БУНГОҲҲОИ НАВИ ТИББӢ
Дар ноҳияи Қароқӯли вилояти Бухоро ба мақсади беҳсозии дастрасии ёрии аввалини босифати тиббию санитарӣ ба аҳолии маҳаллаҳои дурдаст корҳои назаррас ба анҷом мерасанд.
Ба қарибӣ дар маҳаллаҳои «Шӯробод» ва «Мироб»-и ин ноҳия бунгоҳҳои нави тиббӣ ба фаъолият шурӯъ карданд. Дар маросими кушодашавии ин муолиҷагоҳҳо мутасаддиёни ҳокимияти ноҳия, намояндагони ҷамоатҳо ва фаъолони маҳалла ширкат ҷустанд. Акнун ба 6 ҳазор нафар сокини маҳаллаҳои мазкур барои истифода аз хидмати тиббӣ роҳи 5-6 километраи то маркази ноҳияро тай кардан шарт нест. Зеро дар бунгоҳҳои нав ду нафар духтури амалиёти умумӣ ва 13 ҳамшира баҳри муоина ва табобати онҳо омода мебошанд.
Гуфтан бо маврид, ки ҳоло аҳолии маҳаллаҳои дурдасттарини «Дарғабоғӣ», «Оқ олтин», «Камолот», «Қаймоқчӣ», «Чандиробод» низ аз чунин имконият бархурдоранд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.
АНОРИ ХУШТАЪМИ ҚУВА
Вилояти Фарғона бо сабзавот ва меваҷоти худ низ машҳур. Хусусан, ноҳияи Сӯх бо картошка, Олтиариқ бо турб ва ангури хӯрданибоб ном баровардааст. Дар ноҳияи Қува бошад, беҳтарин навъҳои анор парвариш карда мешавад. Мегӯянд: “Анори Қува – ба ҷисму ҷон қувва”.
Таҳти ташаббуси Иттиҳодияи анорпарварони Ӯзбекистон ва ҳамдастии он бо Иттиҳоди Аврупо, Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати кишоварзии Ӯзбекистон, Маркази рушди стратегии озуқаворию кишоварзӣ ва тадқиқотҳои байналхалқӣ, ҳокимияти вилояти Сурхондарё дар ноҳияи Шеробод нахустин ҷашнвораи ҷумҳуриявии анор баргузор гардид. Ин чорабинӣ низ воқеан аълосифатӣ ва лаззатнокии анорҳои Қуваро исбот намуд. Аз рӯйи номгӯи “Хуштаъмтарин навъи анор” кластери ихтисосондашудаи “Қува анори”-и ноҳияи Қува ҷойи аввалро гирифт. Аз рӯи номинатсияҳои дигар пирӯзӣ ба корхонаҳои анорпарварии ноҳияҳои Мирзоободи вилояти Сирдарё ва Янгиқӯрғони вилояти Намангон насиб кард.
Дар ҷашнвора намояндагон аз Озарбойҷон, Туркия, Чин, Корея, Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба сифати меҳмон иштирок карданд.Онҳо ба калонии анори парваришкардаи сокини ноҳияи Шеробод М.Абдураҳмонов низ таваҷҷуҳ нигаронданд, ки бо шакл тӯби гандболро ба хотир мерасонд. Анор як килою 580 грамм вазн дошт.
ПИРОНСОЛОН – ГУЛИ САРИ САБАД
Мувофиқи қарори Президент дар бораи чораҳои эъзози солхӯрдагон ва беҳдошти дараҷаи зиндагии онҳо дар ҷойҳо бо иштироки насли калонсол чорабиниҳои маданӣ гузаронда мешаванд. Даҳрӯзаи аввали моҳи октябр “Ҳафтавори мӯйсафедон” баргузор ва дар онҳо пиронсолон гули сари сабад қарор мегиранд.
Дар доираи ҳафтавор аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Тошканд 102 нафар собиқадорони меҳнат аз пойтахт ба Самарқанд фиристода шуданд. Зиёрат кардани ёдгории Хоҷа Дониёр, маҷмӯи Шоҳизинда ва майдони Регистон ба онҳо таассуроти хуб гузошт.
Дар ноҳияи Учтеппаи пойтахт чорабиниҳои маънавӣ ва хайриявӣ ҳамоҳанг шуданд. “Суҳбатҳо сари пиёлаи чой” ба мӯйсафедон хуррамӣ бахшид. Онҳо дар мусобиқаҳо аз рӯйи шоҳмот қувва санҷиданд ва мисле ба ҷавонӣ баргаштанд.
Масъулони ҳокимияти ноҳия аз аҳволи куҳансолтарин сокини кӯчаи Қурилиш Очилбойбобо Орипов хабар гирифтанд, ки 98-сола шудааст. Даҳрӯзаи аввали моҳ даҳрӯзаи дуогириҳост, мегӯянд ташкилотчиёни чорабиниҳо.
САМАРАИ ҲАМКОРИҲО
Ҳамкории Гурӯҳи энергетикии саноатӣ (SEG) бо «Ӯзбекнефтегаз» ва Вазорати энергетика барои рушди нафт ва энергетикаи мамлакатамон заминаҳои тоза меофарад.
Барномаи васеъ сохтани ҳаҷми кофтани нафт татбиқ ёфта, заводҳои коркарди нафт мавриди модернизатсия қарор мегиранд. Саъю ҳаракатҳои якҷоя қабл аз ҳама ба он нигаронда шудаанд, ки мамлакати мо худро бо ашёи хоми карбогидрид ва маҳсулоти нафт таъмин карда тавонад. Ҳамкориамон дар дараҷаи давлатӣ самара мебахшад, мегӯяд сардиректори ҲГЭ Шокир Файзуллоев.
Натиҷаи ҳамин ҳамдастиҳост, ки имрӯзҳо заводи коркарди нафти Фарғона баъди модернизатсия ба иқтидори тоза молик мегардад.
М. ШОДИЕВ,
мухбири “Овози тоҷик”.