ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ БИСТУ ПАНҶУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН
29 апрели соли 2022 дар шаҳри Тошканд дар толори ҷамъомадҳои Сенати Олий Маҷлис ҷамъомади умумии бисту панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро идома дод.
Ҷамъомади умумӣ таҳти раёсати Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева гузашт.
Дар ҷамъомад, ки дар шакли алоқаи видеоконфронс баргузор гардид, сенаторон, аъзои ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Аввал сенаторон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолияти мақомоти прокуратура дар соли 2021 шуниданд.
Дар ҳисобот дар бораи корҳое, ки мақомоти прокуратура дар соли 2021 оид ба таъмини волоияти қонун дар мамлакат, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ анҷом додаанд, инчунин вазифаҳои дарпешистода маълумот дода шуд.
Таъкид гардид, ки ба иҷрои вазифаҳои таъхирнопазири дар соҳаи иҷтимоӣ муайянгардида, аз ҷумла ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини шуғли он, дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд ва аз камбизоатӣ баровардани онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Аз ҷумла, мақомоти прокуратура ба рӯёндани музди меҳнати сари вақт пардохтанашуда, нафақа ва кумакпулии 4187 нафар шаҳрванд ба миқдори 7 миллиард сӯм мусоидат намуда, дуздидани чунин пардохтҳоро ба миқдори 29 миллиард сӯм ошкор карда, чораҳои дахлдор дид.
Дар марҳилаи нави рушди мамлакат ба таъмини бечунучарои иҷрои барномаҳои муҳими сармоягузорӣ, таҳкими қонуният дар соҳаи харидҳои давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Ба туфайли чораҳои андешидашуда ба миқдори 1,5 триллион сӯм маблағи барои лоиҳаҳои ба барномаҳои «Деҳаи обод», «Маҳаллаи обод» ва дигар пешбинишуда сарфа карда шуданд.
Дар навбати худ сенаторон таъкид намуданд, ки дар фаъолияти мақомоти прокуратура баробари корҳои мусбат баъзе самтҳое мавҷуданд, ки бинобар онҳо бояд назоратро пурзӯр гардонд.
Аз ҷумла, 6462 ҳодисаи рӯпӯш кардани ҷиноят ошкор карда шудааст. Ҳамаи онҳо ба қайд гирифта шуда, нисбати шахсони мансабдоре, ки барои пинҳон доштани ҷиноятҳо гунаҳкоранд, 44 парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Аз рӯи 3028 арзу шикоят дар бораи рафтори ношоистаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишоти то тафтишотӣ гузаронда шудааст. Дар натиҷа 161 парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, нисбати гунаҳкорон чора андешида шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар асоси таҳлили амиқи қонуншиканӣ ба вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дахлдор оид ба омилҳои содир шудани ҷиноятҳо бояд хулоса ва тавсияҳо пешниҳод кард.
Сенаторон хоҳиш намуданд, ки ба муносибати ба соли 2022 кӯчондани 453 объект аз 1728, ки онҳо ба барномаҳои «Деҳаи обод» ва «Маҳаллаи обод» дохил карда шуда, корҳои сохтмониву таъмирии онҳо бояд дар соли 2021 анҷом дода мешуданд, тавзеҳот диҳанд.
Аъзои Сенат оид ба минбаъд пурзӯр гардондани назорат дар самтҳои дар ҷамъомад баррасигардида, андешидани чораҳои қатъӣ ва таъсирбахш нисбати ҳар як қонунвайронкунии зоҳиргардида пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенат қабул шуд.
Сипас парлумончиён ҳисоботи Бонки марказии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар бораи фаъолият дар соли 2021 шуниданд.
Дар соли ҳисоботӣ Бонки марказӣ ба воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои нишондиҳандаҳои инфлятсия диққати махсус дода, инчунин оид ба пешакӣ муайян намудан ва коҳиш додани хавфҳо дар низоми бонк, инчунин таъмини устувории макроиқтисодӣ ва молиявӣ дар мамлакат чораҳо андешид.
Аз ҷумла, барои то охири сол ба 10 фоиз расидани сатҳи пешгӯии инфлятсия ставкаи асосии Бонки марказӣ дар тӯли давраи ҳисоботӣ дар сатҳи 14 фоизи солона бе тағйир нигоҳ дошта шуд.
Ба мақсади таъмини кори муътадил ва боэътимоди бонкҳо ва низомҳои пардохтӣ бонкҳои тиҷоратӣ бо захираҳои зарурии молиявӣ таъмин карда шуданд. Ба мақсади дастгирии молиявии аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ 166,7 триллион сӯм ё нисбат ба соли 2020 1,3 баробар зиёд қарз равона карда шуд.
Ҳамагӣ барои татбиқи беш аз 436 ҳазор лоиҳаҳо оид ба рушди субъектҳои тиҷорати хурд, аз он ҷумла соҳибкории оилавӣ, дастгирии молиявии соҳибкории бонувон ва ҷавонон ба маблағи 59,6 триллион сӯм маблағи вомӣ ҷудо карда шуд.
Дар баробари ин сенаторон оид ба истифодаи фаъол ва такмил додани воситаҳои сиёсати пулу вом барои таъмини устувории нархҳо, инчунин таъмини суботи низоми бонкӣ ва идомаи пардохтҳо як қатор пешниҳодҳо доданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки барои коҳиш додани таъсири омилҳои ғайримонетарӣ ба инфлятсия ва таъмини суботи нархи маҳсулоти асосии ғизоӣ бояд сабабҳои пайдоиши ҳар як омил бо диққат таҳлил карда шуда, ба ҳукумат пешниҳод ворид карда шавад.
Сенаторон оид ба ҷорӣ кардани андозаҳои эътирофшудаи байналмилалӣ дар танзими фаъолияти бонкҳои тиҷоратӣ, баланд бардоштани суботи молиявии низоми бонк аз ҳисоби мақбулгардонии минбаъдаи ҳисобу китоби хавфи вомӣ дар бонкҳо тавсияҳо доданд.
Бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенат қабул гардид.
Дар ҷамъомади умумии Сенат инчунин ҳисоботи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи фаъолият дар соли 2021 шунида шуд.
Таваҷҷуҳи асосии Палатаи ҳисоб ба иҷрои Буҷаи давлатӣ, маблағгузорӣ ва натиҷабахшии барномаҳои давлатӣ ва ҳудудӣ, самарабахшии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои қарзи давлатӣ татбиқ мегарданд, коҳиш додани иқтисодиёти хуфиёна, инчунин ноил гардидан ба муваффақиятҳо дар низоми андоз ва гумрук, мушкилоти мавҷуда, қонуншиканиҳо ва камбудиҳои низом нигаронда шуд.
Аз ҷониби Палатаи ҳисоб дар соли 2021 60 чорабинии назоратӣ гузаронда шуда, хароҷотҳои ғайриқонунӣ, камомад, дуздӣ ва хароҷоти бесамар ба маблағи 338 миллиард сӯм, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва буҷетҳои мақсадноки давлатӣ ҷудо карда шудааст, инчунин беш аз 2,1 триллион сӯм хароҷот мақбул гардонда, барои маблағгузории вазифаҳои устувор аз нав тақсим карда шуданд.
Аз ҷониби Палатаи ҳисоб оид ба таъмини пуррагии даромади буҷа, назорати истифодаи самарабахши маблағҳои буҷаи маҳаллӣ дар минтақаҳо мунтазам корҳо анҷом дода шуда, камбудиҳои ошкоршуда барҳам дода шуданд.
Дар фаъолияти худ Палатаи ҳисоб бо риояи тамоюлҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият дар сайти расмӣ, дар воситаҳои ахбори оммавӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақсади пешакӣ пешгирӣ намудани қонуншиканиҳои молиявӣ қариб 60 мавод ҷойгир намуд.
Дар ҷамъомад сенаторон аз тарафи вазоратҳои сохтмон, нигаҳдории тандурустӣ, таълими халқ ва таълими олӣ ва миёнаи махсус ғайримақсад истифода бурда шудани маблағҳоро зери тозиёнаи танқид гирифтанд.
Аз ҷумла, ҳангоми лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои сохтмону таъмири объектҳо, ки ба Барномаи сармоягузорӣ дохил карда шудаанд, 783 объект ба маблағи 5 триллион сӯм дар муҳлати муқарраршуда ба истифода дода нашудааст.
629 адад таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 161,1 миллиард сӯм, ки дар доираи лоиҳаҳо харид шуда, дар низоми нигаҳдории тандурустӣ аз ҳисоби вомҳои хориҷӣ татбиқ мегарданд, дар анборҳо ба муҳлати аз 6 моҳ то 2 сол нигоҳ дошта шуданд.
Аъзои Сенат зарурати аз ҷониби Палатаи ҳисоб муқаррар намудани назорати алоҳидаро барои иҷрои саривақтӣ ва хушсифати супоришот оид ба созмон додани ҷойҳои нави кор таъкид намуд.
Қайд гардид, ки Палатаи ҳисоб бояд бо Вазорати молия ва Кумитаи давлатии андоз ба мақсади иҷрои саривақтӣ ва самарабахши вазифаҳои гузошташуда ҳамкории наздик ба роҳ монад, оид ба назорати муштараки ташкилотҳои буҷавӣ, гирандагони маблағҳои буҷа, мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо нақшаҳои дақиқ таҳия намояд.
Инчунин андешаҳо баён карда шуданд, ки дар ҷараёни назорат, аз он ҷумла дар ҳолати ошкор шудани аломатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бояд маводи дахлдор ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол карда шавад.
Сенаторон зарурати муттаҳид намудани саъю кӯшиши Палатаи ҳисоб ва Сенатро дар амалӣ намудани назорати истифодаи мақсаднок ва самарабахши маблағҳои Буҷаи давлатӣ, буҷаҳои фондҳои давлатии мақсаднок ва дигар, ки ба тартиби муқарраргардида созмон дода шудаанд, ҳангоми таҳлили қонуншиканиҳои қонунгузории буҷа, сабаб ва шароитҳое, ки ба ин мусоидат мекунанд, дар минбаъд такмил додани қонунгузории буҷа таъкид намуданд.
Мушкилот ва камбудиҳои қайдшуда бо иштироки Ҳукумат, вазорату идораҳои дахлдор, кормандони масъул дар минтақаҳо аз нуқтаи назари танқидӣ баррасӣ шуда, қарори дахлдори Сенат қабул шуд, ки он таҳти назорат гирифта мешавад.
Пас аз ин аъзои Сенат Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд.
Таъкид гардид, ки бо қонун ба қонунгузории андоз як қатор тағйироту иловаҳо ворид карда мешавад.
Аз ҷумла, хайрияҳо ба Фонди ҷамъиятии дастгирии кӯдакон ҳангоми муайян кардани пойгоҳи андоз хароҷоти тарҳнашаванда ҳисобида мешавад.
Мувофиқи қонун дар давраи аз 1 январи соли 2022 то 1 январи соли 2031 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои саноати маҳаллӣ, кишоварзӣ ва хидматрасонӣ дар ноҳияи Мӯйноқи Ҷумҳурии Қароқалполқистон андози даромад, андоз аз муомилот, андози иҷтимоӣ ва андози даромади шахсони ҷисмонӣ бинобар ставкаи андоз ба миқдори як фоиз мепардозанд.
Инчунин онҳо андози амволи шахсони ҳуқуқӣ, андози замини шахсони ҳуқуқӣ ва андози истифодаи захираҳои обро бинобар ставкаи андоз ба миқдори як фоизи маблағи бинобар маълумоти андоз ҳисобшуда мепардозанд.
Ба ғайр аз ин, муайян карда мешавад, ки дар давраи аз 1 феврали соли 2022 то 1 январи соли 2025 субъектҳои соҳибкорӣ, аз он ҷумла субъектҳои соҳибкорӣ, ки ба воситаи комиссионер (вакил) матои ранга, газвори ранга ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиву нассоҷӣ содир менамоянд, бинобар ставкаи андоз ба миқдори 1 фоиз андози иҷтимоӣ мепардозанд.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки чунин имтиёзе, ки дар қисми 17-уми моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, нисбат ба андозсупорандагони татбиқ мегардад, ки даромади онҳо аз содироти матои ранга, газвори ранга ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиву нассоҷӣ на кам аз 80 фоизи даромади фурӯши ҳамаи молу хидматрасониро ташкил медиҳад.
Ба мақсади кафолатнок бо намудҳои асосии озуқаворӣ таъмин кардани аҳолӣ аз 1 майи соли 2021 то 31 декабри соли 2022 воридоти равғани растанӣ, офтобпараст ва тухми зағир, инчунин лубиё муомилоти истеҳсолӣ ва (ё) фурӯши равғани растанӣ (ба ғайр аз равғани пахта) аз андози арзиши иловагӣ озод карда мешаванд.
Баробари ин муқаррар карда шудааст, ки дар давраи аз 10 октябри соли 2021 то 31 декабри соли 2022 муомилот оид ба фурӯши гӯшт (гӯшти гов, гӯсфанд), чорвои зинда (калон ва гӯсфанд) ва маҳсулоти куштани онҳо, картошка, инчунин воридоти онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз андози арзиши иловагӣ озод карда мешаванд.
Аъзои Сенат Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро маъқул донистанд.
Сипас сенаторон ҳисоботи ҳокими вилояти Андиҷонро дар бораи корҳо оид ба дастгирии ҳамаҷониба, зиёд гардондани даромади аҳолии ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷманд, коҳиш додани камбизоатӣ шуниданд.
Дар соли 2021 ҳаҷми маҳсулоти умумии ҳудудии вилоят 43,8 триллион сӯм, ба сари аҳолӣ – қариб 13,6 миллион сӯмро ташкил дод. Ҳиссаи тиҷорати хурд дар ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавӣ 71,8 фоизро ташкил дода, ба ҳар як ҳазор шаҳрванд 13,8 адад субъектҳои соҳибкорӣ рост меояд.
Даромади буҷаҳои маҳаллӣ ба маблағи 2 триллиону 159,9 миллиард сӯм иҷро шуд, ки ба туфайли он ба буҷети маҳаллӣ ба маблағи 225,4 миллиард сӯм даромади иловагӣ расид.
Ҳамагӣ дар вилоят беш аз 54 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.
Ба мақсади пӯшондани як қисми қарзҳои ипотекии оилаҳои эҳтиёҷманд барои хариди манзил аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ ба 1,1 ҳазор нафар шаҳрвандон субсид дода шуд...
Ба воситаи низоми иттилоотии «Феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» ба зиёда аз 198 ҳазор аъзои оила ба миқдори қариб 607,5 миллиард сӯм кумакпулии иҷтимоӣ пардохт карда шуд.
Ба шаҳрвандоне, ки ба «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» дохил карда шудаанд, ба миқдори 28 миллиард сӯм ёрии моддӣ расонда шуд.
Дар ҷамъомад сенаторон таъкид намуданд, ки кор дар самти мазкур дар вилоят аз нуқтаи назари танқидӣ омӯхта шуд. Дар рафти омӯзиш маълум шуд, ки дар масъалаҳои таъмини шуғли аҳолӣ, ҳалли мушкилоти аҳолӣ тавассути кор дар маҳалла, беҳбуди фаъолияти муассисаҳои тиббӣ як қатор масъалаҳои мушкилотдошта ҳаллу фасли худро интизоранд. Натиҷаҳои пешакии омӯзиш дар сессияҳои васеи Шӯрои намояндагони халқи вилоят муҳокима гардида, тадбирҳои зарурӣ муайян карда шуданд.
Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳое, ки бояд дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳал шаванд, ҳаматарафа мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки корҳо оид ба татбиқи барномаҳои шуғл дар тӯли соли 2021 дар қисмати минтақаҳо ва соҳаҳо, тайёркунии касбии шаҳрвандони бекор ва таъмини шуғли онҳо ба талабот ҷавоб намедиҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳангоми харидани ҳайвоноти хонагӣ ва парранда то ки шаҳрвандон даромади шахсии худро дошта бошанд, инчунин ҳангоми додани қарз барои бунёди гармхона имкони пардохти қарзи шаҳрвандон дар оянда ба назар гирифта намешавад. Бинобар чунин омилҳо ҳангоми баргардонидани қарзҳои ҷудошуда вазъиятҳои мушкил ба миён меоянд.
Зарурати баланд бардоштани масъулияти ёварони ҳоким барои коркард ва таъмини иҷрои «харитаи роҳ» оид ба рушди иқтисодӣ бо роҳи таъмини шуғли аҳолӣ дар ҳар як маҳалла, дастгирии соҳибкорӣ, муайян намудани драйвери маҳалла зикр гардид.
Барои хариди дору аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба миқдори 84,6 миллиард сӯм маблағ ҷудо шуда бошад ҳам, вале дар баъзе муассисаҳои тиббӣ маблағи ҷудошуда то охири сол аз худ карда нашудааст, ки боиси норозигии мардум гардид.
Бинобар мақсаднок барои соҳаи иҷтимоӣ дар тӯли соли 2021 равона намудани манбаъҳои иловагии буҷаи маҳаллӣ аз манбаъҳои иловагии буҷаҳои ноҳия (шаҳр) ба фонди «Ташаббуси шаҳрвандӣ» ба миқдори 5,7 миллиард сӯм маблағ гузаронда нашудааст, ки дар натиҷаи ин ҳалли 14 мушкилот, ки аҳолиро ба ташвиш меоранд, солҳо кашол меёбанд.
Бинобар ҷамъбасти муҳокимаҳо қарори дахлдори Сенат оид ба барҳам додани масъалаҳои мушкилотдошта, ки ҳалли худро интизоранд, қабул гардид, инчунин барқарор намудани назорати парлумонии иҷрои онҳо муайян карда шуд.
Инчунин масъала дар бораи тасдиқ намудани қарори Шӯрои Сенати Олий Маҷлис баррасӣ гардид.
Дар рафти ҷамъомади умумӣ сенаторон 21 масъала, аз ҷумла 10 қонунро баррасӣ намуданд.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии бисту панҷуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.
Хидмати иттилоотии
Сенати Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.