Латифаҳо

Хонаи шавҳар

– Дада, очаам хароб буд, акнун фарбеҳ шудааст.
– Писарам, ҳамаи занҳо ҳамин хеланд. То тӯяшон харобанд, то ки аз дари хонаи шавҳар даромадан барояшон осон бошад. Баъди тӯй фарбеҳ мешаванд, ки аз дар берун карданашон душвор шавад.

Хоби хуш

Ба пушт хоб наравед, ки ба шуш зарар дорад. Бо шикам хоб наравед, ки ба кори меъдаю рӯда халал мерасонед. Ба паҳлӯйи чап хоб наравед, ки дилро зер мекунед. Ба паҳлӯйи рост хоб наравед, ки ҷигарро зер мекунед. Ба шумо хоби хуш мехоҳем!

Киро дӯст медорӣ?

Мард барои паст кардани ғазаби ҳамсараш ба духтарчааш гуфт:
– Канӣ, дӯстрӯяки дадаҷонаш, ба ман гӯй, ки бештар падарат ё модаратро дӯст медорӣ?
Духтарча баъди каме таваққуф посух дод:
– Дадаҷон, ана ҳамон духтареро, ки шуморо дар ҷойи коратон бӯсиду ба ман ширинӣ дод, дӯст медорам.

Хӯҷаини хона

Марде маст ба хона омад. Ҳамсараш дар ошхона машғули зарфшӯйӣ буд. Мард ба рӯйи миз  мушт зада, садо баланд кард:
– Хӯҷаини хона кӣ? Ман ё ту?
Зан бе ягон гапи зиёдатӣ сатилро гирифта, ба сари ӯ зад. Мард беҳуш рӯйи фарши ошхона афтид. Дар ин ҳангом ҳамсоязан вориди хонаи онҳо шуда пурсид:
– Ҳамсоя, барои чӣ мардакатон дар фарши хона хобидааст?
– Хӯҷаини хона аст. Куҷоеро, ки маъқул донад, ҳамон ҷо хоб мекунад.

Таҳияи
 Далер АЗИЗОВ.

 

 

 

 

Рустами ВАҲҲОБ

РӮЗЕ, КИ...

Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки дасти сабзе боло бар осмонҳо,
Баҳри дуо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Кӯдак ба сар битозад бозору сӯйи мактаб,
Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки ағниёро касбе барои рӯзӣ,
Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки бевафоӣ қонуни ом гардад,
Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки одамият  боқӣ намонд – Олам –
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Бузургмеҳри БАҲОДУР

КӮДАКӢ

Кӯдакӣ бо зочаҳои хоҳари ман мондааст,
Кӯдакӣ дар хандаҳои додари ман мондааст.

Дар хаёлам бо садои кӯдаке тӯбаш ба даст,
Кӯдакӣ то ҳол дар пушти дари ман мондааст.

Хонаҳо месохтам аз лою хас, обаш рабуд,
Кӯдакӣ дар хонаи чашми тари ман мондааст.

Аз кабӯтарбозии мо бомҳо мешуд хароб,
Андаруни болишам танҳо пари ман мондааст.

Сад ҳавопаймо зи коғаз сохтам бо орзу,
Орзуҳои самоӣ дар сари ман мондааст.

Кӯдакӣ афсона буду дар китоби мо набуд,
Дар дилам афсонаҳои модари ман мондааст.

Ҳар саҳар оина расми пирии ман мекашад,
Кӯдакӣ дар боғи сабзи бовари ман мондааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: