Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи оламафрӯз бо ташаббуси ҳокимияти ноҳияи Самарқанд чорабинии адабию фарҳангии «Вохӯрии се авлод» баргузор гардид.
Қабл аз суҳбат дар атрофи як пиёла чой барои собиқадорони меҳнат саёҳат ташкил ёфт, ки онҳо бо корҳои васеи бунёдкорӣ дар қаламрави ноҳия аз наздик шинос шуданд.
Ба пиронсолон маҷмӯаи бузурги сохтмон дар назди ҳавзаи қаиқронӣ, ки 8 меҳмонхона, толори анҷуманҳо, корвонсаройи «Шаҳри абадӣ», ки нусхаи шаҳрҳои бостонӣ асту анъанаҳои миллии меъморӣ, наққошӣ, санъати тасвирӣ ва ғайраҳоро инъикос мекунад, таассуроти калон гузошт.
Сипас, онҳо дар маросими кушодашавии бинои нави маъмурии маҳаллаҳои Қуштамғалӣ ва Қозиариқ ширкат варзиданд. Инчунин, боғҳои нави ноҳияро, ки дар асоси «макони сабз» бунёд шуда, ба 14 боғ пайваст гардидаанд, диданд ва ниҳолҳо шинонданд.
Дар тарабхонае дар деҳаи Хоҷа Аҳрори Валӣ базми ҷамшедӣ ба вуқуъ пайваст, ки вакилони се авлод ҷамъ омаданд.
Азизабону Зокирова ҳозиронро ба забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ хайра мақдам гуфта, бо Наврӯзи оламафрӯз табрик карду риштаи суханро ба ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов дод.
— Имрӯзҳо ҳамаи мо зери таъсири табрикоти самимона ва пурмазмуни сарвари давлатамон ба муносибати Наврӯзи Аҷам дар ин тарабхонаи бошукӯҳ ҷамъ омадем, – иброз дошт ҳоким, – ана чанд рӯз аст, ки бо фароғат истироҳат мекунему дар тадбирҳои гуногун дидор ба дидор мерасад. Далели фикри ман вохӯрии се авлод дар базмгоҳи мазкур аст.
Мақсад — насиҳату маслиҳати муфид ва пандомези мӯйсафедони табаррук, рӯзгордида, соҳибтаҷрибаро шунидан мебошад.
Сипас ягона иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Аҳадбобо Очилови 98-сола, раиси шӯрои ҷамоати «Нурониён»-и ноҳияи Самарқанд Саид Мардонов, мудири қабулхонаи Президент дар ноҳия Илҳом Муродов, раиси ҷамоати шаҳрвандони деҳоти Оҳалик А. Раҳматуллоев ва дигарон ба минбар баромада, доир ба сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи сарвари давлатамон ҳарф заданд.
Ба як гурӯҳ фаъолони гузару маҳаллаҳо ифтихорномаҳои ҳокимияти ноҳия ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Мутрибу ҳофизони номдори Самарқанд бо савту наво ва сурудҳои дилнишин табъи ҳозиронро болида сохтанд.
– Чорабинии адабию фарҳангии имрӯза, – гуфт шоир Нормурод Каримзода, – таассуроти калон гузошт. Беихтиёр шоҳбайти Хоҷа Ҳофиз ба хотир меояд:
Насиҳат гӯш кун, ҷоно,
ки аз ҷон дӯсттар
доранд,
Ҷавонони саодатманд
панди пири доноро.
Дар атрофи як пиёла чой сӯҳбати ниҳоят ҷолиби диққат ва хотирмон ба вуқӯъ пайваст, ки барои насли наврас панди пирон мебошад. Барҳақ гуфтаанд, ки:
Бе пир марав ту
дар амонӣ,
Гарчанд Сикандари
замонӣ.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.