ХАБАРҲО

ЛОИҲАҲОИ БУЗУРГИ МИНТАҚАҲОИ ХУРДИ САНОАТӢ

Минтақаҳои хурди саноатӣ дар афзоиши иқтисодиву иҷтимоии ҳар як мавзеъ ҷойи муҳим дорад. Аз ин сабаб, ба масъалаҳои ташкил намудани чунин мавзеъҳо ва бо инфрасохтори зарурӣ таъмин намудани он эътибори алоҳида дода мешавад. Дар вилояти Намангон дар ин самт корҳои васеъмиқёс ба амал татбиқ мегарданд. 

Ҳоло дар як худи шаҳри Намангон 3-то минтақаи хурди саноатӣ мавҷуд буда, дар он 68-то лоиҳае, ки арзиши умумии он 350 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, бо қувваи баланд фаъолият мебарад. Дар натиҷаи он беш аз 7690 ҷойҳои нави корӣ офарида шудаанд. Чунин корхонаҳо ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ ва трикотаж ихтисосонида шудааст. Аз тарафи чунин корхонаҳо бо арзиши 148,2 миллиард сӯм маҳсулот истеҳсол мешавад, ки 393,3 ҳазор долларина маҳсулот  содир мешавад.
Аз тарафи ҶММ «Ideal Tekstil Orzu» лоиҳаи «Истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ», ки арзиши умумии он 20 млрд. сӯм аст, ба кор сар кард, ки ҳоло дар ин корхона беш аз 400 нафар меҳнат мекунанд ва ба ҳисоби миёна ҳар сол 20 млн. долларина маҳсулотро содир менамоянд.
Аз тарафи ҶММ «Вестел текстил» боз як лоиҳаи дӯзандагӣ, ки 15 миллиард сӯм арзиш дорад, фаъолияти кориашро оғоз намуд, ки дар он ҷо 350-то ҷойи нави корӣ офарида шудааст.
Чунин лоиҳаҳо ҳаҷми истеҳсолотро васеъ намуда, барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифат, васеъ гардондани ҳаҷми содирот, ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани фаровонҳолии мардум хидмат мекунад.

Шоҳида ДАМИНОВА.
Вилояти НАМАНГОН.  

АВИАШИРКАТИ ХУСУСӢ – СОҲИБИ БОЗ ЯК САМОЛЁТИ НАВ

Авиаширкати хусусии Qanot Sharq соҳиби боз як ҳавопаймои нави пассажирӣ гардид, ки истеҳсоли Олмон буда, бо ихчамӣ ва сӯзишвориро сарфасозиаш бозоргир мебошад.

 Самолёт дар шаҳри Гамбург аз санҷиш гузаронида шуд ва ба Литва– шаҳри Каунас,аз он ҷо ба Тошканд парвоз намуд. Фурудоии онро роҳбарият ва ходимони авиаширкат, собиқадорони лайнерҳои ҳавоӣ, блогер ва рӯзноманигорон интизорӣ кашиданд. Маросими қабули ҳавопаймои нав дар фурудгоҳ мутантан сурат гирифт. Ҳозирон вориди салон шуданд. Мутахассисон оиди шароитҳое,ки ба пассажирон фароҳам оварда шудаанд, сухан ронданд. Самолёт дорои 140 ҷои нишаст мебошад. Он барои ба амал баровардани парвозҳо бо хориҷ аллакай омода аст.
Авиаширкат соли 1998 ташкил ёфт. Аввал танҳо боркашониро мақсад гузошта бошад, аз соли 2021 барои пассажиркашонӣ низ рухсат гирифт. Ширкат то охири сол хариди боз як самолёти навро ба нақша гирифтааст.

ҚАБУЛИ САЙЁР ДАР ИНСТИТУТИ ТИББИИ ПЕДИАТРӢ

Аз ҷониби Институти тиббии педиатрии Тошканд бо мақсади аз санҷишҳои тиббӣ гузаронидани аҳолии пойтахт қабули сайёр ташкил гардид. 

Баробари бачагон калонсолон низ дар ҳузури духтурон шуданд. Барои аниқсозии бемориҳо ускунаву аппаратҳои замонавии тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Барои аз санҷишҳои ҳарҷонибаи тиббӣ гузаронидан одамони синну соли гуногун аз 12 ноҳияи пойтахт ҷамъ 500 нафар номнавис шуда бошанд, аз ноҳияҳои наздишаҳрӣ низ беморон омаданд ва миқдори умумии муроҷиаткунандагон аз 650 нафар гузашт. Вале посбонони саломатӣ ҳар каси омадаро бо чеҳраи кушод қабул карданд, шикоятҳоро шуниданд, маслиҳатҳои тиббӣ доданд. Айни замон маълулони шароити оилавиашон вазнин бо аробачаҳои худгарди электронӣ, асобағал ва дигар воситаҳои ёрирасон таъмин карда шуданд.
Дар як вақт барои донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои тиббӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ташкил гашт ва якчанд ҳамшираи оянда барои худ ҷои кори дилхоҳ пайдо намуданд.    

КӮМАКИ МОДДӢ БА ДОНИШҶӮЁН

Бо фармони ректори Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон, ки дар он наздик 30 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, 1150 нафар толибони илм ба кӯмаки моддӣ фаро гирифта шуданд. 

Асосан фарзандони оилаҳои камтаъмин, ки дар “дафтарҳо” номнависанд, аз нигоҳи моддӣ дастгирӣ ёфтанд. 365 нафар донишҷӯе, ки дар асоси грант мехонанд, 783 нафаре, ки дар асоси шартнома ҳақи таҳсилро мепардозанд, аз фармони хайрандешонаи ректор миннатдор будани худро изҳор карданд ва гуфтанд ҷавобан ба ғамхориҳо дар омӯзиш ва рафтору кирдор ба дигарон намуна мешаванд.

М.ШОДИЕВ, 
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: