МУБОРАКБОДИҲОИ САМИМӢ

Ба муносибати фарорасии ҷашни Наврӯз, ки рамзи баҳор, бедории табиат ва навшавӣ мебошад, ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз номи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, арбобони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ муборакбодиҳо мерасанд, ки дар онҳо орзуҳои самимии сулҳ, ба халқи сермиллати Ӯзбекистон некӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ ифода ёфтаанд.

Шарикони хориҷӣ дар паёмҳои табрикии худ комёбиҳо ва дастовардҳои бузургро дар татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозиҳо дар Ӯзбекистони Нав, ки ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, инчунин пайваста мустаҳкам гардидани нуфузи давлатамон дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудаанд, алоҳида таъкид мекунанд.

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат диҳед аз номи Ҳукумат ва мардуми Чин, инчунин шахсан аз номи худам ба Шумо ба муносибати иди анъанавии ӯзбекҳо – Наврӯз муборакбодии самимӣ изҳор намоям.
Ба қарибӣ мо 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байни Чин ва кишварҳои Осиёи Марказиро якҷоя ҷашн гирифтем. Дар ҳошияи маросими ифтитоҳи Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин, мо дар фазои дӯстона мулоқоти судманд анҷом додем ва ба тавофуқоти нав ҷиҳати амиқтар кардани равобити дуҷониба ва таҳкими сохтмони муштараки «Як камарбанд, як роҳ» ва ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди сирояти коронавируси COVID-19 расидем.
Ба рушди муносибатҳои Чину Ӯзбекистон аҳамияти бузург медиҳам ва омодаам бо Шумо барои таҳкими дӯстии анъанавӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани робитаҳои дуҷониба ба нафъи кишварҳо ва халқҳоямон саъю кӯшиши муштарак ба харҷ диҳам.
Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақиятҳои калон орзумандам!
Ба халқи дӯсти Ӯзбекистон бахту саодат ва шукуфоӣ орзумандам!

СӢ СЗИНПИН,
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба Шумо ва халқи Ӯзбекистон Наврӯзи гарму самимӣ таманно дорам. Ин рӯзи махсуси сулҳ ва навшавӣ барои ҳама аст ва имсол аҳамияти бузург дорад, зеро ҳар ду кишвари мо низ 30-солагии муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд.
Маъмурияти ман умедвор аст, ки дар соли оянда бо кишвари Шумо ҳамкорӣ кунад, то саъю кӯшишҳои бомуваффақияти моро дар мубориза бо пандемия, амиқтар кардани шарикии стратегӣ ва таҳкими амният идома диҳад. Мо бо камоли хушнудӣ саъю кӯшишҳои пайвастаи шуморо дар самти анҷом додани ислоҳоти иқтисодӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки барои боз ҳам ҷолибтар шудани кишвари Шумо барои сармоягузории ИМА мусоидат карданд, дастгирӣ мекунем.
Мо, инчунин кӯшиш менамоем ҳамкориро бо Шумо дар доираи раванди С5+1 дар дастгирии мақсадҳои муштараки минтақавӣ идома диҳем.
Наврӯз муборак бод!

Бо эҳтиром,
Ҷозеф Робинетт БАЙДЕН
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

***
Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Шумо ва ҳамватанонатонро ба муносибати ҷашни барои ҳамаи мо умумӣ – Наврӯз самимона муборакбод менамоям.
Ин ҷашни баҳорӣ, ки ғояҳои баланди ахлоқиро дар худ таҷассум намудааст, ба эҳёи рӯҳонӣ, сулҳу ваҳдат даъват менамояд. Бигзор ин Наврӯзи қадима гиромӣ дошта, ба давлатҳои бародарии мо шодӣ ва шукуфоӣ оварад.
Итминони комил дорам, ки ба шарофати саъю кӯшиши муштараки Қазоқистон ва Ӯзбекистон, иттифоқӣ, ки ба дӯстии мустаҳкам ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон бо суръат инкишоф меёбад.
Дар ин рӯзҳои фархунда, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо дар ҳамаи иқдомоти нек ба манзури пешрафт ва рушди устувори кишваратон комёбиҳои калон, ба халқи бародари Ӯзбекистон некӯҳолӣ ва шукуфоӣ таманно дорам.
Бигзор Наврӯз ба ҳар як хонадон файзу барака оварад!

Бо эҳтиром,
Қосим-Ҷомарт ТОҚАЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Шуморо самимона бо ҷашни Наврӯз муборакбод менамоям!
Наврӯз ҷашни бузурги бостонӣ буда, рамзи ниятҳои нек, умедҳои дурахшон ба оянда, тантанаи ҳаёту баҳор мебошад.
Итминон дорам, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи байни ду кишвар минбаъд низ дар рӯҳи дӯстии ҳақиқӣ ва ҳамсоягии нек амиқтар хоҳанд шуд.
Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбиҳои нав, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ орзумандам!

Бо эҳтиром,
Садир ЖАПАРОВ,
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Ба Шумо ва тавассути Шумо тамоми мардуми Ӯзбекистони дӯст табрику таҳният ва орзуҳои неки худро ба муносибати ҷашни анъанавии ниёгонамон – Наврӯз мерасонам.
Боиси хушнудист, ки Наврӯзи бостонӣ, ки имрӯз мақоми ҷашни байналмилалӣ касб кардааст, бо мазмуни амиқи маънавии худ ба манфиати инсоният хидмати худро идома медиҳад.
Дар шароити душвори иҷтимоию иқтисодӣ ва геосиёсии замони мо арзишҳои умумибашарии Ҷашни баҳорӣ, ки ормонҳои волои эҳё ва бунёдкорӣ, сулҳу оромӣ, дӯстиву ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ эҳтиром ва дастгирии ҳамдигарро таҷассум мекунад, аҳамияти махсус пайдо мекунанд.
Итминони комил дорам, ки муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар пайравӣ аз анъанаҳои неки Наврӯзи муборак дар оянда низ мувофиқи манфиатҳои бунёдии халқҳоямон рушду густариш хоҳанд ёфт.
Ба Шумо, муҳтарам Шавкат Миромонович, саломатии бардавом, хушбахтӣ ва муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу субот, беҳбудӣ ва шукуфоии рӯзафзун таманно дорам. 
Наврӯз муборак!

Бо эҳтиром,
Эмомалӣ РАҲМОН,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Ман шарафмандам, ки ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Ӯзбекистон ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрикоти самимӣ ва беҳтарин орзуҳои худро мефиристам.
Иди Наврӯз аз замонҳои қадим рамзи эҳёи табиат, тантанаи ҳаёт ва фарорасии баҳор мебошад. Ин ҷашн анъанаҳои меҳмондӯстӣ, сулҳҷӯёна, ҳамсоягии нек ва тамоюлҳои баланди инсонпарвариро дар худ фаро гирифта, дар таҳкими ваҳдат ва дӯстии байни халқҳо аҳамияти хоса дорад.
Бигзор ин иди фархунда барои шумо ва барои тамоми мардуми кишваратон бо шодиву сурур саодатмандӣ ва шукуфоӣ таҷлил гардад!

Бо эҳтироми амиқ,
Сердар БЕРДИМУҲАМЕДОВ,
Президенти Туркманистон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Муҳтарам Шавкат Миромонович!
Шахсан аз номи худам ва аз номи мардуми Озарбойҷон ба Шумо ва халқи бародари Ӯзбекистон табрикоти самимии худро ба муносибати ҷашни Наврӯз мерасонам.
Ин ҷашни баҳорӣ, ки табиатро бедор карда, ба мардум табъи тоза мебахшад, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ваҳдатро тараннум мекунад.
Итминон дорам, ки дӯстӣ ва ҳамкории байни Озарбойҷон ва Ӯзбекистон минбаъд низ мувофиқи иродаи халқҳои мо, ки ҳамеша арзишҳои аҷиби Наврӯзро қадр мекунанд, густариш ва таҳким меёбад.
Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо саломатии бардавом, дар фаъолиятатон муваффақият ва ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром,
Илҳом АЛИЕВ,
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ҷаноби олӣ, аҳли муҳтарами оила ва мардуми дӯсти кишваратонро бо фарорасии ҷашни Наврӯз, ки ба дилҳо хушнудӣ мебахшад, табиат ва кишвари маҳбубро эҳё менамояд, оғози соли нави ҳиҷрии 1401 аст, самимона муборакбод менамоям.
Наврӯз рамз ва таҷассуми тамаддун аст, ки бар арзишҳои парҳезгорӣ, муҳаббат ба хонавода ва сулҳу оромӣ асос ёфтааст. Паёмбари гиромии ислом (дуруд бар ӯву авлоди поки ӯ ва саҳобагони бузургаш) фармудаанд: «Чун баҳорро дидӣ, рӯзи қиёматро ёд кун».
Андеша кардан дар бораи бузургии офариниш ва таваҷҷуҳ ба дигаргуниҳои табиат ангезаи бедории рӯҳ, василаи ёди Худо, роҳи пешрафт ва баландшавии башарият мебошад. Шоири бузург Саъдии Шерозӣ дар сатрҳои худ ба қадри зебоии баҳору табиат даъват кардааст, ки аз нирӯи созандаи Худованди мутаол ёдоварӣ мекунад.
Умедворам, ки дар асри нави ҳиҷрӣ ҳаракат ба сӯйи арзишҳои олии илоҳӣ ва башарӣ суръат мегирад ва ин қарн барои тамоми мардуми муқими кишвари шумо рӯзҳои шодиву покизае чун Наврӯз, барои ҳамаи халқҳои минтақа сулҳу амонӣ ва якдилӣ оварад. Ҷумҳурии Исломии Эрон мутаъқид аст, ки таҳкими ин ҳамбастагии фарҳангӣ сулҳу оромии тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба вуҷуд меорад ва ба ин тартиб самимона дасти дӯстиро ба ҳамаи кишварҳо дароз мекунад.
Аз Худованди Мутаол хоҳонам, ки ба Шумо, Ҷаноби олӣ, саломатӣ ва комёбӣ, ба мардуми ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон саодат ва шукуфоӣ ато кунад.

Иброҳим РАИСӢ,
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.
Ҷаноби олиро самимона табрик гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва ба халқи Ӯзбекистон хушбахтӣ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро таманно дорам.
Мо Шуморо бо ҷашни Наврӯз самимона муборакбод гуфта, дар тамоми корҳоятон ба нафъи рушди кишваратон комёбиҳо таманно дорем. Бигзор ин сол барои Шумо ва халқатон соли некӣ, хушбахтӣ ва шодӣ бошад.
Мо мехоҳем Ҷаноби олиро бовар кунонем, ки дар нияти устувори мо ба қуллаҳои баланд баровардани риштаҳои дӯстӣ, бародарӣ ва шарикие, ки моро дар соҳаҳои гуногун ба манфиати халқҳои дӯстамон ба қуллаҳои нав муттаҳид мекунад, қарор дорад.
Ид муборак бод, Худованд нигаҳбонатон бод.

Бо эҳтироми самимӣ,
Шайх Муҳаммад бин Рошид ал-Мактум.
Ноиб-президент, 
Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб,
ҳокими Аморати Дубай

***

Ба Аълоҳазрат 
ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Шуморо бо Ҷашни бузурги Наврӯз самимона муборакбод менамоям.
Наврӯз яке аз арзишҳои қадимӣ аст. Бигузор ин ҷашни пур аз некӣ ба халқҳоямон беҳбудӣ ва хушнудӣ оварад, бародарӣ ва дӯстиро мустаҳкам гардонад. Ба ҳамоҳангии муносибатҳои байни Қазоқистон ва Ӯзбекистон баҳои баланд дода, ки аз ҳамоҳангии умумии маънавӣ, дастгирии тарафайн асос ёфтаанд, боварӣ дорам, ки рушди муназзами шарикии дуҷонибаи стратегӣ мамлакатҳоямонро ба комёбиҳои бузург меорад.
Дар ин лаҳзаи фараҳбахш, муҳтарам Шавкат Миромонович, ба Шумо ва аҳли оилаатон сиҳатии мустаҳкам ва беҳбудӣ, халқи бародари Ӯзбекистон шукуфоӣ ва хушбахтӣ таманно дорам.

Бо эҳтиром,
Нурсултон НАЗАРБОЕВ,
Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ

***

Ҳамчунин муборакбодиҳои худро инҳо ирсол намудаанд:
Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос,
Муовини Сарвазир, вазири корҳои дохилии Аморати 
Муттаҳидаи Араб Шайх Сайф бин Зоид ал-Наҳаён,
Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин,
Котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ 
Бағдод Амриев,
Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ 
Хусрав Нозирӣ.
Амвоҷи табрикот идома дорад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: