Номҳои нав:

Зикруллои Зубайдулло моҳи майи соли 2003 дар деҳаи Ҷавзи ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё дар оилаи омӯзгор дида ба дунё кушудааст.

Аз овони мактабхонӣ машқи шеър мекунад.
Ишқи сухангустарӣ буд, ки баъди хатми мактаби миёна ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуд, аз устодон гирумони сухан омӯхт.
Ин буд, ки машқҳои нахустинаш дар рӯзномаи «Ховар» рӯйи чопро диданд.
Ӯ чанд машқашро ба идораи «Овози тоҷик»  ирсол доштааст. Аз гирумонаш пайдост, ки дар эҷоди шеър хеле заҳмат кашидааст. Суханаш гоҳо образнок сурат мегирад. Вазни шеърро то ҷое аз худ кардааст, медонад, ки қофия чист. Вале донистани вазну қофия ҳанӯз шеър нест. 
Бештар аз ёд кардани шеър ва афзудан ба захираи луғавӣ ӯро бо кӯйи мурод мерасонад. 
Аз машқҳои тозаи Зикрулло чандтоашро интихобан барои алоқамандони каломи бадеъ пешкаш намуда, дар ҷодаи ноҳамвори сухан ба ӯ комёбиҳо таманно менамоем. 
Бахши адабиёт ва ҳунари 
«Овози тоҷик».
МАШҚИ ҒАЗАЛ

Зиндагӣ зебост бо зебоият, зебои ман,
Бе ту ин дунё чӣ торик аст, эй дунёи ман.
Ишқи ту инак маро овард дар бозори Миср
Чун Зулайхо кош оӣ бар сари савдои ман.
Рӯзи Маҳшар сахт гирам аз бари домони ту,
Чун сабабгорӣ ту бар ин нолаву ғавғои ман.
Ошиқам имрӯзу ин соат ба ту, эй дилрабо,
Ғам надорам чӣ шавад фардову 
пасфардои ман
Медиҳад акси садо дар шаш дари дунё, вале
Чун намеояд ба гӯши ту, гуло, овои ман?
Маст гаштам, масти ишқи ту, аё соқии ишқ,
Бодаи ишқи ту лабрез аст дар  минои ман 
Ҷони Зикруллои ту  захмии теғи ғусса шуд,
Баҳри рафъи ғуссаҳо боз ой, ҷоносои ман!
ДУБАЙТИҲО 

Суханро бо муҳаббат карда оғоз,
Бубахшам мурғи ҷонро боли парвоз.
Ба номи Холиқи яктои олам,
Намоям дафтари рози дилам боз.
***
Аё эй хомаву эй дафтари ман,
Аё эй роздонҳо дар бари ман!
Шумо донед танҳо к-аз муҳаббат
Чӣ савдоҳо биёмад бар сари ман.
***
Намедонам, ба ту, эй дилрабуда 
Зи аҳволи хароби дил чӣ гӯям,
Туро, танҳо туро мепурсаду бас,
Надонам, бар ҷавоби дил чӣ гӯям. 

Зикруллои ЗУБАЙДУЛЛО. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: