(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта).
– Аброрро ба саҳро нафиристодед?
– Аз куҷо – о? Хонаобод мехонам гуфта, шаҳр ба шаҳр гаштааст. Мавсим гузарад, тамом, аллоҳу акбар! – даст ба рӯ кашид ӯ. – Ба аспакӣ ҳам коҳ ёфтан мушкил.
Аз аъмоли ба пиндораш бепояи писари хонадон ва оқибати корҳову ояндаи норӯшани зимистони дар пеш сидқан ғам мехӯрд бобои Сафар. – Чӣ ҳоҷати ташвиш! Худи ҳаннотон мошин-мошин коҳро ба деҳа мерасонанд, баъдан, то зимистон ҳоло як олам вақт ҳаст, – гуфтам ман ва гардан кашида, ба шеби Ипор нигаристам. Ниҳоят гулӯ даронда ва дуди сиёҳеро аз димоғ берун афканда трактир ба тарафи мо наздик мешуд.
– Э ҳа-а... Аҷаб одами беғамед шумо, ҳамсоя. Сабил, нархашро намегӯед, – дар осмони ҳафтум, одамро мегазад. Як қошуқ сафедӣ мехӯрем гуфта, охир аз даҳонамон оби сиёҳ меояд, – афсурдахотир ҷабин молид бобои Сафар ва лаҳзае нафақаи худро пеши назар овард магар, ангуштони дарозу қоқашро лолавор кушода ва дубора баставу рӯи зонувон қарор дод, – мурод, ку ҳамон пули сабил, шармгоҳи кайк барин нафақапулӣ медиҳанд, онро низ дар таъхир! То дасти мо – бечораҳо мерасад, ки аз лабаш пучида-пучида шутурча месозанд. Ё Оллоҳ... – Ноаён оҳ кашид мӯйсафед.
Трактир пули Хоҷамастро гузашта, бо ҳамон пат-пати гӯшхарош аз хамгашти осиё намудор шуд.
– Ё тавба-а..., – дубора риши худро ба панҷа гирифт бобои Сафар. – О холӣ-ку, ҳамсоя.
– Холӣ? – аз ҷой хестам ман низ ҳайратзада.
Трактир дар назди мо қарор гирифт.
Трактирчӣ марди қадпасти кулӯла, аз бари кабина – дар надошт он, шояд ҳар ду дарашро ба мӯҷиби бодраҳа махсус гирифта мондаанд – гардани кӯтоҳашро базӯр берун бароварда, чизеро пурсид, аммо овози ӯро, ки бештар ба қут-қути мурғ шабеҳ буд, садои саманди оҳанӣ фурӯ бурд. Аз китф дарҳам кашидани ману пешонӣ гиреҳ сохтани бобои Сафар фаҳмид, ки мо сухани ӯро нашунидем, ё мағзшикан накардем. Пас, чанбари рулро дошта, ба замин фаромад. Садои муҳаррик оромтар шуд, ларзиши бинниаш – садогири он ҳам ба эътидол даромад. Акнун дуди начандон сиёҳе ба ҳаво хеста, ҳалқа-ҳалқа ба мушти бепанҷаи калтути бобои Сафар мепечид. Трактир сип-сиёҳ, аз ҳар ҷояш равған заҳида бо чанги роҳ омехта буд. Чунин ба назар мерасид, ки соҳибаш ба вай раҳме накарда, бисёр давондааст ва ҳоло аз сару тани ин саманди оҳанпайкар арақ мешорид...
Меҳмон бо ман вохӯрдӣ кард, ба бобои Сафар даст рӯи сина монда салом дод. Чанд ҳарфи маъмулӣ радду бадал шуданд. Риши тунуки меҳмонро боди нохост бедоршуда ларзонд, бурути зарди башумораш низ ба бозӣ даромад.
– Хонаи Эшонбобо дар кадом кӯча? – ниҳоят ба мақсад гузашт меҳмон.
Нигоҳи ману бобои Сафар дар тааҷҷуб ба ҳам хӯрданд. Мӯйсафед аз фарози бом дурусттар ба бордони трактир нигарист. Он ҷо чанд сар бузу гӯсфанд аз бардорузани роҳ монда шуда, пойҳояшон зери шикам гӯё ба ғанаб мерафтанд. Чандин халтаи даҳонбаста, – эҳтимол ғалладона буданд, – болои ҳам чида шудаанд. Дар гӯшае болои як дарза алаф тарбузу харбуза... Боз бастаҳои бешуморе...
– Э-ҳее..., – гуфт бобои Сафар дар рағбати бедор. – Ҳамааш барои Эшон?
– Ҳа, барои Эшонбобо, ҳадяи мардум..., – мухтасар шарҳ дод меҳмон ва тоқиашро аз сар гирифта, ҷабини арақшорашро бо остин пок кард. Пас аз он, ки ба сару гарданаш шамол расид, тоқиро дубора дар мақомаш гузошт.
– Назру ниёз, гӯед.
– Ҳа, – хоксорона гардан каҷ намуд меҳмон.
– Аммо... кадом Эшон? – дар ҳайрат абрӯ боло кашид мӯйсафед.
– Асадхон.
– Валлоҳ, ки, ин хел одам надорем.
– Чӣ хел? – мутаҳаййир гашт меҳмон.
– Аз Пасурхӣ будагист, – ба имои сар самти талҳои оғӯш ба оғӯши сурхро, ки дар пояи он мардуми наҷибе зиндагӣ доштанд ва худро қутби дин меҳисобиданд, нишон дод бобои Сафар. – Макони хоҷаву эшонҳо он ҷост. Чашмаи Лолоро убур карда, рост ба пошнаи талҳои сурх меравед.
Меҳмон ҳам ба он тараф назар давонд ва як дам ба андеша рафт, дар ҳолати аҷибе як ба мо, як ба трактири худ нигарист. Шояд ба он деҳаи роҳаш андаке дур рафтанро фикр кард, ё...
– Эшони Асадхон, аз Сафедорон... Ё ман ин қадар роҳро беҳуда тай задам?
Бобои Сафар риши сафедаш дар панҷа ба фикр фурӯ рафт. Гӯё дар ҷустани Эшонбобо хаёлан сар то пои Сафедоронро тай зад, нишони ӯро аз миёни мардуми шиноси деҳаҳои ҳамсоя низ кофтаву ба қиёс гирифт, хуб майна об кард. Аммо бенатиҷа...
Ман ҳам чанд лаҳза номи он азизи Худоро дар зеҳнам гардонда:
– Мулло Асади худамон набошад..., – воқеае ба ёдам расида шукуфон ба бобои Сафар нигаристам.
– Не! Вай як муллои қаторӣ-ку...
– Э садқетон ман, ёфтед, айнан ҳамон кас, – хушҳол шуд меҳмон.
– Мулло Асад киву эшониаш чист! Маро нахандонед, меҳмонҷон.., – луқма партофт бобои Сафар.
– Гуфта буданд, ки дар деҳа маро “Мулло” гӯед, зуд ёфта медиҳанд, – вай пешонии арақшорашро молид ва ба хотир оварда, як-ду нишонаи ӯро гуфт.
– Ҳа-а, – абрӯвонашро боло бурда, дар оҳанги ризо нидо кард бобои Сафар. – Пас, Эшонбобои шумо – бешак муллои мо! Асадбой дар тали Сафедак мешинанд, то хонаашон як қадам роҳ.
Чун нишони манзили Мулло Асадро гирифт, меҳмон дубора савори трактири ҳомили назрҳо ба он тараф раҳсипор гашт. Садои пат-пати он аз фарози Сафедак ба гӯш меомад.
Воқеаи эшонии Мулло Асадро аз ман шунида, бобои Сафар аз дил хандид. Баъд қиёфааш ҷиддӣ аз он баландӣ ба рӯи ҷодаи нотоза туф карда, аз ҷой хест, доман афшонд ва гӯё сахт хафа шуда бошад, беовоз мардуми ҳаннотро дашноме дода, худро ба рӯи пӯстакҳо расонд. Дар даст тасбеҳ пич-пич ба зикру сано даромад... Пайваста тасбеҳ гардонда, боз лаб ба табассум бурд. Аз ҳилаҳои як ҳамдеҳаи худ гоҳ ба завқ омадаву гоҳе дар ғазаб гашта:
– Паҳ, муллои шайтоне! – гуфт зери лаб пиққи хандида ва дубора донаҳои тасбеҳро ба ҳаракат водошт.
* * *
Онҳо ду нафар дар ин дашти тафсон кор мекунанд: яке марди миёнақади гирдарӯ, дигаре андаке қадбаланди сиёҳҷурда, шояд офтоби тобистонро зиёдтар чашидааст. Аввалӣ муллонамост, риши сиёҳаш мураттаб, мудом андешаманд ва зери лаб кадом ҳарфу ҳиҷоҳоро такрор мекунад. Ба сару тани онҳо гарду чанг нишастааст... Раҳсозонанд, охир! Ҳоло дар дили ин дашти бопаҳно пастиву баландиҳоро ҳамвор намуда, ба самти як деҳаи аз маркази ноҳия дур роҳ мекушоянд. Роҳи нав...
Агар боз чанд рӯзак заҳмат кашанд, ба марра хоҳанд расид. Ҳоло аз шафати офтобхез он деҳаи нообод ба чашм мерасад. Аз ҳавлиҳои камшумори заминашон васеъ маълум аст, ки нуфуси андаке дорад он қария. Аз ин масофа ду-се дарахт ҳам намудор буданд ва ғолибан бо вуҷуди сабзи худ таъкид мекард, ки дар ин муҳити мураккаб ягона нишонаи ҳаёту ободиҳо ҳастанд.
Шарифи ХАЛИЛ
(Давом дорад).