Баъди бо иродаи сиёсии сарони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон боз гардидани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва ба тасвиб расидани ҳуҷҷатҳои созанда доираи ҳамкориҳои ду мамлакат хеле густариш ёфт.
Инак, шаҳрвандони ду мамлакат рафтуои озод доранд, корхонаҳои муштарак созмон дода мешаванд. Саъю кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки халқҳои мо беш аз пеш ба якдигар наздик шаванд.
Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба қаробати халқҳои мо оғоз бахшид. Як мисоли рӯшани по ба марзи амал ниҳодани муоҳида ва қарордодҳо байни кишварҳои мо кору фаъолияти густурдаи сафорати Тоҷикистон дар кишвари мост. Пӯшида нест, ки солҳои охир кормандони сафорат таҳти роҳбарии сафири донишманд ва хирадсолори он Абдуҷаббор Раҳмонзода ба мақсади таҳким бахшидани дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик аз шаҳру деҳоти тоҷикнишини ҷумҳурӣ дидан мекунанд, бо мардум мулоқот меороянд. Сафари сафир ба ноҳияи Риштони вилояти Фарғона, ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд, деҳаҳои кӯҳии навоҳии Форишу Нурато ва дигар мавзеъҳои кишвар пурбор буд.
Дар оғози фасли эҳёи табиат – баҳори нозанин аз инҷониб хоҳиш карданд, ки дар сафари сафири муҳтарам ба Самарқанди бостониву бӯстонӣ ҳамроҳӣ кунам. Вақте ба роҳ баромадем ҳаво абрӣ буд, сим- сим резаборони баҳорӣ боридан дошт. Дар роҳ ба мо раиси маркази тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов, ки як даста китоби “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Алишер Навоиро дар тарҷумаи устод Ҷонибек Қувноқ бо худ дошт, пайваст.
Бино ба барномаи пешбинишуда меҳмононро дар ҳокимияти шаҳр ҳокими ҷавон ва серғайрат Фазлиддин Умаров гарм истиқбол кард. Байни ҳоким ва сафир мулоқоти пурмуҳтаво сурат гирифт. Сафир барои пазироӣ арзи сипос намуд. Таъкид намуд, ки бо иродаи сиёсии сарони ду давлат созишномаҳои зиёде ба тасвиб расиданд, робитаҳои дӯстӣ ва иқтисодии кишварҳои ҳамҷавор таҳким меёбанд. Халқҳои мо аз ин мамнун. Мо дар ояндаи наздик байни шаҳрҳои Панҷакенту Самарқанд робитаҳои тиҷоратиро ба роҳ монданием. Ба ин мақсад бозори сарҳадие созмон доданӣ ҳастем. Агар фармоиш шавад, фикри харидории автобусҳои Самарқандро дорем, сайёҳиро ба таври густурда ба роҳ монданием, созмон додани корхонаҳои муштарак дар мадди назар аст. Соҳибкорони самарқандӣ метавонанд дар вилояти Суғд корхонаҳои муштарак созмон диҳанд. Ҳамкориҳоро дар соҳаи илм ва фарҳанг низ метавон густариш дод... Ин ҳама ба таҳким бахшидани дӯстии халқҳои мо мусоидат менамояд.
Ҳоким, баъди табрик бо оғози фасли баҳори нозанин, аз қаробати халқҳои мо сухан ба миён овард. Гуфт, ки мо робитаи тиҷоратию фарҳангӣ ва иқтисодиро бо ҳамаи шаҳрҳои Тоҷикистон таҳким бахшида, аз наздик ҳамкорӣ хоҳем кард. Сафорат дар робитаи байни ду мамлакат чун кӯпрук хидмат мекунад. Мо дар ин росто ба кумаки шумо умед мебандем...
Дар Маркази фарҳанги миллии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд, ки дар “Хонаи дӯстӣ” манзил дорад, сафирро раиси маркази номбурда, ҷавони кӯшову донишманд Акбар Маҳмудов, доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ, шоир Нормурод Каримзода ва дигар фаъолони марказ хуш истиқбол карданд.
Сафир дар гирдиҳамоӣ изҳор дошт, ки робитаҳои мо бо ибтикори сарони ду давлат густариш меёбад, ҳоло дар сарҳадҳои ду кишвар 17 гузаргоҳ боз шудааст. Сайёҳӣ ривоҷ меёбад. Аз Самарқанд дар муассисаҳои таълими олӣ 250 нафар донишҷӯён таҳсил мекунанд. Тавре, ки гӯштро аз нохун ҷудо кардан намешавад, халқҳои моро наметавон аз ҳам ҷудо кард.
Раиси марказ изҳор дошт, ки аҳли илму адаб, зиёиён ва аҳолии шаҳр аз ташрифи ҷаноби сафир хеле мамнунанд. Мо дар тӯли сӣ сол бори аввал сафири Тоҷикистонро дар Самарқанд мебинем. Дар кишвари мо 130 халқияту миллат, аз ҷумла тоҷикон, чун дар як оила ба сар мебаранд. Воқеан, робитаҳои фарҳангию иқтисодӣ байни Ӯзбекистону Тоҷикистон густариш меёбанд. Мардуми ҳар ду кишвар боз шудани гузаргоҳҳои сарҳадиро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд. Бисёр адибону ҳунарпешагон ба Самарқанд омаданд. Фикр мекунам, суҳбату мулоқот ва ҳунарнамоии онҳо ба қаробати беш аз пеши халқҳои мо мусоидат намуд. Аз он, ки мактабҳои таълими ҳамагонии тоҷикӣ ба китобҳои бадеӣ ниёз доранд, маркази мо бо ҳамкорӣ ва ҳамдастии кормандони “Овози Самарқанд” беш аз 80 нусха китоби адибонро интишор намуда, ба 50 мактаби таҳсилоти ҳамагонии вилоят тақсим кард.
Дар поёни мулоқот туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Сафир барои мактабҳои тоҷикӣ китоб армуғон кард.
Дар бинои наву замонавии матбуоти шаҳр, ки он ҷо се рӯзномаи даврӣ “Зарафшон”, “Овози Самарқанд” ва “Самаркандский вестник” кору фаъолият доранд, суҳбати хотирмон сурат гирифт. Меҳмонон аз осорхонаи муштараки рӯзномаҳо дидан карданд. Барояшон ташкили осорхона, ки аз таърихи матбуоти шаҳру вилоят нақл мекунад, писанд омад.
– Хуш омадед, ҷаноби сафир, ба Самарқанди бостонӣ. Рӯзномаи «Овози Самарқанд» таърихи 30-сола дорад, – изҳор дошт ҷавони чашмикордон, шоир ва сармуҳаррири “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонзода. – Бо саъю кӯшиши фаъолон ва дастгирии ҳокимияти вилоят ҳоло теъдоди муштариёни рӯзнома ба маротиб афзудааст. Мо бо дастгирии маркази фарҳанги тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят ва дигар такядорон таҳти унвони “Китобхонаи “Овози Самарқанд” ҳар сол чанд номгӯй китоб чоп мекунем, ҷашнҳои шоиру нависандагонро мегузаронем. Ба наздикӣ маҷмӯаи шеърии шоири шаҳиди тоҷик Ҳабиб Юсуфиро ба дасти чоп супурдем.
Раиси Иттиҳоди журналистони вилоят, шоир, нависанда, сенатор Фармон Тошев, ҷонишини сармуҳаррири рӯзнома Бахтиёр Ҷумъа меҳмони олиқадрро хайра мақдам гуфта, аз сафарҳои худ ба Тоҷикистон, дӯстиву ҳамкории аҳли сухан ва табодули саҳифаҳои муштарак дар матбуоти даврӣ сухан ба миён оварданд. Фармон Тошев изҳор дошт, ки имкони дар нашрияҳои Самарқанд ташкил додани сутуне таҳти номи “Муждаҳо аз Тоҷикистон” вуҷуд дорад...
Сафир аз истиқболи гарми ҳайати таҳририя арзи сипос намуд. Сипас аз қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек, таърихи робитаҳои адабӣ, ки аз кору фаъолияти ду симои бузурги адабиёт – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомию Мир Алишери Навоӣ маншаъ мегирад, ҳарф зад. Гуфт, ки бе мактабу рӯзнома миллат ташаккул намеёбад. Рӯзномаи “Овози Самарқанд” метавонад бо рӯзномаҳои даврии Тоҷикистон ҳамкориҳоро ба роҳ монад, саҳифаҳои муштарак созмон диҳад, имкон ҳаст, ки мо журналистони беҳтаринро ба узвияти Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон қабул кунем...
Рӯзи дуюми сафар меҳмонон аз мақбараи Амир Темур, мадрасаҳои Шердору Тиллокорӣ, Мирзо Улуғбек ва Хона-музейи устод Садриддин Айнӣ дидан карданд.
Мудири хона-музейи устод Айнӣ – Амриддин Пӯлодӣ, ки ба се забон – тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва русӣ балад буд, меҳмононро бо роҳи тайкардаи ҳаёти поягузори адабиёти навини тоҷик, яке аз асосгузорони адабиёти навини ӯзбек, Қаҳрамони Тоҷикистон, барандаи ордени “Буюк хизматлари учун” аллома Садриддин Айнӣ, ки ба бисёр адибону рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек ҳаққи устодӣ дорад, ошно намуд.
Хона-музей порае аз таърих аст, ки ҳар нигораи он ба имрӯзиён аз тарзи зиндагии гузаштагон нақл мекунад. Дар ин хона сандалӣ, палосу кӯрпача, дастхатҳо, аксҳои таърихӣ, қаламу сиёҳидон, портфел, мизу курсӣ, маҷаллаву рӯзнома, китобҳо, телефон, дивани куҳнасохт, офтобаву дастшӯй, сарпӯш, либосу пойафзор ва дигар ашё тарзи ҳаёти устоди суханро пеши назар меоваранд... Дар девори осорхона моро тақвими деворие мутаваҷҷеҳ сохт. Дар он, ки одатан ҳар варақашро баъди 24 соат, яъне як шабонарӯз даронда мепартоянд, рақами 10 майи соли 1953 ба назар мерасид. Бино ба гуфти мудир ин сана таърихи аз Самарқанд ба Душанбе рафтани устод будааст...
– Хона-музей дар тӯли кору фаъолияташ роҳи пуршебу фарозро пушти сар гузошт – изҳор дошт Амриддин Пӯлодӣ. – Чанд бор ба баҳонаи он, ки ба намои шаҳр халал ворид менамояд, ба дигар ҷо кӯчонданӣ шуданд...
Бо дастгирии роҳбари давлат Шавкат Мирзиёев он солҳои охир рӯйи таъмири ҷиддиро дид, пешайвонаш аз нав барқарор карда шуд.
Сафир дар Китоби хотираи Хона-музей соядаст гузошт. Ба Президент аз эътибораш ба Хона-музейи инсон ва адиби бузург арзи сипос намуд. Сипас оятеро аз каломи раббонӣ қироат намуда, ба рӯҳи пурфутӯҳи устоди сухан бахшид...
Меҳмонон ҳамон рӯз ба зиёрати мақбараи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки дар баландии хушбоду ҳаво бунёд гардидааст, рафтанд. Сафир, баъди гулгузорӣ ба қабр, оятеро аз каломи раббонӣ қироат намуда, ба рӯҳи шодравон бахшид. Гуфт, ки Ислом Каримов сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ буд...
Рӯзи сеюм ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, узви сенат, доктори илмҳои механика, профессор Рустам Холмуродов меҳмони олиқадрро хуш пазируфта изҳор дошт, ки дар донишгоҳ бино ба ихтисосҳои гуногун 10 гурӯҳи тоҷикӣ амал мекунад. Мо дар фикри бо кадрҳои баландмалака таъмин кардани ин гурӯҳҳо ҳастем. Ҳамкорӣ бо Тоҷикистон сол аз сол густариш меёбад.
Ректор лутф кард, ки ҷаноби сафир меҳмон нестанд, балки ба хонаи худ омадаанд, Самарқанд маркази фарҳанги тоҷикон низ ҳаст. Лутфи ӯ бамаврид буд... Ҷонибҳо доир ба густариши доираи ҳамкориҳо табодули афкор намуданд...
Сипас, дар толори факултаи биологияи донишгоҳ вохӯрии сафир бо аҳли илму адабу фарҳанг, санъаткорон ва донишҷӯён ба вуҷӯъ пайваст. Проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов оид ба корҳои байналхалқӣ, профессор Акмал Аҳадов ба маҳфили пуршукӯҳ ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба сафири Тоҷикистон дод.
– Одамони сарбаланди Самарқанди бостонию бӯстонӣ ба рушди адабиёту санъат, матбуот, таълими халқ, боғдорӣ, чорводорӣ, меъморӣ ва дигар соҳаҳои Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштаанд, ки дар саҳифаҳои таърихи мо бо ҳарфҳои заррин навишта шудаанд, – гуфт Абдуҷаббор Раҳмонзода. – Нахустин маҷалла ва рӯзномаҳои тоҷикӣ дар Самарқанд рӯйи чопро дидаанд. Шахсан мояи ифтихори ман он аст, ки рӯзгоре рисолаи номзадиамро дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд дифоъ намудаам. Ин аст, ки имрӯз маҳз аз ин мактаби олӣ дидан кардам.
Шайх Саъдии Шерозӣ фармудааст:
То мард сухан нагуфта
бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта
бошад.
Мо бо ҳамроҳии сафир то расидан ба Самрқанд чанд дарёро пушти сар гузоштем. Вале намедонистем, ки бо мо дарёи донишу фарҳанг ва шеъре сӯйи Самарқанди қандманд ҷорист. Ин дарё дуру гуҳарҳояшро ҳангоми суҳбату вохӯриҳо бо аҳли илму адаб ва фарҳанг дар партави чашми дилҳо бозтоб кард...
Дар гирдиҳамоӣ декани факултаи биология, профессор Азамат Пардаев, мудири кафедраи адабиёти Шарқ Ҷумъа Ҳамроҳ, шоира, роҳбари маҳфили адабии “Қофилаи Рӯдакӣ” Дилшоди Фарҳодзод, раиси бахши тоҷикии Иттиҳоди нависандагони вилояти Самарқанд шоир Асадулло Исмоилзода ва дигарон ба сухан баромада доир ба сиёсати дурандешонаи сарони ду кишвар муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида карданд. Гуфтанд, ки сафири томулихтиёри Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода дар роҳи амалӣ гардидани созишномаҳое, ки байни ду давлат ба тасвиб расида буданд, кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Муҳаррири маҷаллаи “Дурдонаи Шарқ” Асадулло Исмоилзода ба сафир шумораи нахустини онро армуғон кард...
Сафари кории сафири Тоҷикистон ба минтақаи озоди иқтисодии Ургут самарабахш буд.
Шоири шаҳири тоҷик Мирзо Турсунзода фармудааст:
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро
гум макун.
Самарқандиён ин панди устодро ба кор гирифта, сафирро дар ҳама ҷо гарм ба оғӯш гирифтанд.
Абдулло СУБҲОНОВ,
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигорони
“Овози тоҷик”.