ЧОРАБИНӢ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Дар вақти таътили тобистона ба мақсади пурсамар истифода бурдан аз вақти холии бачаҳо дар ноҳияи Чуст корҳои ибратбахш ба амал татбиқ мегарданд.

Бо тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мунтазам шуғл варзидан ва бо ин роҳ мустаҳкам намудани саломатии онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда шудааст.
Дар истироҳатгоҳи «Баркамол авлод» 640 нафар бачаҳои аз 7 то 14 солаи шаҳри Намангон, ноҳияҳои Чуст ва Поп истироҳат мекунанд. Сиҳатии онҳо таҳти назорати духтурон ва ҳамшираи тиббӣ буда, рӯзе чаҳор маҳал бо хӯроки гарм таъмин мебошанд.
Барои ташаккули ҷаҳонбинии бачаҳо озмун ва чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ баргузор мешаванд. Чорабиние, ки аз тарафи Маркази милливу мадании тоҷикони вилоят дар доираи лоиҳаи гранти давлатие, ки аз тарафи Бунёди ҷамоатии дастгирии институтҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва созмонҳои ғайридавлатию ғайритиҷоратии назди Олий Маҷлис эълон гардида, таҳти мавзӯи «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо» баргузор шуд, аз ин ҷумла мебошад.
Дар китобхонаи истироҳатгоҳ суҳбатҳои адабиву бадеӣ таҳти мавзӯи «Нависандаи дӯстдоштаи ман», «Қаҳрамони дӯcтдоштаи ман» ва «Завқи шеър» баргузор гардид, ки барои бачаҳо хотирмон буд. Меҳру муҳаббати бачаҳоро нисбат ба шеъру адабиёт дарк намуда, ба андешае омадем, ки бачаҳои имрӯз китоб мехонанд, бештари вақташонро ба мутолиаи китоб мебахшанд. Баҳсу мунозира ва фикру андешаҳое, ки аз тарафи онҳо изҳор гардид, собити андешаҳои мо мебошад. Ба онҳо аз тарафи Маркази милливу мадании тоҷикони вилоят китобҳо туҳфа шуд. Мусобиқаҳои варзишӣ, баромадҳои бадеии сурудхонони ҷавон ба волидони бачаҳо, ки барои дидорбинӣ омада буданд, кайфияти хуш бахшид. 
– Чорабинии имрӯза нафақат ба бачаҳо, балки ба ҷамоаи омӯзгорони истироҳатгоҳ низ таассуроти хотирмон гузошт, – гуфт роҳбари фароғатгоҳ Фурқат Ҳакимов. – Аз ифтихорнома ва туҳфаҳо бачаҳо болидахотир гардиданд.

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: