САХОВАТПЕША

Хурду калони маҳаллаи «Латифсобунгар»-и ноҳияи Вобканд номи ҳамдеҳаашон Камол Бӯроновро бо эҳтиром ба забон мегиранд.

Зеро ин соҳибкори саховатпеша солҳои зиёд аст, ки ёфтаашро бо дигарон баҳам мебинад. Яъне хайру эҳсон, дастгирӣ намудани эҳтиёҷмандон кайҳост, ки ба мароми зиндагии вай табдил ёфтааст. 
Гуфтан ҷоиз аст, ки ӯ ин амалро на бо даъвати касе, балки бо амри дили худ иҷро мекунад. Вай ба қарибӣ боз як ҳимматбаландӣ зоҳир намуд. Ба 12 нафар фарзандони навраси оилаҳои камдаромади ноҳия дасти ёрӣ дароз карда, дар базмгоҳ  тӯйи суннатии онҳоро гузаронд. Дар маърака роҳбарони секторҳои ноҳия, падару модарон ва хешу табори тӯйшавандагон, меҳмонони зиёд иштирок карданд. Онҳо соҳибони тӯйро бо дасторхони мурод муборакбод намуданд. Ба сабабгорони давра сарулибос, велосипед, тӯҳфаҳои пурқимат инъом гардид. Савту суруд, рақсу бозӣ, шодию хурсандии ҷамъомадагон чун рамзи шукронагии рӯзгор дилҳоро ба ҷӯш овард.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: