Соиби ТАБРЕЗӢ (1603-1677)
Пардадори ҳарфи даъвӣ кун лаби хомӯшро,
Аз дабистон бармаёвар тифли бозикӯшро.
Мӯр бар хони Сулаймон хуни худро мехӯрад,
Хирмани гул мояи ҳасрат бувад оғӯшро.
Нест бар болои дасти хоксорӣ ҳеҷ даст,
Хишти хум менӯшад аввал бодаи сарҷӯшро.
Боғбон гулро кунад сероб аз баҳри гулоб,
Соқӣ аз май баҳри бурдан мефизояд ҳушро.
Ҷуз пушаймонӣ суханчинӣ надорад ҳосиле,
Ҳалқаи беруни дар кун дар маҷолис гӯшро.
Мастиву махмурии олам ба ҳам омехтаст,
Дурбоши неш дар дунбол бошад нӯшро.
Ин замон дар зери бори кӯҳи миннат меравам,
Ман, ки медуздидам аз дасти навозиш дӯшро.
Бар сари бемағз, Соиб, кисвати пашмин мабанд,
Аз сари хони тиҳӣ бардор ин сарпӯшро.
***
Ёди айёме, ки бо ҳам ошно будем мо,
Ҳамхаёлу ҳамсафиру ҳамнаво будем мо.
Маънии як байт будем аз тариқи иттиҳод,
Чун ду мисраъ гарчи дар зоҳир ҷудо будем мо.
Буд доим чун забони хома ҳарфи мо яке,
Гарчи пеши чашми суратбин дуто будем мо.
Чун ду барги сабз, к-аз як дона сар берун кунад,
Якдилу якрӯй дар нашъунамо будем мо.
Ахтари мо саъд буду рӯзгори мо саид,
Аз саодат зери боли як ҳумо будем мо.
Дурии манзил ҳиҷоби иттиҳоди мо набуд,
Доштем аз ҳам хабар, дар ҳар куҷо будем мо.
Чораҷӯёнро намедодем, Соиб, дарди сар,
Дардҳои куҳнаи ҳамро даво будем мо.