Ба таҷлили ҷашни Наврӯзи олам омодагӣ мегирифтем, ки рӯзе ба телефонам касе аз рақами ношинос занг заду онро набардошта, зуд хомӯш гардид.
Вақте баргашта занг задам, аз он тараф овози андак марғуладор, вале шиноси ҳамсабақи донишгоҳиям Муҳаммадсодиқ ба гӯш расид.
Баъди гуфтугӯйи андак ӯ ба сари мақсад гузашт ва гуфт: «Нақша дорем, ки рӯзҳои наздик ҳамкурсон дар сари хони наврӯзӣ вохӯрем».
Дар дил дигарбора меҳри дӯстӣ ва бародарӣ боло гирифт. Охир, онҳо пайки хуш мерасониданд. Хоҷа Ҳофиз хеле хуб фармудааст:
Он пайки номвар,
ки расид аз диёри дӯст,
Овард ҳирзи ҷон зи
хати мушкбори дӯст.
Дар ин байн ман шиносномаи нав барои ба хориҷа баромадан гирифтам. Барои дидору вохӯрӣ бо ҳамкурсон (хатми соли 1997-и риштаи рӯзноманигории ДМТ), ки ба рӯзи 26-уми март пешбинӣ гардида буд, озими Душанбешаҳр шудам.
Онҳо беист мепурсиданд, ки оё меоӣ, омада истодаӣ? Зинҳор биё, ки мо муштоқи дидори якдигарем!
Бисту панҷ сол ба гуфтан осон. Охир тайи ин қадар солҳо як насли нав ба камол расид. Бархе аз ҳамсабақон соҳиби набераанд. Рӯзҳо зудгузаранд. Бале, ба қавле умр барқосо мегузарад:
Сабо, агар гузаре афтадат
ба кишвари дӯст,
Биёр нафҳае аз гесӯи
муанбари дӯст...
Роҳи дуру дароз ба назар зуд тай шуд, ба Душанбешаҳр – пойтахти тоҷикон ҳам расидам. Аввал ба манзили устоди равоншод, фарзанди фарзонаи диёр Пайванди Гулмурод рафтам, пайғоми ҳамдиёронро ба аҳли оилаи шодравон расонидам. Ҳамроҳи фарзанди хурдиашон Ардашер ба зиёрати марқади устод рафта, ояте аз Қуръони маҷид тиловат намудем. Худо раҳмату мағфират кунад, ёдашон гиромӣ бод. Инсони самимиву меҳрубон буданд. Дилҳо реш-реш мешавад, баъди ба хотир овардани фазилатҳои ҳамидаашон...
Дар кӯчаву гулгаштҳои Душанбе гаштугузор намуда, аз накҳати гулҳо ҳаловат мебарад кас. Бешак шаҳр доман густурдаву ба куллӣ зебо шудааст. Қасрҳои баланду барҳаво, боғҳои истироҳатӣ, наврӯзгоҳҳо, муҷассамаву фаввораҳо ба дил шавқу завқи беандоза мебахшад.
Баъди бисту панҷ соли дурӣ дар факултаи журналистика дидору гуфтугӯ бо устодони донишгоҳ Сангин Гулову Бозорзодаҳо дар ман таассуроти калон боқӣ гузошт.
Инсони олиҳиммат Асадулло Раҳмон дар Дастгоҳи давлатӣ ифои вазифа дорад. Дӯсти эҷодкору сухансанҷи мо – Бахтиёри Қутбиддин декани факултаи журналистика мебошад. Бобохон Аҳмадови аштӣ ҷамъиятеро оид ба сайёҳӣ идора мекунад. Матлубаи нозанину суҳбаторо дар барномаи «Ҷаҳоннамо»’-и шабакаи телевизион фаъолият менамояд. Муҳаммадсодиқу Бибимоҳи азиз, ки дар кори ташкили ин вохӯрӣ нақши бориз доштанд, Шоираи гиромӣ, Нодира, Бунафша, Давлатою Ғолибшоҳ ва Тоҷиддинҳо ҳама мамнун аз ҳаёту шукргузори зиндагианд, инҷонибро гарм истиқбол гирифтанд.
Донӣ, ки чист давлат?
Дидори ёр дидан,
Дар кӯйи ӯ гадоӣ бар
хусравӣ гузидан.
Барною Барфимоҳ ҳоло дар хориҷа ба сар мебаранд, аз ин рӯ расида омада натавонистанд. Пайғом расониданд, ки дар вохӯриҳои пасин иштирок хоҳанд кард.
Давоми ду рӯз даврони донишҷӯиву ҷавонӣ ба ёд овардем. Ба ҳаққи устодон ва ҳамсабақоне, ки тӯли солҳо аз дунё рафтаанд, дуоҳои нек кардем. Устодон Пайванди Гулмуродзода, Абдусаттор Нуралиев, Хоҷабек Зулфиқоров, Баҳриддин Камолиддинов, чор тан аз ҳамкурсе, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ, бемории ковид ва маризиҳои дигар бандагиро ба ҷо овардаанд. Хонаи охираташон обод бод.
Баъди суҳбату мулоқотҳои гарму ҷӯшон, лутфу меҳрубонии дӯстон, аксбардориҳо, гаштугузор ва тамошои ҷойҳои хушманзари шаҳри ҷавонӣ ба Ватан баргаштам.
Ҳарчанд душвор аст, аз назди дӯстони ҷонӣ «хайр» гуфта рафтан, аммо кору зиндагӣ тақозо дошт, ки баргардам.
Аз ҷон тамаъ буридан осон
бувад валекин,
Аз дӯстони ҷонӣ мушкил
тавон буридан.
Раҳораҳ, зимни бозгашт, ба ҳамин чиз итминон ҳосил намудам, ки ин равуои доимӣ ва бемамониати одамон бо шарофати ба ҳамдигар оғӯшкушоиҳои сарони хирадманд ва дурандеши ду давлати ҳамсояву ҳамҷавор имконпазир гардидааст. Дӯстиву бародарии халқҳо поянда бод. Одамон ба давлати дидори якдигар ҳамеша бирасанд. Зеро, беҳуда нагуфтаанд: «Меҳр дар чашм аст».
Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
ҶИЗЗАХ – ДУШАНБЕ –
ҶИЗЗАХ.