(Порае аз қиссаи ҳуҷҷатӣ)
(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
Рӯ ба раҳ ба ҷониби Қаротегин аспҳоро тозиёна мезананд. Рӯзи дигар бо нишондоди мӯйсафед ба Обигарм мерасанд. Роҳҳои бехатарро аз одамони таҳҷоӣ пурсида, сафари хешро идома медиҳанд. Чун ба деҳаи Кабудҷар мерасанд, резиши бардавоми сангу шағалро дида, ба таҳлука меафтанд. Боз ба ақиб баргашта ба Сарипулак меоянд. Ба ҷониби деҳаи Кабудҷар гузашта, ба деҳаи Яхч расида, аз сокинони ин ҷо Мулло Султонро ҷӯё мешаванд. Хушбахтона, ӯро дар ин манзил бисёриҳо дида будаанд. Дар бораи паҳлавониаш нақлҳо карда, ҳардуро хушнуд месозанд. Роҳро то ба Камароб нишон медиҳанд сокинони ин манзил. Чун ба Камароб мерасанд, аз ҳар марди пешомада дараки Мулло Султонро мепурсанд.
Яке мегӯяд, ки ба теппаи Хирсон рафтаву он ҷо алафҳои чанд рӯз даравидаашро ғарам мекардааст. Бо ин нишондодҳо ба ҷониби ин теппа меоянд. Ба наздики теппа расида, номашро гирифта садо мекунанд, лекин касе ҷавобе намедиҳад. Чун ба сари теппа боло мешаванд, мардеро мебинанд, ки алафҳои басташударо дар шафати харсанге бо таҳаммул ғанак мекард. Наздиктар омада муоина мекунанд, ки он Мулло Султон аст. Аз аспҳо поён шуда ба ҷониби ӯ медаванд. Аз ин вохӯрии ногаҳонӣ Мулло Султон дар ҳайрат монда, чанде ба сӯйи ин ду нафар зеҳн мемонад. Худро беихтиёр ба оғӯши Одинабой партофта, дурудароз ҳарду гиря мекунанд. Бад-ин минвол, чанде якдигарро аз оғӯш раҳо намекунанд. Шайдамбой низ ин лаҳзаҳои ҳузнангезро муоина мекарду мисли онҳо ашк мерехт. Ин ҳолат борҳо такрор мешуд. Ҳар се ҳарфе нагуфта беист фиғон мекашиданд. Мулло Султон дар ин макон хонаву дар, зану фарзанддор шуда будааст. Ҳар дуро ба хонаи хеш меорад. Саргузашти талху шӯри хешро ба ҷигарбандонаш қисса карда, дили онҳоро ба ғамбода табдил медиҳад.
Онҳо як ҳафтаи дароз дар манзили Мулло Султон мемонанд. Ҳар гаҳ, ки шиносу ошноҳои Мулло Султон онҳоро ба меҳмонӣ мехостааст, ҷигарбанди ӯ Аббоси хурдсол аз домони хешонаш маҳкам дошта, бо лобаву зорӣ талаб мекардааст, ки ӯро низ ҳамроҳашон бубаранд. Мулло Султони дилшикаста ин ҳолро дида, ашкрезон ба гуфтор меояд:
– Худоё, Худовандо, ҳамин кӯдак ҳам устухонҳои худро бишнохт, – гӯён ашки шашқатори хешро бо азобе нигаҳ доштааст.
Тибқи маслиҳати Мулло Норбой Мулло Султонро ҳамроҳ ба Ватани бобоияш меоранд.
Мулло Норбой барои забҳи як шаҳбуз писараш Мулло Султонро сахт озурда буд, баъд аз шонздаҳ соли пайдо шудани ӯ чанд қучқору шаҳбузро забҳ карда, ба мардум оши худоӣ медиҳад.
Бо маслиҳату машварати ҳамагон масҷиди деҳаи Сесангаро таъмир карда, дар ин манзил мактаби динӣ боз мекунанд. Аксари шогирдони ин даргоҳ фарзандони даҳмардаҳои ин деҳа ҳисоб меёфт.
Бад-ин тартиб, се сол дар ин масҷид ба фарзандони аҳли деҳаи Дарбанд, аз китобҳои алифбои арабӣ, “Фарзи айн”, “Қоидаи бағдодӣ”, “Қуръони Карим”, “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдии Шерозӣ, девони Бедил сабақ медиҳад.
Рӯзе аз рӯзҳои баҳорӣ Мулло Султон дар масҷид ба шогирдон дарс медод, ки харсаворе номи ӯро гирифта, садо мекунад. Ба пешвози ин мард мебарояд ва мард ба дасти ӯ коғазеро дода ба роҳи худ меравад. Чун коғази қатшударо боз карда чашм медавонад, дар он чунин сатрҳо навишта шуда буд:
“Салом Мулло Султон, ба шумо дуову саломи бепоён. Баъди се-чаҳор рӯз, ин барои банда номаълум, энкиведиҳо шуморо ба ҳабс мегиранд. Чорае ёбеду гурезед. Бо эҳтиром Холмирзо Алиев”.
Мулло Султон ба таҳлука меафтад. Китобҳои худро дар токчаҳои хонаҳои хешовандон болои ҳам андова мекунад. Тӯшае ба худ гирифта, бо хешону таборон хайру хуш карда, худро ба дарё мепартояд. Дарёи хуношом ӯро дар дара берун меафканад. Чанде дар ин ҷо беҳолу бемадор гашта, ба худ омада, бо дили пурдарду алам дар чашмонаш нам рӯ ба ҷониби кӯҳи Фарҳод роҳ мепаймояд. Баъди чандин ҳафта дар роҳҳо хидмати одамонро ба ҷо оварда, қути лоямуте пайдо карда, ба Камароб мерасад. Дар кунҷи хона ҳамсари бемораш ва писари яккаву ягонааш Аббоси наврасро меёбад. Вақти дар Дарбанд будани ӯ духтаронаш ба бемории сурхча гирифтор гашта, мефавтанд. Баъди чанд рӯз ҳамсараш ба дарду доғи фарзандонаш тоб наоварда мефавтад. Чунин воқеаҳо ба ӯ сахт таъсир мерасонад. Илоҷе надошт ба ҷуз тобу тоқат, сабру таҳаммул. Каму кости рӯзгорро аз рӯйи тавонаш саранҷом мекунад. Баҳри такмили илму дониши хеш боз ба назди Эшони Абдураҳмонҷон меравад. Бо ҳидояти ӯ чандин китоби диниро мутолиа карда, ба устодаш имтиҳон месупорад. Бо хоҳиши эшон дастхатҳои камёбу нодирро рӯйнавис мекунад. Хушнависиҳои ӯ ба устодаш писанд меояд. Кас аз хондани ин дастхатҳо ба хубӣ огоҳӣ меёбад, ки мусанниф дар рӯбардор кардани калимаҳо ва ҷумлаҳо маҳорати баланд доштааст.
Баъди сӣ сол Эшони Абдураҳмонҷон чанд нусхаи ин дастнависҳоро ба нишони ёдгор аз Мулло Султон, ба ҷигарбандаш Махсуми Аббос ҳадя мекунад.
Соли 1954 мардуми кӯҳистони Камаробро ба водии Қӯрғонтеппа мекӯчонанд. Мулло Султон дар ин найзорҳои бепоён бо писари ягонааш Махсуми Аббос хонаву дар бунёд мекунанд. Мусофир дар ҳамин манзил ин дунёи фониро падруд мегӯяд.
Замоне, ки Махсуми Аббос дар зодгоҳи хеш будубош дошт, дар бораи васиятҳои қиблагоҳаш ба банда чунин нақл карда буд:
– Ман аз давраи бачагиам аз кору бори рӯзгор бохабар будам. Касбҳои хонасозӣ, бо похса хона бардоштанро дар назди устоҳои номӣ омӯхтам. Худам мустақил кор мекардам. Баъдтар коркарди чубро омӯхтам. Ҳар гоҳ ки аз кор фориғ мешудам, бо мутолиаи китоб машғул мегаштам. Чӣ мегӯед, ки рӯзгори худро бо обилаҳои дастон мечархондем. Як пагоҳӣ дуртар аз манзили мо, марде ба назди ман омада, илтиҷо кард, ки пешайвони ӯро синҷ карда, пӯшонам. Азбаски кору ташвишҳоям хеле зиёд буд, сухани ин мардро рад карда натавонистам. Падари ин мард бо қиблагоҳам шиноси дерин будаанд. Падарам низ дар иҷрои ин кор маро ташвиқ намуд. То нисфирӯзӣ кор кардем, дар хонаи ин марди Худо. Пас аз намози пешин кадоме ин мардро дар берун садо кард. Вақте марди хона аз берун баргашт ба ман гуфт, ки шуморо қиблагоҳатон мехоҳанд. Ҳама корро ба ҳоли худаш вогузошта ба хонаамон баргаштам. Қиблагоҳ дар ҷойгаҳ хоб карда, маро интизор буданд.
Парешону ҳайратзада аз саломатии эшон пурсидам. Гуфтанд, ки ҳолам хуб аст, ту парешон мабош, бесаранҷом нагард. Дард дар тани мард меҳмон. Фақат як чизеро ба ту кайҳо боз гуфтанӣ будам. Гумон мекунам, ки фурсати гуфтании ин ҳарфу ҳиҷо расид. Намедонам, чаро ҳамин гапҳо ба ҳамин рӯз рост омад, барои банда маълум набуд. Бачам, дуру дароз андешидам, ки одамизод аз сарнавишти хеш берун як қадам монда наметавонистааст. Ҳама кору ҳолеро, ки ба сари инсон меомадааст, зӯр зада ба сари якдигар бор карда, ҷонибҳоро гунаҳгор мекунем, мегӯем, ки ту дар сурати рух задани ин воқеъа гунаҳгорӣ. Гоҳо баҳс мекунем, каштали якдигарро мегирем, вале намедонем ва ё ба таҳлилу арзёбии он ақлу фаросатамон намерасад. Яқин мефаҳмем, ки аз азал ин кору ҳол дар номаи аъмоли мо навишта шуда будааст. Мӯйсафед, баъди нақли ин гуфтаҳо, каме таҳмул кард. Ман гумон мекардам, ки суханҳои пасояндаашро дар хотир ба тартиб меандозад.
– Бачаам, ҳамин тақдири талху шӯр як замоне ба сари ман омад. Дар мусофирию залилиҳо ва ғарибиҳо ҷон ба сахтӣ бурдам. Эҳа, азобҳои кашидаи маро ба ҳеҷ кас Худо насиб нагардонад. Худоҷон, ба номи ширинаш ҷонам фидо бод, маро аз азал як марди таҳамтан офарида. Ҳамин нерӯҳои худодод буд, ки дар ҳар ҷое, ки мушкилӣ пеш меомад, онро дар як они воҳид файсала мекардам. Ҳамин дасту бозуи рустамона буд, ки паҳлавони подшоҳро дар навбати сеюм ба замин зада, вирди забони мардум гаштам. Вақте ки сарвари давра хонаобод “паҳлавони мусофир, муллои мусофир” гуфта ном бурд, гӯё як парча оҳан будаму дар курраи оташ об гаштам. Ва дар ҳамин рӯз ба хубӣ фаҳмидам, ки барои инсон пеш аз ҳама аз Ватан дигар чизи азизу муқаддасот набудааст, бачем. Ҳама дардҳои дар ғарибӣ кашидаам як сӯ буду ин дарди сангин маро дилпора кард, маро садпора кард. Баъди ин воқеа он манзилу маконҳои падарӣ ва бобоямро ёд мекардам.
– Бачам, сониян ҳаминро гуфтаниам, ки марди бе ватан мисли уқоби беболу пар аст. Ҳамеша бар он кӯшед, ки аз аҷдод дур набошед. Ба Дарбанд равед, ватани бобоямонро тамошо кунед. Он замоне, ки бобому бобокалонҳоятон дар Ҳайроншехӣ боғи дилкушое бунёд карда буданд, намедонам, ки он ҳоло побарҷост ё на, рафта бинед. Дар хаққии хешовандон дуоҳо хонед, ки рӯҳашон шод мегардад.
Писарам, ҳамеша дар ёд дошта бошед, ҳеч мардумро надидам, ки дар фахру ҳиммат, меҳмоннавозӣ мисли мардуми мо бошанд. Бо хешу табор рафтуо кун. Одамон донанд, ки ту бемуттако нестӣ, ту такягоҳ дорӣ. Аз мо хубтару беҳтарашро як тан ғарибе гуфтааст, ки ҳеч замону ҳеҷ вақт чунин сухани зебову волоро дар ҳаққи ғарибон нашунидаам:
Хоки Ватан аз тахти
Сулаймон беҳтар,
Хори Ватан аз лолаву
райҳон беҳтар.
Юсуф, ки дар Миср
подшоҳӣ мекард,
Эй кош, гадо будӣ
ба Канъон беҳтар.
Бачам, ҳамин гапҳоро кайҳо боз ба ту мегӯям гуфта будам, имрӯз Худо насиб гардонида будааст.
– Мо бандаи шири хомхӯрда надонистем, ки ин васияти охирини қиблагоҳ будааст, – гуфт Махсуми Аббос. – Баъди чанд ҳафтаи ин гуфтугӯ, ин дунёро падруд гуфтанд. Мардум ҷисмашонро ҳамчун пешвои дину диёнаташон ба хок супориданд. Пас аз чанд соли фавташон шогирдонашон гирди қабрашонро бо сангҳо девор бардоштанд.
Нуралӣ РАҶАБ.