи баъзе хаттотони дигари Мактаби хушнависии Дониш дар «Тазкират-ул-хаттотин»-и Роҷӣ)

(Охираш. 
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Пас аз зикри хайри Ҳоҷӣ Мирзо Раҳматуллоҳи Огоҳ, ки вазифаи нозири Арки Бухороро  адо мекардааст,  Саъдуддин Авроқи Муштоқ, ки ба хатти аҷло маъруф буда дар девони макотиби Арк  шуғл доштааст, ҳаст:
Қависарпанҷатар дар хатти Аҷло,
Набошад ҳолиё андар Бухоро.
Мулло  Ориф Бобои Ирсӣ,  Қорӣ Шарифи хаттоту муҳркану лаввоҳу (мусаввири лавҳу наққошиҳо) заргар:
Ба фанни  заргарӣ мумтози аср аст,
Ба зоташ лоуболӣ гашта ҳаср аст;
Роҷӣ ба тавсифи фазоили ҳунарӣ ва илмии яке аз саромадони наҳзати ҷадидия, Мирзо  Муҳаммад Шариф Садри Зиё – қозикалони Бухоро валади қозӣ Абдушакур қозиюлқуззот мепардозад. Дар ҳошияи нусха роҷеъ ба Шарифҷон махдум Садри Зиё ин иттилоъ рақам хӯрдааст: “Баъд аз Инқилоби Кабир ҳам раиси Маҳкамаи шаръияи Бухоро буд”. 
Дар ин фан он, ки ӯ худ аҳли қадр  аст,
Ҳаме Мирзо Шариф Махдум Садр  аст.

Ба қавли муаллиф, қалам дар дасти Садри Зиё асби чапандозеро мемонад, ки дар майдони саҳифаҳо дар таку тоз аст — дар фасоҳату балоғат,  таснифи кутубу расоил ҳеҷ кас бар ӯ сибқат намегирад:
Қалам дар дасти ӯ ҳамчун чапандоз,
Ба майдони саҳоиф дар таку тоз!

Чу ояд маст дар майдони тақрир,
Ишороташ намегунҷад ба таҳрир.

Набошад андарин фирӯза соҳат,
Қаринаш ҳолиё андар фасоҳат!

Ҳама ашъори ӯ дархурди тавсиф,
Бувад ӯро ба маълумот тасниф.

Ба қаддаш рост дебои фазоил,
Шудӣ зоҳир аз ӯ хуш-хуш шамоил!
Дар Тазкира Мир Сиддиқхон Ҳишмат валади Саййид  Амир Музаффархон - ҷадди (бобои) Саййид Амир Олимхон (дар ҳошияи нусха: ки дар Мадинаи мунаввара вафот кардааст) бо ибороти обдори  шарҳиҳолии  маънавӣ,  аз қабили: фазоилмартабат, натиҷаи хонадони иззату давлат, зуфунуни замон,  сухандону сухангӯю  суханвар,  дар нашри сухан аз ҳама бартар,  ягонае дар қироату назму иншо, фариде дар улуми нуҷуму рамлу таъриху муаммо  мадҳу ситоиш ёфта, таъкид мегардад, ки ӯ, яъне Ҳишмати Бухороӣ, дар ҳар фан,  ба иттифоқи раъйи хосу ом,  камолоти тамом дорад: 
Фазоилмартабат Сиддиқ хонанд,
Ки бешакк зуфунуни ин замонанд.

Нитоҷи (натиҷаи) хонадони иззу давлат,
Ки бодо дур аз ӯ гарди мазаллат!

Сухандону сухангӯю  суханвар,
Ки кас андар сухан з-ӯ нест бартар!

Фарид андар қироат, назму иншо,
Нуҷуму рамлу таъриху муаммо.

Ба ҳар фан иттифоқи хосу ом аст,
Ки зоташро камолоти тамом аст!

Бувад ӯро ба фанни шеър эъҷоз,
Надидам дар фасоҳат бо вай анбоз.

Бувад ӯро ба маълумот тасниф,
Набошад зоти ӯ муҳтоҷи тавсиф.
Қозӣ Сабохон – хатиби  Масҷиди калони Бухоро аз зумраи дигар хушнависонест, ки дар ин китоб  чун навохони гулзори қироат, устоди хатти қадима, шогирди  мумтози  яке аз асосузорони фиқҳ Калободии Бухороӣ,  дамандози ирсӣ (яъне, мисли Мирзо Бедил касалмандонро бо ояҳои Қуръонӣ дам меандохтааст ва даво мекардааст) васф мегардад:
Ба гулзори қироат он навохон,
Нитоҷи бихрадон – Қозӣ Сабохон.

Дар ин фан бо ҷиҳоду бо машоғил,
Ба ҷидду ҷаҳд умре буд шомил. 

Ба ҷамъи хатти сарҳангони устод,
Зи устоди Калободӣ диҳад ёд.

Ба дилҷӯйӣ дамаш ирсиву ҳасбист,
Вале фанни қаламдастиш касбист.
Солеҳ Махдум мутахаллис ба Навҳа  аз он хушнависони Балдаи фохира аст, ки хаташ дар дилбарӣ дурри якторо шабиҳ аст; ӯ як умр дар кунҷи мадраса бо мавоизи суфта хушбаёнӣ мекардааст, зикр мегардад дар Тазкира:
Тахаллус “Навҳа” он махдуми Солеҳ,
Ки ҳаст аз фазл байни халқ возеҳ.

Кумийти хомаи ӯ бодпаймост,
Хаташ дар дилбарӣ чун дурри яктост!

Ба хатти ҳар равиш донову қодир,
Ба шеъраш ҳам хаёлотест нодир.

Қаландармашраб асту  бетакаллуф,
Зи хубон карда дунёро тасарруф.

Ба кунҷи мадраса бо хушбаёнӣ,
Намуда умр сарфи нуктадонӣ!
Мирзо Ғиёс Котиб Қозиюлқуззоти Бухоро дар китоб аз нажоди  муншиён, хаташ таълимӣ, софу равон ва дараҷаи баланди камолоташ ба баён на муҳтоҷ тавсиф мегардад:
Бувад Мирзо Ғиёс аз рӯйи инсоф,
Ба тақриру хат андархурди алтоф.

Зи бас дар асл худ муншинажод аст,
Батаъбир асту некӯ устод аст.

Хаташ “таълимӣ”-ю софу равон аст,
Камолоташ на муҳтоҷи баён аст.
Файз МАҲМУД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: