МУЛЛОИ МУСОФИР

(Порае аз қиссаи ҳуҷҷатӣ)

(Давомаш. 
Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
(Порае аз қиссаи ҳуҷҷатӣ)

Боз нидоҳо дар давра баланд мешуд. Мӯйсафедон Мулло Султонро халқасон ба гирди худ гирифта, дам ба дам ба оғуш мекашиданд, ашк мерехтанд. Оби дидаи ӯ низ ба оби дидаи мӯйсафедон гӯё ҷӯр гашта буд.
Ғолибияти Мулло Султон ва мардона тан гирифтани паҳлавони подшоҳ дар қаламрави Қаротегину Бадахшон, Ҳисору Сурхон овозаву дарвоза мешавад. 
Баъди панҷ моҳи таҷлили Гули Сурх, Мулло Норбой амакбачаҳои хеш –  Шайдамбою Одинабойро барои харидани биринҷ ба Регар мефиристанд. Пас аз бозорӣ Шайдамбой ба мақсади харидани чанд кулча  нон ба назди нонвое меояд. Мебинад, ки чанд тан машғули чойнӯшӣ ва яке навбати сухан надода, нақл мекард, ки гӯё қиблагоҳаш дар Наврӯзи подшоҳӣ иштирок карда будааст. Дар ин маърака паҳлавони мусофир, паҳлавони подшоҳро чунон ба тахтапушташ меафтонад, ки даҳони ҳама аҳли нишаст воз мемонад. Мағлубиятро мардона тангирии паҳлавони подшоҳ одамонро ба ҳайрат меорад ва ба ӯ аҳсанат мехонанд. Шайдамбой саросема аз ин ҷавонмард мепурсад:
– Паҳлавони мусофир аз кадом музофот будааст, додар?
– Ака, ман намедонам, ин гапро аз даҳони қиблагоҳам шунидам.
– Тантанаи Гули Сурх дар куҷо баргузор гашта будааст?
– Дар Ҳисори Шодмон.
– Ту аз куҷоӣ?
– Аз Хонақо. 
Шайдамбой ҳайрону парешон чанд кулча нонро харида ба назди Одинабой меояд. Буду шуди ин нақлро ба ӯ қисса мекунад. Одинабой низ дар ҳайрат монда мепурсад.
– Паҳлавони мусофир, муллои мусофир гӯён сарвари давра муаррифӣ мекунаду наход номи ӯро ба забон наоварда бошад? Дубора мегӯяд:
– Дар ин бора бояд мепурсидед, ака? 
– Пурсидам,– мегӯяд Шайдамбой. Ва боз илова мекунад.
– Ӯ ин тафсилотро аз даҳони қиблагоҳам шунидам гуфт.
Одинабой каме сукут варзида, якуякбора ба Шайдамбой рӯ меорад.
– Шояд Мулло Султон номи худро аз дигарон пинҳон дошта бошад?
– Э, намедонам, чӣ бояд кард,–  дар ҳоли сардаргириҳо Шайдамбой маҳзун чӣ гуфтани хешро намедонист.
Одинабой гӯё ин лаҳза ба ёдаш чизе расида бошад, барои таскини Шайдамбой меафзояд: 
– Ака, ғам нахӯред. Ана мебинед, ин паҳлавон Мулло Султон аст.
– Эҳ Худо, наход дар ин шонздаҳ сол як бор ёди падару модар, ёру бародар накунӣ? Ба ту чӣ шуда бошад? Наход, раҳме надошта бошӣ, Мулло Султон!
Ба Дарбанд расида ин воқеаро як ба як нақл мекунанд. Мулло Норбой баъди шунидани ин хабар дар ҳоли гиря ба ҳарду бо дарду алам менигарад:
– Гапи Одинабой рост, ин паҳлавон Султон аст. Хайрият, даракаш пайдо шуд. Паҳлавони мусофир гӯён эълон карда бошад, худи ӯст. Каси дигаре нест. Дилам гувоҳӣ медиҳад, ҷигарбандонам, гӯён аз дидагонаш ашки талх ба рухсорааш мерезад. Мулло Норбой боз ашкрезон бо як авзои парешон, дардҳои пешини хешро ифшо мекунад.
– Дилам хун шуд, дар фироқи ӯ. Ҷигарбандон, бояд тадбире ҷӯем. Шонздаҳ сол боз хӯрдагиям заҳру пӯшидагиам кафан аст. Ба ҳар касе, ки рӯ ба рӯ оям, дараки ӯро мепурсад. Одамон мегӯянд, ки “Мулло Норбой, шумо воқеан дилу гурдаи бузург доштаед. Наход дар тӯли ин қадар солҳо як бор дараки ӯро наёбад”.–Ин гапҳоро мешунаваму тамоми вуҷудам гӯё оташ мегирад.
– Агар розӣ бошетон, баъди ду ҳафта ба ихтиёри шумоён ду аспи бедав ҷудо мекунам. Тӯшаи роҳ низ ҳамроҳ гирифта, ба Ҳисор рафта аз кӯҳансолоне, ки дар ин маърака ҳозир буданд, дараки ӯро пурсуҷӯ мекунетон. Илоҷе надорем, ҷигарбандонам. Дар байни мардум шармандаву шармсор шудем, гӯён боз доду фиғон мекунад мӯйсафед.
Онҳо баъди ду ҳафта ба роҳ мебароянд. Аз кӯҳи Боботоғ гузашта лаб-лаби дарёи Кофарниҳон аз он ҷо рост ба Қалъаи Ҳисор меоянд. Шабро дар ин ҷо рӯз карда, саҳарии солеҳон ба масҷид меоянд. Пас аз адои намоз аз мӯйсафедон дараки  Мулло Султонро пурсуҷӯ мекунанд. Мӯйсафеде, ки худ тамошобини таҷлили Гули Сурх будааст, тафсилоти воқеаро ба ҳарду нақл мекунад, ки ин паҳлавон аз водии Қаротегин будааст. Ман ин гапро аз забони сарвари давра шунидам. Сарвари давра паҳлавони мусофир, муллои мусофир гӯён чанд бор ин гапро такрор намуд. Вале номи ӯро ба забон нагирифт. Вақте ки ин нидоҳо аз ҷониби сарвари давра баланд садо дод, паҳлавон кӯдаквор гиря кард. Ӯ як марди болобаланд, кифту бозуи рустамона дошт. Риши ғуллияш ба худаш мезебид. Ба назди мо мӯйсафедон омада дуо ҳам гирифта буд ин паҳлавон. Онҳо музтариб монда чӣ кор кардани хешро намедонистанд, хомӯш, сухане намегуфтанд. Ин дам мӯйсафед мегӯяд:
– Дар таги поятон аспи бедав бошад, боз чиро андеша мекунед.
(Давом дорад).
Нуралӣ РАҶАБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: