Маълуми ҳамагон аст, ки дар таърихи шеъру адаби форсии тоҷикӣ бонувони суханвар зиёд будаанд, вале бонувоне, ки дар соҳаҳои маънавияту маърифат, фарҳангу фалсафа ва умуман илм номвар шуда бошанд, ангуштшуморанд.
Имрӯз дар диёри соҳибистиқлоли мо занону духтароне, ки бори илму маърифатро бар дӯш гирифта, шуҳратёр шудаанду хидмати онон муносиб қадр гаштааст, ифтихори ҷамъиятанд. Мо дар қатори онон метавонем олимаи забоншинос, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Мавлуда Давроноваро бо ҳисси мамнуният ном барем.
Мавсуф аз зиёиёнест, ки дар роҳи илму адаб бебокона гом мезананд. Мавлуда Давронова 14 октябри соли 1957 дар оилаи Аълочии маорифи халқ, собиқадори матбуот Зиёдулло Давронов чашм ба олами ҳастӣ кушода дар муҳити аз маърифату маънавият саршор ба камол расид. Азбаски падараш баробари тарбиятгарӣ пешаи мусаввирӣ низ дошт, ҳам аз сеҳри қалам ва ҳам аз сеҳри сухани қиблагоҳ баҳравар шуд. Ҳанӯз ҳангоми таҳсили мактаби миёна баробари хулқу атвору дониши хуб бо афсуни қалами худ низ дар дили устодон ҷой гирифта буд. Орзу дошт донишҷӯйи Донишкадаи меъморӣ шавад. Аммо... Устоди пуртаҷрибаи мо, адабиётшинос – Аслиддин Қамарзода нақл мекунад: – Боре, дар арафаи иди Наврӯз меҳмони мактаби рақами 47-и шаҳри Самарқанд шудем. Чун ба ин даргоҳи маърифат қадам гузоштем, диққати маро дару девори бо нақшу нигорҳои наврӯзӣ оросташуда ба худ кашид. Лаҳзае таваҷҷӯҳ намудам, дар сурат баробари нақшҳои дилрабо шеъру таронаҳо ва шодбошиҳои наврӯзӣ низ бо як ҷолибияти хос нигошта шуда буданд. Дарҳол пурсуҷӯ намудам, аён гардид, ки мусаввиру нигорандаи ин ҳама толибаи маърифатгоҳ будааст. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки баъди хатми мактаб таҳсилро дар факултаи филологияи тоҷики Самарқанд идома диҳад...
Ҳамин тариқ, Мавлуда таҳсилро дар ин факулта давом дод ва чун толибилми хушхату хушхону пешсафи донишгоҳ шинохта шуд. Пас аз хатми бомуваффақияти ин даргоҳ дар ҳамин ҷо ба тарбияти шогирдон камарбаста гашт.
Ба донишҷӯён хеле самимӣ, меҳрубон, чун модар ғамхор буд. Ба онҳо дар роҳи илмомӯзӣ хаста нашуданро таъкид мекард, донишҷӯе сазовори таҳсини муаллима мешуд, ки дар баробари хубхону серғайрат будан, соҳибхат ҳам бошад. Ӯ ин мисраъҳоро гаштаву баргашта такрор мекард:
Ҳусни хат беҳ зи ҳусни дилдор аст,
Ҳамчу шамъе дар шаби тор аст.
Ҳар гулеро хазон расад з-офат,
Ин гулистон ҳамеша гулзор аст.
Муаллима ҳар як сабақи худро ба таври ғайрианъанавӣ бо зикри шоҳбайт, панду насиҳат ва ё зарбулмасалу мақоле оғоз мебахшид, дар ҷараёни дарсҳои амалӣ бошад, бевосита аз асарҳои бадеӣ намуна оварда, бо дарназардошти фикри донишҷӯён хулосабарорӣ мекард. Агар толибилмони ҳушёру зирак дар дарси муаллима доимо дафтари шоҳбайтҳои худро бо байте ғанӣ кунанд, шогирдони эҳсосӣ ба кофтукови асари навбатии бадеӣ мешуданд. Ин бошад, боиси рӯҳбаландии муаллима мегардид, зеро мақсади асосии ҳар як муаллим ва тарбиятгар, пеш аз ҳама, дар роҳи худшиносӣ тарбият намудани шогирдон аст. Вобаста ба ин услуби хоси худ муаллима ба донишҷӯ аз ҳаёт таҷриба омӯхтан, роҳи зиндагиро равшан намудан, таркиби луғавиро ғановатманд намуда, соҳиби нутқи фасеҳу балеғ шуданро меомӯзонд, зеро тавре ки нависандаи рус Максим Горкий гуфтааст: Асаре нест, ки ба хонанда аз ҳаёту зиндагӣ сабақ надиҳад ...
Бояд гуфт, ки муаллима баъди хатми донишкада чун омӯзгори соҳибилму хушсалиқа падидор шуда бошад ҳам, худ ҳамоно шогирди меҳнаткаш буд ва аз омӯзиши сабақҳои ибратбахши устодон Ботурхон Валихӯҷаев, Раҳим Муқимов, Шавкат Шукуров, Талъат Абдуҷабборов, Солеҳ Ҳалимов, Рауф Маъруфов, Садрӣ Саъдиев, Амон Воҳидов, Аслиддин Қамарзода ва дигарон хаста намегашт. Муаллима дар қадами аввал чун шефтаи илми адабиётшиносӣ бо сарпарастии устод Қамарзода дар мавзӯи “Таърихият ва бадеият дар асарҳои тарҷимаиҳолӣ” машғул шуда, то андозае муваффақ гардид. Ҳангоми пажӯҳиши соҳа андешаҳои худро дар асоси мақолаҳои илмиву адабӣ ба назари аҳли илм пешкаш намуд. Аммо баъдан ба масоили таҳқиқталаби забоншиносии тоҷик, омӯзиши забони осори бадеӣ ва услуби баёни эҷодкор, ки он солҳо диққати аҳли тадқиқро ба худ кашида буданд, майлу рағбати зиёд пайдо кард. Таҳти назари устоди соҳибтаҷриба, забоншиноси маъруф Раззоқ Ғаффоров дар мавзӯи “Воситаҳои тасвири бадеӣ ва вазифаи услубии онҳо дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ” ба сифати муҳаққиқ қадамҳои нахустин гузошт. Муаллима ба таҳқиқи вижагиҳои сабку услуб ва забони осори бархе аз намояндагони барҷастаи адабиёт, аз ҷумла Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Сорбон, Ӯрун Кӯҳзод ва дигарон кӯшида, дар ин ҷода устоди беназир будани Садриддин Айниро дар мақолаҳои илмиву адабии худ бо далелҳои раднопазир собит сохт.
Мавриди зикр аст, ки муаллима дар баробари тарбияи фарзандони худ, ба тарбияи шогирдон низ бефарқ нест. Ин отифаи ҳусн ба утоқи дарсӣ ҳамеша дилгарм қадам мегузорад ва донишҷӯён аз ҳар сабақи вай лаззати маънавӣ мебаранд, як олам таассурот мегиранд. Ӯ ба донишҷӯён аз фанҳои забони адабии ҳозираи тоҷик, забони асари бадеӣ, услубшиносӣ маърӯза мекунад, ҳамзамон барои ҳаллу фасли муаммои ин фанҳо тадқиқот мебарад. Ӯ дар мавзӯъҳои ҷудогона, аз ҷумла “Воҳидҳои фразеологӣ дар “Субҳи ҷавонии мо”-и Сотим Улуғзода”, “Санъатҳои бадеӣ (ташбеҳ) ва вазифаи услубии онҳо дар “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ”, “Воситаҳои нутқ дар асарҳои ҳаҷвӣ-мазҳакавӣ”, “Корбасти калимаҳои шевагӣ дар асарҳои Садриддин Айнӣ”, “Корбасти калимаҳои шевагӣ дар асарҳои Ҷалол Икромӣ”, “Ақидаҳои забоншиносии Ибни Сино” ва ғайра мақолаву гузоришоти илмиву адабиро ба табъ расонидааст. Китоби дарсии ӯ бо номи “Забони тоҷикӣ” (барои синфи 6-ум бо ҳаммуаллифӣ) аз нашр баромада, аз ҷониби Вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон қадр гардид. Ин китоб соли 2007 дар озмуни “Китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии беҳтарин” соҳиби дипломи дараҷаи II-юм, ғолиби шоистаи сармоягузории “Истеъдод” шуд.
Муаллима солҳои дароз ҷонишини декан оид ба корҳои таълимӣ буд. Дар тарбияи шогирдон, самаранокии таълим ва тартибу танзими дастурҳои таълимӣ фаъолона иштирок кард, чун раҳнамои бонувон (солҳои 2000-2011) ба эшон аз гуфтору кирдор ва рафтори ҳамида, чун раиси нуктадону сухансанҷи маҳфили “Суханшиносӣ”-и факулта маъруфу маҳбуб шуд.
Устоди соҳибмаърифат 65-солагиро дар оғӯши наздикон ва хешу ақрабо пешвоз мегирад. Ба олимаи некбину хайрхоҳ саломативу хонаободӣ, муваффақияту комёбиҳо орзу намуда, хоҳони онем, ки ҳамеша маҳбуби дилҳо бошад.
Абдуваҳҳоб ВОҲИДОВ,
Сабоҳат МАҶИДОВА,
устодони факултаи филологияи ДДС.