ХАБАРИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ҶАМЪОМАДИ УМУМИИ БИСТУ ҲАШТУМИ СЕНАТИ ОЛИЙ МАҶЛИСИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

8 июли соли 2022 дар Тошканд ҷамъомади умумии бисту ҳаштуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.

Дар он сенаторон, аъзои ҳукумат, намояндагони вазорату идораҳо, аъзои парлумони ҷавонони назди Сенат ва кормандони расонаҳои ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Ба ҷамъомади умумӣ, ки дар шакли конфронси иртиботи видеоӣ баргузор шуд, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева роҳбарӣ кард.
Ҷамъомади умумӣ аз тариқи шабакаи Сенат дар YouTube дар режими онлайн намоиш дода шуд.
Аввал сенаторон ҳисоботи Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи иҷрои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар натиҷаи соли 2021-ум ва чоряки аввали соли 2022-юм муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи сари вақт гузаронидани сиёсати фискалӣ ва пуливу вомӣ дар ҷумҳурӣ суръати афзоиши иқтисодиёт дар соли 2021-ум 7,4 фоизро ташкил дод. Дар чоряки 1-уми соли 2022 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 5,87 фоиз таъмин карда шуд.
Ҳаҷми даромадҳои Буҷаи давлатӣ дар соли 2021 нисбати соли гузашта анқариб 32 триллион сӯм афзуд. Суръати мусбати афзоиш дар чоряки якуми соли равон низ нигоҳ дошта шуд. Дар чоряки I-и соли 2022 даромади Буҷаи давлатӣ нисбати  то ҳамин давраи соли гузашта 8 триллион сӯм зиёд гардид.
Таъкид шуд, ки ба афзоиши даромадҳои Буҷаи давлатӣ вусъат додани пойгоҳи андоз аз ҳисоби дигаргуниҳои сиёсати андоз тӯли солҳои охир, ислоҳоте, ки дар соҳаҳои иқтисодиёт татбиқ шуданд, таъсир расониданд.
Молиявикунонии хароҷоти Буҷаи давлатӣ таъмин карда шуд. Чунончӣ, соли 2021-ум барои нигоҳ доштан ва инкишоф додани муассисаҳои низоми таълим, ки қисмати асосии хароҷоти иҷтимоиро ташкил медиҳанд, аз Буҷаи давлатӣ дар ҳаҷми 39 триллиону 641 миллиард сӯм маблағ равона гардид. Ғайр аз ин дар соли 2021-ум барои нигаҳдории тандурустӣ нисбати соли 2020-ум 20 фоиз бештар маблағ ҷудо карда шуд.
Даромади буҷаҳои маҳаллӣ дар соли 2021-ум дар қиёс бо нишондиҳандаҳои ибтидоии пешакӣ 119 фоизро ташкил дод, дар чоряки якуми соли 2022-юм бошад, 112 фоиз гардид. Хароҷоти буҷаҳои маҳаллӣ низ дар қиёс бо нақша 111 фоиз иҷро шуд ва 65,5 триллион сӯмро ташкил дод.
Аъзои Сенат дар ҷараёни муҳокима ба дараҷаи ҷамъоварии андозҳо ҳангоми иҷрои пешбинишудаи даромадҳои Буҷаи давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук муқаррар карда шудаанд, ба масъалаи коҳиш додани қарздории андоз ва пардохтҳои изофавӣ эътибор доданд.
Ҳамчунин камбудиҳо дар иҷрои буҷаҳои маҳаллӣ ва истифодаи мақсадноки даромадҳое, ки беш аз пешгӯии муқарраршуда мерасанд, таъкид гардид.
Сенаторон ҳамчунин муносибати худро вобаста ба афкори умум бобати бар иловаи пешбинӣ иҷро шудани қисмати буҷаҳои маҳаллӣ аз тариқи портали «Буҷаи кушод» иброз доштанд ва зарурияти таъмин сохтани шаффофияту иштироки васеи шаҳрвандонро таъкид карданд.
Зикр шуд, ки дар таъмин сохтани иҷрои даромад ва харҷҳои Буҷаи давлатӣ, истифодаи самарабахш ва мақсадноки маблағи фондҳои мақсадноки буҷаи давлатӣ ба камбудиҳо роҳ дода шудаанд, ба чунин масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла нуқсонҳои роҳдодашуда, чораҳо бинобар пешгирӣ ва ҳаллу фасли онҳо эътибор дода шуд.
Аз ҷумла, қарздорӣ (норасоӣ) дар назди буҷа то 1 январи соли 2022 дар қиёс бо ҳамин давраи соли 2021-ум 1,7 баробар зиёд шудааст, қарзи андози андозсупорандагони бузург 3,5 баробар афзудааст. Аз 2 триллиону 28 миллиард сӯме, ки барои молиявикунонии барномаҳои таъмини аҳолӣ бо манзил ҷудо карда шудаанд, танҳо 29,5 фоизашон аз худ гардидаанд.
Сенаторон ҳамчунин аз он изҳори ташвиш карданд, ки супоришдиҳандагони давлатӣ усулҳои рақобатбардори хариду фурӯшро истифода намебаранд, бо вайрон кардани қонунгузорӣ  қарордодҳои бевоситаро имзо мекунанд. Вобаста ба ин дар бораи зарурияти муҳокимаи ходимони масъуле, ки дар ин бобат ба камбудиҳо роҳ медиҳанд, тавсияҳои дахлдор дода шуданд. 
Дар 5380 ё худ 75 фоизи тадбирҳое, ки нисбати 7133 назорати молиявӣ бобати риоя ба интизоми буҷет, ҳамчунин истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷа гузаронида шуданд, 122 миллиарду 800 миллион сӯмина камомад, 949 миллиарду 300 миллион сӯмина хароҷоти ғайриқонунӣ муайян карда шуданд.
Аз ҷониби Жокарги Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, Шӯрои депутатҳои халқии вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, ноҳияҳо ва шаҳрҳо вобаста ба тағйироти нишондиҳандаҳои пешакӣ оид ба даромадҳо қарорҳои зарурӣ қабул карда нашудаанд.
Бинобар масъалаҳои муҳокимашуда қарори дахлдори Сенат қабул карда шуд.
Сипас сенаторон Қонун «Дар бораи машварати андоз», ки ба ташаккули идораи мушовирони андоз, танзими муносибатҳо дар соҳаи мушовирати андоз ва ташкили низоми хидматрасонии тахассусӣ ба андозсупорандагон бинобар машварати андоз нигаронида шудааст, баррасӣ карданд.
Мувофиқи қонун ваколати оид ба танзими соҳаи машварати андоз ба Палатаи мушовирони андози Ӯзбекистон, ки созмони ҷамъиятӣ ба шумор меравад, дода мешавад.
Муқаррар карда мешавад, ки Палата иттиҳодияи касбие мебошад, ки дар пояи узвияти ихтиёрии мушовирони андоз, созмонҳои мушовирони андоз, ки вазифаи оид ба рушд ва ҳамоҳангсозии фаъолиятро дар соҳаи машварати андоз иҷро мекунанд, ташкил мегардад.
Вобаста ба ин ба Палатаи мушовирони андоз вазифаҳои мазкури асосии Вазорати молия, аз ҷумла додан, расми кунонидан, қатъ кардани сертификати мушовири андоз, баланд бардоштани дараҷаи касбии мушовирони андоз дода мешавад.
Мувофиқи қонун пешбинӣ мегардад, ки ҳангоми аз байн бурдани андозсупоранда бо муомилоти солонаи то як миллиард сӯм дар тӯли 3 соли охир муоҳида бинобар маслиҳати андоз, ки аз ҷониби ташкилоти мушовирони андоз дода шудааст,  аз тарафи мақомоти андоз эътироф карда мешавад.
Таъкид шуд, ки амали сертификати ихтисосӣ барои мушовирони андоз, ки дар штати ашхоси ҳуқуқӣ, созмонҳои аудиторӣ, дигар ашхоси ҳуқуқӣ, ки хидматҳои муҳосибӣ мерасонанд, ҳамчунин бинобар ҷои асосии кор дар мақомоти давлатӣ кор мекунанд, боздошта намешавад.
Қонун хелҳои хидматрасонии машварати андозро вусъат медиҳад ва ба мушовирони андоз як қатор ҳуқуқҳоро пешниҳод менамояд. Чунончи, ҳуқуқи пешниҳоди хулосаи маслиҳати андоз ба сифати асос ба судҳо ва мақомоти ҳуқуқу тартибот барои баррасии парвандаҳои вобаста ба муносибатҳои ҳуқуқии андоз пешниҳод карда мешавад.
Ғайр аз хидматрасонии машварати андоз ташкилоти мушовирони андоз метавонад чунин хидматҳо, аз ҷумла хидматҳои консалтингӣ бобати татбиқ намудани амалиёти содиротиву воридотӣ, таҳлил, экспертиза ва мониторинги лоиҳаҳои сармоявиро пешниҳод намояд.
Сенаторон қонунро маъқул донистанд.
Пас аз ин Қонун «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи табиӣ ва дорои ҷиҳати техногенӣ» муҳокима гардид.
Дар ҷамъомад аз ҷониби сенаторон қайд гардид, ки Қонуни мазкур бинобар ҳифзи аҳолӣ ва минтақаҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи табиӣ ва дорои ҷиҳати техногенӣ дар кишвари мо ҳамчун барномаи амалиёт хидмат мекунад.
Дар меъёрҳои нави Қонун татбиқи чораҳо бобати аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда, маълум кардани онҳо, хабардорсозии аҳолӣ дар бораи хавф, вазифаҳои мушаххаси вазоратҳо, идораҳо ва созмонҳои дигар ҳамчунин роҳбарӣ ба тадбирҳо оид ба аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда ва як қатор ҷиҳатҳои дигар мустаҳкам шудаанд. 
Зикр мегардад, ки Вазорати оид ба вазъиятҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон мақомоти махсуси ваколатдори идораи давлатӣ дар соҳаи ҳифз аз вазъиятҳои фавқулодда ба шумор меравад.
Таъмин сохтани иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулодда, коркарди нақшаҳо бобати пешбинӣ, пешгирӣ ва аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда аз ҷумлаи ваколатҳои он маҳсуб меёбанд.
Тартиби иштироки мақомоти худидораи шаҳрвандон, созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ дар пешгирии вазъиятҳои фавқулодда  ва аз байн бардоштани онҳо мушаххас карда мешавад.
Аз ҷумла, онҳо метавонанд дар пешгирӣ ва аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда иштирок кунанд, назорати ҷамъиятиро барои риоя кардани қонунгузорӣ бобати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулоддаи табиӣ ва дорои ҷиҳати техногенӣ татбиқ намоянд.
Қонуни мазкур ҳамчунин тартиби ташкили захираҳои давлатии молиявӣ ва моддиро барои аз байн бардоштани вазъиятҳои фавқулодда муайян мекунад ва тартиби истифодаи онҳоро мушаххас менамояд.
Тартиби аз байн бардоштан, эълон кардани вазъияти фавқулодда, роҳбарӣ ба корҳо бобати аз байн бардоштани онҳо, ваколати роҳбарони кор оид ба аз байнбардорӣ, ҳамчунин вазифаи вазорату идораҳо (Гвардияи миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ, нигаҳдории тандурустӣ, корҳои хориҷӣ, хоҷагии қишлоқ, хоҷагии об, сохтмон, шуғл ва муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайра) дар моддаҳои нави алоҳида мушаххас карда шуданд.
Сенаторон Қонуни мазкурро якдилона қабул карданд.
Сипас сенаторон Қонун «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро баррасӣ карданд.
Мувофиқи Қонун муқаррар карда мешавад, ки иштирокдорони минтақаҳои махсуси иқтисодӣ аз андоз барои даромад ба муҳлати аз 3 то 10 сол, бо назардошти ҳаҷми сармояҳои гузоштаи онҳо озод карда мешаванд.
Аз ҷумла, ба Кодекси андоз иловаҳое дохил карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо барои сармояҳо дар ҳаҷми аз 3 миллион то 5 миллион дорллари ИМА ба муҳлати 3 сол, дар ҳаҷми аз 5 миллион то 15 миллион доллари ИМА ба муҳлати 5 сол ва дар ҳаҷми аз 15 миллион доллари ИМА ва зиёда аз он ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз барои даромад озод карда мешаванд.
Қонун пешбинӣ менамояд, ки қисмати боқимондаи имтиёзҳо бинобар андоз барои даромад, ки аз ҷониби иштирокдорони минтақаҳои махсуси иқтисодӣ баъд аз 1 январи соли 2020-ум истифода нашудаанд, ба кор бурда мешавад.
Таъкид гардид, ки ба шарофати қабули Қонун аъзои минтақаҳои махсуси иқтисодӣ 47,9 миллиард сӯмро сарфа менамоянд. Дар натиҷа ҳаҷми солонаи истеҳсоли корхонаҳо зиёд мегардад, ҷойҳои иловагии кор фароҳам меоянд.
Сенаторон Қонунро қабул карданд.
Баъд аз ин Қонун «Дар бораи ворид кардани илова ва тағйирот ба баъзе ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон вобаста ба такмил додани қонунгузории андоз ба гумрук» баррасӣ гардид.
Қайд гардид, ки дар кишвари мо ба шарофати такмил додани қонунгузории андоз ва гумрук чун дар тамоми соҳаҳои дигар бинобар вусъат додани фаъолияти ашхоси ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ, барои онҳо фароҳам овардани шароит ва имкониятҳои зарурӣ беҳбудиҳо фароҳам омаданд.
Ба мақсади ба аҳолӣ ва соҳибкорон пешниҳод намудани имтиёзҳои иловагӣ ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйироту иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
Аз ҷумла, миқдори аксизҳо барои хидмати алоқаи мобилӣ коҳиш меёбад, пардохтҳои ҳармоҳаи андози даромаде, ки ба падару модарон (писархондкунӣ) барои хидмати ташкилоти ғайридавлатии таълими томактабӣ ва мактабҳо ба фарзандони онҳо расонида мешавад, то 3 миллион сӯм озод карда мешаванд.
Ғайр аз ин муқаррар карда мешавад, ки дар таркиби воридоти умумӣ даромадҳое, ки донишҷӯён аз хидматҳои пулакии курсҳои таълимӣ, маҳфилҳои варзишӣ ва хидматҳои дигари таълимии дар ҳудуди муассисаҳои таълими олӣ ташкилшуда мегиранд ва баъзе намуди хароҷотҳои аз ҷониби қонунгузорӣ муқарраршудаи ташкилоти ғайридавлатии таълими томактабӣ ва мактабҳо, аз ҷумла ташкилотҳои ғайридавлатии таълими томактабӣ ва мактабҳо дар шакли шарикии давлативу хусусӣ дохил карда намешаванд.
Баробари ин воридоти қисмҳои эҳтиётии таҷҳизоти тиббӣ ва маснуот, ҳамчунин маводи барои мақсадҳои тиббӣ истифодашаванда бинобар руйхат, ки бо тартиби муқаррарӣ расмӣ кунонида мешаванд, аз пардохти андоз барои арзиши иловагӣ озод карда мешаванд.
Барои субъектҳои соҳибкорие, ки бо савдои чакана ва хӯроки умумӣ, меҳмонхонаҳо, мусофир ва боркашонӣ аз тариқи нақлиёти автомобилӣ, хидмати техникии воситаҳои нақлиётӣ, хидматҳои компутерӣ, таъмири техникаҳои маишӣ, хидматҳои аграрӣ ва ветеринарӣ, ҳамчунин марказҳои дилхушӣ машғуланд, миқдори 1 фоизаи андози иҷтимоӣ истифода мегардад.
Дар ҷамъомад сенаторон қайд намуданд, ки бинобар ба субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳод кардани имтиёзҳои муваққатии андоз ба рушди соҳаи хидматрасонӣ, сайёҳӣ, бозори сармояҳо ва тиббиёт, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва таъмин сохтани шуғли аҳолӣ имкон фароҳам оварда мешавад.
Қабули Қонун ҳамчунин ба такмил додани низоми андозу гумрук, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард, ки дар ниҳояти кор афзоиши даромади аҳолиро таъмин менамояд.
Сенаторон Қонунро маъқул донистанд. 
Дар ҷамъомади умумӣ инчунин масъалаи ирсол намудани дархости парлумонӣ ба Ҳукумат оид ба тоза кардани маҷрои дарёҳо ва мустаҳкам намудани соҳилҳои онҳо, таъсири манфии истихроҷи конҳои ғайримаъдан ба объектҳои муҳити зист, хоҷагиҳои об ва роҳ баррасӣ шуд.
Ҳукумат оид ба тоза кардани маҷрои дарёҳо ва таҳкими соҳилҳои онҳо, истихроҷи маъданҳои ғайримаъданӣ, кофтани чоҳҳои обҳои зеризаминӣ, самаранок ва оқилона истифода бурдани онҳо «харитаҳои роҳ»-ро таҳия намуда, мувофиқи он корҳои муайян анҷом дода шуданд.
Аз ҷумла, ба мақсади омӯзиши субъектҳои хоҷагидорӣ, ки бо тоза кардани маҷрои дарёҳои ҳавзаҳои об машғуланд ва конҳои регу шағали ғайримаъданро идора мекунанд, тадбирҳои назорати экологӣ андешида шуданд. Дар доираи ин чорабинӣ нисбат ба 58 нафар шахсе, ки ба худсарона фаъолият нишон медиҳанд, ба маблағи 444 миллион сӯм ҷаримаи маъмурӣ андохта шуд.
Сенаторон дар баробари коре, ки давом дорад, ба як катор масъалаҳои боқимондаи проблемавӣ таваҷҷуҳ доданд.
Ҳамин тариқ, зикр гардид, ки корҳо оид ба насби дастгоҳи назоратӣ (эталон) дар минтақаҳои истихроҷи конҳои ғайримаъданӣ, теппаҳои бетонӣ бо нишон додани минтақаҳои наздисарҳадӣ, харитаи топографӣ бо контурҳои тасвиршудаи талвег, тадриҷан мустаҳкам кардани соҳил ва ташкили назорати маркшейдерӣ ба дараҷаи даркорӣ ба роҳ монда нашудааст.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳои муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби вазорату идораҳои масъул дар минтақаҳо субъектҳои хоҷагидорӣ аз ҷойҳои муайяннашуда ғайриқонунӣ ва номуносиб регу шағал мегиранд.
Ин боиси кам шудани обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ботлоқшавӣ ва ифлосшавии минтақаҳои ҳифзи об, таназзули соҳилҳо, кам шудани флораи набототи соҳилӣ, кам шудани дарахтон, инчунин таназзули хок, ҳолати фавқулоддаи инфрасохтори нақлиётӣ ва гидротехникӣ гардид. 
Дар натиҷаи васеъ шудани маҷрои дарёҳо ва аз ҳисоби зиёд шудани бухоршавӣ ва филтратсияи об дараҷаи бо об таъмин намудани киштзорҳои хоҷагии қишлоқ ва қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ паст шуда истодааст.
Ғайр аз ин, дар минтақаҳои муҳофизати дарёҳо корхонаҳои сангрезакунӣ ҷойгир шудаанд, ки оби партови онҳо бе таҳшинкунӣ бевосита ба дарё равон мешавад, ки дар натиҷа дараҷаи олудашавии оби дарёҳо бо маҳсулоти нефт, оҳан ва моддаҳои муаллақ ва шинокунанда баланд мешавад. 
Бинобар ҷамъбасти муҳокимаҳо қарори Сенат дар бораи фиристодани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирон ба мақсади тавзеҳи ин масъалаҳо қабул гардид.  
Сипас сенаторон масъалаи ирсол намудани дархости парлумонӣ ба Девони Вазирон дар бораи иҷрои барномаи маҳаллигардонӣ дар соҳаи истеҳсолии иқтисодиётро баррасӣ карданд.  
Дар ҷамъомад кори соли 2021 дар асоси барномаи маҳаллигардонӣ дар кишварамон амалишуда мавриди муҳокима қарор гирифт. 
Аз ҷумла, соли гузашта зиёда аз 2000 лоиҳаи истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 24,4 триллион сӯм  ба нақша гирифта шуда, дар амал 1938 лоиҳа ба кор андохта шуд, ки ба шарофати онҳо ба маблағи 30,1 триллион сӯм маҳсулоти саноат истеҳсол карда шуд. Дар доираи ин лоиҳаҳо 254 намуди маҳсулот ба маблағи 411 миллион доллари ИМА содир карда, беш аз 12 400 ҷойҳои нави корӣ созмон дода шуданд.  
Зимни муҳокимаҳо зикр гардид, ки дар доираи лоиҳаҳои амалӣ истеҳсоли чунин маҳсулот аз қабили мошини боркаш барои обкашӣ, насоси пармакунӣ, муҳаррикҳои барқии камқувват, ҳисобкунакҳои ултрасадо ба роҳ монда шудааст.
Сенаторон дар навбати худ ба баъзе мушкилот дар таъмини барномаи маҳаллигардонӣ эътибор доданд.
Дараҷаи пасти маҳаллигардонӣ вобастагии зиёдро аз ашёи хом ва маводи воридотӣ ба миён меорад. Ин боиси баланд шудани нархи маҳсулот гардида, ба қобилияти харидории аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.
Ҳамин тариқ, 115 лоиҳа ба маблағи 1,9 триллион сӯм, ки ба барномаи маҳаллигардонӣ барои соли 2021 ворид карда шудааст, ба кор дароварда нашудааст, бинобар 203 лоиҳа нақшаи истеҳсоли маҳсулоти маҳаллӣ иҷро нагардидааст. 
Иҷрои нақшаҳо оид ба маҳаллигардонии ҶС «Ӯзавтосаноат», Агентии оид ба рушди  соҳаи дорусозӣ, ҶС  «Ӯзмахсусмонтажқурилиш», Ассотсиатсияи  «Ӯзтӯқимачиликсаноат», Ассотсиатсияи «Ӯзэлтехсаноат», дар қисмати минтақаҳо – вилоятҳои Хоразм, Қашқадарё, Андиҷон, Самарқанд пурра иҷро нашудаанд.
Ба ғайр аз ин, ҳолатҳои ба имзо расондани шартномаҳои мустақим бо вайрон кардани қонунгузорӣ ба воситаи портали электронии www.cooperation.uz харид оид ба нархҳои бардошташуда, дар биржа фурӯхтани кооператсияи электронии молҳо ва молҳои воридотӣ аз ҷониби субъектҳои ғайримаҳаллии истеҳсолот ошкор карда шуданд.
Бинобар натиҷаҳои баррасӣ қарори Сенат дар бораи ба Ҳукумат ирсол намудани дархости парлумонӣ дар бораи иҷрои барномаи маҳаллигардонӣ дар соҳаи истеҳсолии иқтисодиёт баррасӣ гардид.
Сипас сенаторон натиҷаҳои дархостҳои парлумоние, ки ба Ҳукумат нисбати андешидани чораҳо оид ба таъмини афзоиши устувори содирот ва диверсификатсияи номгӯи он   фиристода шудааст, баррасӣ намуданд. 
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки Ҳукумат ҷиҳати рафъи мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта, ки ба афзоиши содирот монеа эҷод мекунанд, корҳои назаррасеро анҷом додааст.
Аз ҷумла, ба мақсади барҳам додани мушкилоти ба муносибати дархости парлумонӣ зоҳиршуда лоиҳаҳои дахлдори ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия гардиданд.
Ҳамин тариқ, лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи низомнокгардонии маҷмӯии пойгоҳи меъёрию ҳуқуқии идоракунии сармояҳо ва фаъолияти сиёсати хориҷии иқтисодӣ», ки ба низомнокгардонии қонунгузорӣ, ки фаъолияти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷиро ба танзим меорад, таҳия гардид.
Ба шарофати дархости порлумонӣ барои пешгирии камбудиҳо дар фаъолияти системаи ягонаи иттилоотии электронии амалиёти тиҷорати хориҷӣ чораҳо андешида шуданд. Аз ҷумла, барнома аз серверҳои кӯҳнашудаи Кумитаи давлатии гумрук ба серверҳои замонавии баландсуръати дар Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ насбшуда гузаронда шуд.
Дар баробари ин сенаторон кайд карданд, ки дар ин соҳа як катор камбудиҳо мавҷуданд, ки бартараф намудани онҳо ба афзоиши минбаъдаи содирот мусоидат мекунад.
Дар ҷамъомад мушкилоти Кумитаи давлатии андоз ҳангоми ҷорӣ кардани низоми ҷуброни андоз ба арзиши иловагии корхонаҳои содиркунанда аз нуқтаи назари танқидӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба ғайр аз ин, сенаторон зарурати қабули чораҳои дақиқро оид ба зудтар дар Ӯзбекистон ҷорӣ кардани андозаҳои замонавии байналмилалии фаъолияти суғурта ва маблағгузории пешазсодиротӣ қайд намуданд.
Бинобар ҷамъбасти муҳокима қарори дахлдори Сенат қабул гардид.
Дар ҷамъомади умумии Сенат инчунин натиҷаҳои дархости парлумонӣ дар бораи ҳолати таъмини бехатарии воситаҳои нақлиёти бо лӯлаҳои газ муҷаҳҳазшуда ва иҷрои қонунгузорӣ дар ин соҳа, ки бо қарори Ҳукумат аз нав мавриди баррасӣ қарор гирифтааст,  баррасӣ гардид.
Аз ҷумла, дар 196 стансияҳои газпуркунии компрессории автомобилии кишвар 1300 камбудӣ ошкор карда шуда, дар 815 истгоҳ камбудиҳо сари вақт бартараф карда шуда, фаъолияти 70 нуқтаи сӯзишвории газ муваққатан боздошта шудааст, ки онҳо барои ҳалли мушкилоти мавҷуда чора наандешидаанд.  
Дар баробари ин аз рӯи баъзе масъалаҳое, ки дар дархости парлумонӣ ба миён гузошта шудаанд, ҷавобҳои асоснок дода нашудаанд. Аз ҷумла, иҷрои талаботи қарори Девони Вазирон аз 11 октябри соли 2017 таҳти рақами 815 пурра таъмин нагардида, сарфи назар карда шудааст.
Имрӯз тамоми автобусҳои русуми «MAN A 22 CNG»-и истеҳсоли КМ ҶММ «JV MAN Auto-Uzbekistan», ки бо лӯлаҳои гази табиии фишурдашудаи-3 муҷаҳҳаз шудааст ва мусофир мекашонанд, ба аҳолӣ  бидуни гузарондани назорати техникӣ хидмат мерасонанд.
Инчунин, ҷавоби дақиқ нисбати дар лабораторияҳои озмоишӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гузарондани озмоиши техникии лӯлаҳои газ, ки ба воситаҳои нақлиёти боркашону мусофиркашон насб карда шудаанд, тақдим карда нашудаанд.
Дар рафти муҳокима сенаторҳо қайд карданд, ки дар сатҳи ҳукумат ба ҳавасмандгардонии истеҳсоли баллонҳои газӣ дар кишвар, ки ба талаботи техникӣ ҷавобгӯ ва бехатарии онҳо пурра кафолат дода мешавад, эътибори зарурӣ дода намешавад.
Ҳамин тариқ, дар давоми солҳои 2020-2022 тақрибан 70 фоизи баллонҳои газе, ки дар мошинҳо насб шуда, баъдан таркида буданд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд. Дар ҷумҳурии мо ҳамагӣ 3 корхонаи истеҳсоли баллонҳои газ мавҷуд аст, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавоб медиҳанд.
Ғайр аз ин, муносибати бепарвоёнаи Кумитаи давлатии бехатарии саноатӣ нисбат ба пешниҳодоти ба вазорату идораҳои масъул барои таъмини бехатарӣ воридкардашуда қайд карда шуд. Ва масъулини Ҳукумат ба ин вазъ муносибати худро баён накардаанд.
Дар ҷамъомад зарурати аз ҷониби Девони Вазирон давом додани ҷорабиниҳое, ки ба рафъи мушкилоти дар дархости парлумонӣ зикршуда нигаронда шудааст, таъкид гардид.
Бинобар масъалаи мазкур қарори дахлдори Сенат қабул шуд.
Сенаторон натиҷаи дархости парлумониро, ки ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳолати хидмати тиббие, ки ба занони ҳомила ва синни таваллуд ва ҳамчунин ширхорон расонда мешавад, фиристода шуда буд, муҳокима намуданд.
Сенаторон таъкид карданд, ки дар бобати масъалаҳое, ки дар дархости парлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд, корҳои муайян анҷом дода шудаанд.
Аз ҷумла, дар зарфи соли 2021 8,8 миллион нафар занони синни таваллуд (98,2 фоиз аз миқдори умумӣ) аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуданд, ки дар 3,9 миллион нафар (44,3 фоиз)-и онҳо бемориҳои экстрагенитал маълум гаштааст. Онҳое, ки чунин беморӣ доштаанд, дар шароити амбулаторӣ ва статсионарӣ 3,5 миллион нафарашон (91,8 фоиз) муолиҷа гирифтанд.
Инчунин дар маҳалҳои кӯҳӣ, биёбон ва душворгузар, ки аз марказҳои ноҳияҳо дур ҷойгир шудаанд, бо мадади «Гурӯҳи духтурони сайёр» 658,5 ҳазор нафар занони синни таваллуд аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуданд. Дар натиҷа дар 275,6 ҳазор нафар (41,9 фоиз) бемориҳои гуногун маълум карда шуд, ки қариб 94 фоизи онҳо курси солимгардониро аз сар гузаронданд.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар пойгоҳи Маркази ҷумҳурии саломатии репродуктивии аҳолӣ, Маркази ҷумҳурии скрининг ва Маркази махсуси тиббии илмиву амалии акушерӣ ва гинекологӣ маркази ягона ва ҳамчунин таҳияи «нақшаҳои роҳ» барои ҳар як минтақа ба вуҷуд оварда шавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки чорабиниҳои ҳалли баъзе масъалаҳое, ки сенаторон дар дархости парлумонӣ нишон додаанд, ба таври бояду шояд андешида нашудааст. Аз он ҷумла дар бобати таъмини мутобиқати сарбории муассисаҳои таваллудхонаҳо бинобар теъдоди ҷойҳои мавҷудаи онҳо ва тибқи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ муайян намуда, нақшаи дақиқ таҳия нагаштааст.
Дар ҷавоб ба дархости парлумонӣ дар бобати масъалаи таъмини кӯдакони ширхор  ва кӯдакони синни бармаҳал бо маҳсулоти озуқавории ивазкунандаи шири модар аз ҳисоби маҳсулоти маҳаллӣ тавзеҳ дода нашудааст.
Қарори Сенат, ки қабул намудани ҳуҷҷати марбути меъёриву ҳуқуқиро дар бобати ҳалли масъалаҳое, ки дар дархости парлумонӣ аз ҷониби сенаторон бардошта шудааст, пешбинӣ менамояд.
Дар ҷамъомади умумии 28-ум сенаторон инчунин масъалаҳои дохил намудани тағйирот ба баъзе қарорҳои Сенат (Шӯрои Сенат)-и Олий Маҷлис ва тасдиқ намудани қарорҳои Шӯрои Сенати Олий Маҷлисро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни ҷамъомади умумӣ аз ҷониби сенаторон 13 масъала муҳокима гардида, аз он ҷумла 4 қонун тасдиқ гардид.
Бо ҳамин ҷамъомади умумии 28-уми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон кори худро анҷом дод.

Хидмати ахбори Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: