ДУОИ МОДАР

Табибе дар олами тиб машҳур буд.

Ӯ ҳар рӯз барои табобати беморон аз як шаҳр ба шаҳри дигаре, аз мамлакате ба мамлакати дигар ба воситаи ҳавопаймо рафта беморонро муолиҷа мекард. Рӯзе хост зудтар ба манзили беморе расад, вале раъду барқ ба амал омаду борону жола чунон рехт, ки ҳавопаймо ба фурудгоҳи дигар шаҳр фуруд омад. Вай таксиеро киро карду роҳи шаҳри беморро, ки ду соатина роҳ буд, пеш гирифт. Вале борони шадид, тундбод ва раъду барқ имкон намедод, ки роҳашро идома диҳад. 
Дар шафати роҳ деҳае буд, он ҷо рафт ва ба хонае даромад. Дид, пиразане бо дуою истиғфор машғул аст. Салом дод ва аз ӯ хоҳиш кард, ки то қатъ гардидани борон ва раъду барқ каме дар ин ҷо монад. Пиразан рухсат дод ва боз ба ибодат машғул шуд. Аз Худо мадад мехост ва истиғфор мегуфт. Табиб дид, ки дар кунҷи хона кӯдаке хобида нола мекунад, лоғар асту рангпарида. Аз пиразан пурсид:
 –Кӯдак чаро мехобад ва агар бемор аст барои чӣ ба табибон муроҷиат намекунад? 
Зан гуфт: 
–Ман чанд маротиба муроҷиат кардам, вале табибон натавонистанд ӯро муолиҷа кардан. Дар фалон шаҳр табиби машҳуре ҳаст, танҳо ӯ маризро даво карда метавонад. Вале ман имкони ба назди ӯ бурдани беморро надорам. Барои ҳамин танҳо аз Худо мадад мепурсам, ки ӯро ба мо расонад.
Табиб гуфт:
– Ин нолаю истиғфори ту маро аз осмон бо раъду барқ ва шамолу борон ба ин ҷо овард, ман ҳамон табибам, ки ту дар орзуяш будӣ. 
Дарҳол ба муолиҷаи бемор шурӯъ кард, кӯдак сиҳат шуд. Зан ба Худо шукрона гуфт. 
Ҳеч гоҳ ноумед набошед!

Таҳияи 
Навбаҳор ҲАМРОҚУЛОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: