ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Дӯстӣ иқтидори бузургест, ки одамонро бо ҳам муттаҳид намуда, онҳоро ба орзую умед ва мақсадҳои наҷибашон мерасонад.

 Ин дунёи пурғавғо барои дӯстию бародариҳо васеъ асту барои душманиҳо танг. Дар маъвои умумиамон – Ӯзбекистони биҳиштосо ҳоло намояндагони беш аз 130 қавму ҳалқият чун фарзандони як оила умр басар мебаранд. Панҷ-шаш соли охир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи  Президент Шавкат Мирзиёев ба мустаҳкамшавии дӯстии халқҳо эътибор афзуд. Баҳри ислоҳи камбудӣ ва норасоиҳои ин ҷабҳа чораю тадбирҳои зарурӣ дида мешаванд. Маълум аст, ки  мувофиқи резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 2011 бо мақсади қавитар гардондани робитаи байни мамлакатҳо, пойдории сулҳу амният ва рушди дӯстии халқҳо 30 июл дар миқёси ҷаҳон Рӯзи дӯстии халқҳо эълон гардида буд. Дар мамлакати мо низ бо қарори парлумон қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи муайян кардани Рӯзи дӯстии халқҳо» қабул гардида, мувофиқи он ҳар сол 30 июл ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо таҷлил меёбад. Инчунин барои ҳавасманд гардондани шаҳрвандони муносиб нишони сарисинагии «Дӯстии халқҳо» низ таъсис ёфтааст. Якдилию ҳаммаслакӣ, кору эҷоди устуворона дар роҳи мақсади ягона – ободу фаровон, озоду мутараққӣ гардондани мамлакат ва бунёди ҳаёти хушбахтона имконият медиҳад, ки Ӯзбекистони соҳибистиқлол дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар арсаи байналмилалӣ ба обрӯю эътибор ва мавқеи назаррас соҳиб шавад. Ҳоло дар мактабҳои мамлакатамон ҷараёни таълиму тарбия ба ҳафт забон сурат мегирад. Аз ҷумла, дар вилояти мо низ таълиму тарбия дар мактабҳои миёна ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ (21-то мактаб), қазоқӣ (11-то) ва тоҷикӣ (1-то синфи Х дар мактаби рақами 8-и ноҳияи Пешкӯ) фаъолият дорад. Дар ДДБ гурӯҳи тоҷикии забон ва адабиёти тоҷик (курси lV) мавҷуд аст. Имсол дар ин ҷо боз як гурӯҳи тоҷикӣ ташкил хоҳад гардид.
Ширкати телевизион ва радиои вилоят барномаҳои худро ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ ва тоҷикӣ идома медиҳад.
Дар нашриёти «Бухоро» китобҳои эҷодкорони маҳаллӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ интишор меёбанд.
Яке аз марказҳои тамаддун Бухоро дар давоми ҳазорсолаҳо барои қавму миллатҳои гуногун сарзамини ягона ва ватани азиз буд ва ҳаст. Масъалаи дӯстии халқҳо, якдигарфаҳмию якдилӣ, таҳаммули байнидинӣ дар ин ҷо решаҳои амиқи таърихӣ дорад. 
Мо ифтихор дорем, ки аввалин шеърро  дар бораи дӯстӣ поягузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асри Х дар Бухоро гуфтааст:
Ҳеч шодӣ нест андар
 ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори 
рӯи дӯстон...
Имрӯз низ дар вилоят қавму миллатҳои гуногун, ки  Қомуси бахтамон – Конститутсияи Ӯзбекистон ба баробарҳуқуқию озодӣ ва ҳифзи манфиатҳои онҳо кафолат додааст, аҳлу тифоқона умр ба сар мебаранд.
Ҳоло дар вилоят ёздаҳ маркази миллию маданӣ: тоҷику форс, рус, тотору бошқирд, қазоқ, корейс, поляк, туркман, озар, турк, яҳудӣ, немис баҳри пойдории анъанаҳои неки дӯстию рафоқат, садоқат ба  арзишҳои миллию умумиинсонӣ, тарғиби ҳаммаслакию ҳамҷиҳатӣ, фазилатҳои одамгарию меҳру оқибат, пос доштани расму оинҳои аҷдодӣ кӯмак мерасонанд.
Дар Бухоро  созмон ёфтани шуъбаи вилоятии Ассотсиатсияи миллии ташкилотҳои нодавлатию нотиҷоратии Ӯзбекистон ва «Хонаи дӯстӣ» аз ҷумлаи ислоҳотест, ки бо ташаббуси сарвари давлат ба амал меоянд. Биное, ки баъди харҷи 750 миллион сӯм маблағ табъи дил таъмир ёфта, муҷаҳҳаз гардид, ба ихтиёри онҳо дода шуд. Ба ташкил ёфтани шуъбаи вилоятии Маркази миллию мадании корейсҳо бештар аз 30 сол вақт гузаштааст. Ин марказ бо мақсади шиносонидани маданияти миллӣ, забон ва анъанаҳои куриёҳо, афзун гардондани фаъолнокии шаҳрвандон бобати иштироки онҳо дар корҳои давлатию ҷамъиятӣ ва мустаҳкамсозии дӯстию ҳамҷиҳатии байни халқҳо созмон ёфтааст.
Имрӯз дар вилоят 1832 нафар намояндагони миллати корейс истиқомат мекунанд. Онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти вилоят фаъолона иштирок намуда, ба тараққиёти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Дар вилоят барои инкишофёбии фарҳанг, анъана ва расму оинҳои онҳо имкониятҳои қулай фароҳам оварда шудааст. 
– Мо низ чун дигар халқҳои кишвар тақдири худро ба ҳамин Ватани муқаддас пайваста, бахту иқбол ва ояндаи худро бо  ояндаи вай муштарак мебинем. Дар давраи роҳбарии Президент Ш. Мирзиёев дигаргуниҳои азим  рух медиҳанд. Комёбиҳо моро хеле рӯҳбаланд месозанд. Ба сарвари давлат вақт, имконият додан лозим, ки вай нақшаҳои оғозкардаашро ба охир расонад,– гуфт раиси бахши вилоятии Маркази миллию мадании корейсҳо Родион Ли ҳангоми суҳбат бо мо. – Мо низ ҳамчун шаҳрванди ҳамин диёр сарфарозем, ки бо ҳамроҳии ҳамқавмҳоямон баҳри рушди Ӯзбекистон саҳм мегузорем, – илова намуд вай.
Ба муаллифи ин сатрҳо борҳо лозим омадааст, ки дар бисёр тадбиру чорабиниҳои дӯстии ин ҷо иштирок намуда, арзи дили роҳбарони марказҳои миллию маданиро бобати рӯзгори ободу осоишта ва хушбахтонаи қавмҳои маскуни вилоят чун рамзи шукрона шунавам. Азбаски ин гуфтаҳо моҳиятан ба ҳам хеле наздиканд, мо ин ҷо аз овардани андешаҳои ҳар яки онҳо худдорӣ намудем.
Таъкид кардан лозим аст, ки роҳбари давлат, аз рӯзҳои аввали фаъолияташ сиёсати басо оқилонаро пеш гирифта, дар навбати аввал бо мамлакатҳои ҳамсоя муносибатҳои дӯстонаро ба роҳ монд. Хусусан эҳёи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек, кушодашавии сарҳадҳо ва рафтуои  халқҳоямон воқеаи муҳими таърихӣ гардид. Имрӯз, дар қатори меҳмонони дуру наздик, сайёҳони гӯшаву канори олам, дӯстони тоҷикистонӣ низ ба сарзамини мо ташриф меоранд. Бо ташаббуси  роҳбари Маркази миллию мадании тоҷику форси вилояти Бухоро – «Офтоби суғдиён» Рауф Авезов солҳои охир вохӯрии аъзоёни марказ бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, ҷамоаи рӯзномаи «Ҷумҳурият»-и Тоҷикистон ва ғайра ба амал омад, ки ин дар ҳаёти марказ воқеаи таърихӣ аст. Вақте ки ин қабил вохӯрию  мулоқотҳо самимию дӯстона ва беғубор мегузаранд, дилҳоро ба ҷӯш меоранд. Зеро «лисонул-ғайб» Ҳофизи Шерозӣ беҳуда нагуфтааст:
Дарахти дӯстӣ биншон, 
ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, 
ки ранҷи бешумор орад.

Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

,

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: