(Порае аз қиссаи ҳуҷҷатӣ)
Мулло Султон ин суханҳои бойро шунида, хулосаҳои ӯро ба риштаи таҳлил мекашид. Ин дам бой боз лаҷоми суҳбатро ба даст мегирад:
– Ту гапҳои маро ба гӯшат гирифтӣ?
– Ҳа,–тасдиқ мекунад ӯ.
– Фаҳмида бошӣ, биё, бихез, ки роҳ хеле дур.
Ҳарду аз ҷой бармехезанд. Онҳо ба дунболи рамаи бузу гӯсфандон рӯ боло мераванд.
Рӯзи дигар, айни офтобшинам чаҳор тан даҳмардаи таҳамтан ба козаи онҳо меоянд. Ошнояш баробари дидани ин паҳлавонон онҳоро шинохта ва ба Мулло Султон мегӯяд, ки онон паҳлавонҳои номдоранд дар минтақаи Боботоғ. Аз рӯйи гуфтаҳои шиноси деринааш ин паҳлавонҳо зодаи Ховалинг буда, бобову бобокалонҳояшон ба ин диёр кӯчида омада, дар деҳаи Оқмасҷид, дар лаби дарёи Кофарниҳон сукунат ихтиёр кардаанд. Мулло Султон меандешид, ки чаро бой ба ин қарор омад? Агар ӯ дар ин набард ба ин паҳлавонҳо мағлуб гардад, ҳоли ӯ чӣ мешуда бошад? Ба ҳамин монанд суолҳои чигил ӯро ором намегузошт.
Рӯзи дигар ҳамроҳи бой боз чанд нафари дигар дар козаи даҳмардагон ғун мегарданд. Ҷойи гӯштиро низ аниқ мекунанд. Аз оғоз бой ба аҳли давра рӯ оварда иброз мекунад, ки гӯштиро оғоз карданианд, боз киро интизор хоҳем шуд. Яке мегӯяд:
– Ҳама сарҷамъанд.
Нахуст ҷавонмарди паҳлавонеро ба давра мехонанд, ки тану басташ ба ӯ қариб баробар буд. Давра хурд буд, нафарон чандон зиёд набуданд.
Ин паҳлавон ба давра баромада, дар назди бой ва чанд одами ношинос менишаст. Касе бо овози баланд мегӯяд, ки оё байни ин паҳлавонон ҷоизае монданд ё не.
– Албатта, – тасдиқ мекунад бой дар ҷавоб.
– Байни ин ҳар ду паҳлавонон шишаке мондем,– бо овози баланд садо мекунад ӯ.
Мулло Султон ба давра дохил гашта, ба рақиби хеш салом арз мекунад. Ҳарду аз аҳли нишаст дасту дуое гирифта, аз ҷой бармехезанд. Онҳо давраро гирд мегарданд.
Мулло Султон панҷаи ҳарифи хешро маҳкам дошта ӯро ба ҷониби хеш наздик мекашад. Ин дам пайте ҷуста, пойи росташро морвор ба пойи ӯ печонида ҷуссаи ӯро ба самти чап мегардонад. Паҳлавон рост бо тахтапушт ба замин меафтад, аз замин хоку чанг ба ҳаво мехезад.
– “Ҳалол, ҳалол”,– гуфтани аҳли давра ба гӯшаш чун барқ мерасад. Паҳлавони мағлубгашта дасти Мулло Султонро фишурда, аз давра берун мешавад.
Дартоз паҳлавони дигар ба паҳлӯи Мулло Султон қарор мегирад. Ҳарду аз аҳли давра фотеҳа гирифта аз ҷой бармехезанд. Давраро ду бор гирд мегарданд. Дар ин набард Мулло Султон он амали гӯштингирии хешро ба кор намебарад. Қувваозмойии нахуст натиҷа намебахшад. Дар навбати дуввум рақибашро ба як паҳлӯ меафтонад. Дар навбати сеюм пайт ҷуста гиребони ҳарифашро маҳкам дошта, пойи рости хешро каме хам карда, ӯро ба тахтапушташ гирифта, ба замин сарозер афтонида, ҷуссаи ӯро ба замин пахш мекунад, паҳлавон маҷоли ҷунбидан намекунад. Ғиреви овози “ҳалол, ҳалол”-и аҳли нишаст дар кӯҳҳо акси садо медиҳад. Паҳлавонҳои саввум ва чаҳорум рӯйи рост даст боло карда, мағлубияти хешро ба ҳамагон изҳор мекунанд. Гӯштингирӣ бо зиёфату гӯштхӯрӣ анҷом меёбад. Ҳама аз пайи кори хеш мераванду Мулло Султон аз бой сурати ин ҳолро мепурсад. Ин суол бойро дар банди андешаҳо меандозад ва чанде нагузашта сабаби омода кардани чунин тадбирро шарҳ медиҳад.
– Писарам, оё медонӣ, ки чаро даҳмарда мехонанд рамабонро? Агар чӯпон зӯру тавоноии даҳ мардро надошта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ аз ӯҳдаи пойидани рама нахоҳад баромад. Мо туро санҷидем. Кунун аз худ итминон ҳосил кардем, ки ба ин кор қувваи бозуят кифоят мекардааст. Мо бе чуну чаро ба ту пойидани як рамаро месупорем.
Бой каме таваққуф карда афзуд:
– Писарам, фаромӯш набояд кард, ки пойи гӯсфанд мисли худаш сахт аст. Даҳмардагӣ ҳалолӣ, покизагиро тақозо дорад. Соҳиби ин касбу кор агар ба ин амалҳо риоя накунад, заҳматҳояш самар нахоҳанд дод. Рафиқат мегӯяд, ки ту як ҷавонмарди худотарсу баорӣ. Панҷ вақт намоз мехондаӣ. Баробари шунидани ин гуфтаҳо эътиқоди банда ба ту афзуд.
Бад-ин тариқ Мулло Султон дар ин мавзеи афсонавӣ шаш сол рамаи бойро бекаму кост мепояд. Бой Мулло Султонро фарзандвор дӯст медошт. Шумораи рамаи ӯ хеле зиёд гашта буд. Соли ҳафтум дар ин минтақа хушксолӣ мешавад. Аз осмон наме намечакад. Аз замин алафе сар боло намекунад. Мол харобу хаста мегардад. Бой чанд нафар хидматгори хешро ба водии Қаротегин мефиристад. Гӯё дар адиру даштҳои ин мавзеъ борон борида алафи зиёд шуда бошад. Бо нишондоди бой рамаи Мӯсақул ва ӯро якҷоя карда ба водии Қаротегин меоранд. Гуфтаи ҳолдонҳо рост меояд. Рамаро чаҳор тан даҳмарда бо навбат мепоид. Боре Мулло Султон барои хариди хӯрока ба Қаротегин меояд. Дар роҳ ба ришсафеди нуроние рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ шабеҳи падараш буд. Бо мӯйсафед дурудароз суҳбат меороянд. Пас аз шиносоӣ ӯ ба вай мегӯяд, ки ту марди мусофирӣ, аз дину диёнат огоҳ будаӣ. Аз ин рамапойӣ туро фоидае нест. Беҳтараш ба назди мо биёву хон, илму амалатро такмил деҳ, писар.
Ин гуфтаҳои мӯйсафед ба вай таъсири амиқ мерасонад. Раҳораҳ дар банди ин хаёл меандешид, ки чӣ бояд кунад? Бо бой дар ин хусус гуфтугӯ бояд кард, изҳор менамояд Мулло Султон.
– Ҳалли ин корро ба дӯши ман вогузор, – изҳор мекунад мӯйсафед.
Онҳо дар сари ин гуфтугӯ бо ҳам ҷудо мешаванд. Бобо ба ҷониби хонаи хеш, Мулло Султон ба ҷониби козаи даҳмардагон мераванд. Чанд ҳафтаи тӯлонӣ бойро интизор мешаванд. Чун бой ба Камароб мерасад, ӯ ин хабарро ба мӯйсафеди нуронӣ мерасонад. Суҳбати ҳарду тӯлонӣ мешавад. Ҳаққи хидмати ӯро дар шоҳидии ин мӯйсафед мепардозад бой ва ӯро аз даҳмардагӣ озод мекунад.
Азбаски қобилияти модарзодӣ аз азал ба Мулло Султон ёр буд, муддати кӯтоҳе чандин китобро хатм карда, ба қироати Қуръони Карим камар мебандад. Дар мутолиа ва аз бар кардани ин китобҳо ба азобҳои сахте сар ба сар шуда бошад ҳам, сабру таҳаммули зиёд, фурӯтанӣ, солории вай дар ин ҷода фоидаи зиёд мебахшад. Ҳамин зайл чаҳор сол таълим мегирад дар назди ин мӯйсафеди нуронӣ. Баъдтар бо ҳидояту маслиҳати ин мулло ду сол дар назди пири ин водӣ – Эшони Абдураҳмонҷон, ки дар Қалъаи Нав будубош дошт, таҳсили хешро идома медиҳад. Дар баробари таҳсили илм ӯ ба корҳои рӯзгори устодаш: ҳезумғункунӣ, алафдаравӣ кӯмак мерасонид. Ҳамроҳии ӯ мунтазам дар тӯю сур ва дигар маъракаҳо ширкат меварзид. Дар чандин маъракаи гӯштингирии ин музофот даст боло мешавад.
Боре Мири Қаротегин ба қарияҷот дарак медиҳад, ки иди Наврӯзро якҷоя таҷлил карданианд. Дар ин ид иштироки ҳамагонро дархост мекунад. Дар қатори камаробиҳо ба иди Наврӯз меояд. Мусобиқаи гӯштингирӣ оғоз мешавад. Камаробиҳо мегӯянд, ки ту бояд аз ҷониби аҳли деҳа бо паҳлавони мир ба набард бароӣ. Не гӯяд ҳам, ҳама ба ҷону ҳолаш намонда, ӯро ба давра мекашанд. Паҳлавони мирро бе ҳеҷ мамоният ба замин хобонида, соҳиби ҷоиза мегардад. Чун ба Камароб меоянд, аз ин ҳодиса устодаш бохабар гашта, изҳори норизоӣ баён мекунад.
– Писарам, ту кори хуб накардӣ. Набояд фаромӯш сохт, ки ту мулло ҳастӣ. Сониян, пеш аз ҳама як марди мусофирӣ дар ин манзилу макон. Агар дар гӯштингирӣ ғолиб оӣ олам гулистон аст, агар комёб нашавӣ, дилшикаста хоҳӣ гашт. Туро ҷоиз нест, ки бо ҳар касу нокас гӯштин гириву обрӯйи хешро резонӣ. Пас аз ин гуфтугӯ Мулло Султон аз устоди хеш узр пурсида, ваъда медиҳад, ки ин корро такрор нахоҳад кард.
Баъди як соли ин воқеа дар ҳамин айём як гурӯҳ навкарони мир ба суроғи Мулло Султон ба деҳаи Камароб меоянд. Мегӯянд, ки дар Ҳисори Шодмон подшоҳи Бухорои Шариф ба мардуми ин диёр Гули Сурхро (Наврӯзро) таҷлил карданист. Дар ин маъракаи бошукӯҳ паҳловонҳои зиёд омада, гуштӣ хоҳанд гирифт. Мулло Султон бояд дар ҳамоиши тантанавӣ бо паҳлавонҳо гӯштин гирад. Устоди ӯ ҳарчанд ба навкарони мир мефаҳмонад, ки ӯ паҳлавон нест, танҳо муллое ҳасту халос. Навкарон ба зӯрӣ ӯро ба Қаротегин бурданӣ мешаванд. Онҳо ба гапи мулло эътибор надода, истодагарии сахте нишон медиҳанд.
Ноилоҷ Мулло Султон ба ҳамроҳии навкарон ба даргоҳи мири Қаротегин меояд. Баъди як рӯз бо ҳамроҳии одамоне, ки дар ин ид иштирок мекунанд, ҳамроҳ ба ҷониби Ҳисори Шодмон роҳ мегиранд. Дар назди қалъаи Ҳисор бо шукӯҳу ҳашамати бисёр, баҳри таҷлили ин ид одамони зиёде гирд омада буданд. Мардуми аз роҳи дур омада, дар гирду атрофи қалъа манзил гирифта, оғози ин иди бузургро интизор буданд. Маросими гӯштингирии Гули Сурх оғоз ёфта буд. Сарвари давра аз як гурӯҳ мӯйсафедон дуои хайр гирифта, наврасонро ба гӯштингирӣ даъват мекунад. Наврасон бо шавқу завқи зиёд гӯштин гирифта, таъби аҳли давраро ба хурӯш меоварданд. Ба калонсолон низ навбат мерасад. Чанд тан паҳлавони аз музофотҳои дур омада, маҳорат ва мардонагии хешро ба аҳли давра намоиш медиҳанд. Пас аз ин қувваозмоии гӯштингирон сарвари давра бо овози баланди ҷарангдор ба ҳозирин муроҷиат мекунад:
– Нашунидем нагӯед, эй мардум. Ба давраи Ҳазрати Алӣ паҳлавони номии олампаноҳ Саидамир Олимхони соҳиби ин мулку макон, Мираҳмади Зӯровар ба гӯштӣ мебарояд. Дар ҳеч замон ва дар ҳеч макон пушти ин таҳматан заминро надида. Барояд, кадомин зӯроваре бошад, ба набарди ин паҳлавони овозадор. Ин лаҳза ба гӯши сарвари давра навкаре омада мегӯяд. Боз овози сарвари давра дубора баланд садо медиҳад:
– Эй аҳли муслимини Ҳисори Шодмон, эй аҳли ин диёри афсонавӣ, бишнаведу ба гӯш гиред? Дар набарди паҳлавони олампаноҳ, аз водии Қаротегин, паҳлавони мусофир, муллои мусофир дар талаб будааст. Мо ин паҳлавони овозадорро ба давра мехонем. Мулло Султон чун ин ҳарфу ҳиҷоро аз даҳони сарвари давра шунид, тану ҷонаш аз ғояти дарде ларзид, ноаён аз дидагонаш ашк дона-дона ба рухсораҳояш рехта, ба анбӯҳи риши дарозаш нопадид гардид. Фурсат танг, осмон баланд, замин сахт. Сарнавишти талху шӯри хешро ба ёд овардан фоидае надошт. Бо як нерӯи қавӣ ҳолати хешро дубора барқарор карда, аз ҷой бардам бархост.
Босалобат пайкари рустамонаашро мисли кӯҳи Чӯлбаир баланд бардошта, ба давра ворид мегардад. Дидагонаш гӯё ҳеч чизеро намедид. Паҳлавони подшоҳро салом арз карда, ба дунболи ӯ қадам мениҳад. Ба худ омаду нигоҳаш ба гурӯҳи мӯйсафедоне бархӯрд. Пеши онҳо дузону нишаст, мӯйсафеде боэҳтиром аз ҷой бархоста ӯро ба оғӯш кашида барояш дуое дод. Боз овози марғуладори сарвари давра ҳуши одамонро ба худ овард.
– Эй мардум, нашунидем нагӯед, дар набарди паҳлавони олампаноҳ Саидамир Олимхон – Муҳаммади Зӯровар, паҳлавони “муллои мусофир” аз водии Қаротегин баромада. Ба ин ду шаҳсутуни давра, дуои шуморо мехоҳем. Ҳама ба ҳар ду паҳлавонони таҳамтан дуое медиҳанд. Чун ин ҳарфу ҳиҷоро аз забони сарвари давра дубора бишнавид, гӯё боз ҳамон дарди чанд лаҳза таскинёфтааш бедор гашта, ба ҷонаш чун сӯзон мехалид. Барқсон оби дидаашро пок сохта, қомати худро баланд мегирад. Паҳлавони подшоҳ пешрӯ, ӯ ба дунболи вай мерафт. Давра ба назараш гирдгардон буд. Хомӯшии гароне ҳукм мекард. Гӯшу ҳуши ҳамагон ба онҳо буд ва ҳар як ҳаракаташон аз мадди назар берун намемонд. Паҳлавони подшоҳ дар ҷояш истода, бо Мулло Султон рӯ ба рӯ омада, гиребони рақибашро оҷилан маҳкам медорад. Мулло Султон низ ноаён миёнбанди ҳарифашро маҳкам дошта, дар байни пойҳояш чил меандозад. Паҳлавони подшоҳ ин дам аз ин ҳуҷуми ногаҳонӣ ба таҳлука афтода, зӯр мезад, ки пойҳои бандафтодаашро аз пойҳои рақибаш раҳо созад. Ин ҳарбу зарб бенатиҷа анҷом меёбад. Аз ҳам ҷудо мегарданд онҳо. Яке пешрӯву дигаре аз дунбол қадам мениҳоданд. Набарди навбатӣ оғоз меёбад. Ин бор Мулло Султон бо як нерӯи рустамона ду банди ҷомаи ӯро маҳкам дошта, пойи рости хешро каме хам карда, тану тӯши ӯро чун ҷуволи бордор бемайлон ба тахтапушт гирифта, яку якбора ба замин пахш мекунад. Рақибаш аз фишори сахту сангин ба ҳеч ҷониб ҷунбида наметавонад.
– “Ҳалол, ҳалол”, — дод задани мардум замину замонро ба ларза меовард.
– «Офарин, муллои мусофир! Офарин паҳлавони мусофир»,-гӯиҳо ба давра ғулғула афканда буд.
Ҳама ҳайрон, кунун чӣ мешуда бошад гӯён, ба якдигар бо тааҷҷуб нигоҳ мекарданд. Мулло Султон оҳиста аз дасти паҳлавон гирифта, ӯро аз замин мебардорад. Паҳлавон ғайриихтиёр, мардонавор Мулло Султонро ба оғӯш кашида, ба тахтапушташ самимона ду се бор тап-тап зада ба аҳли давра рӯ меорад:
– Ҳалолаш бод ин паҳлавонро, маро ҳеч кас то ба ин рӯз, ба ин усул тахтапуштамро ба замин хам накарда буд, – гӯён аз давра берун мешавад.
(Давом дорад).
Нуралӣ РАҶАБ.