Субҳи рӯзи дуюм мо, ҳайати ёздаҳнафараи журналистон баъд аз хайрухуши самимӣ бо ҳамкасбони хуҷандии худ ҷониби Душанбе равона шудем.
Ҳар қадар ба ағба наздик шавем, ҳамон қадар виқор ва салобату шукӯҳи кӯҳҳои осмонбӯсро эҳсос менамудем. Амиқ дарк мекардем, ки то сохта ба истифода супурда шудани ин роҳҳои равони мумфарши замонавӣ ва нақбҳои тӯлонӣ дар давраи обшавии яху пиряхҳо ва борону барфҳои шадиди тирамоҳу зимистон дар ин ағбаҳои печидаву хатарнок ронандагону мусофирон чӣ машаққате доштанд. То замони фароҳам омадани чунин имконият онҳо роҳи байни шимолу ҷануби кишвар ё худ миёни шаҳрҳои Хуҷанду Душанберо, ки аз Истаравшан, Шаҳристон, Айнӣ убур мекунад, дар 10-15 соат тай мекарданд, ҳоло бошад ин масофа дар 3-4 соат тай мегардад.
Роҳҳову нақбҳо — пайвандгари минтақаву дилҳо
Қайд кардан ҷоиз аст, ки чанд сол боз, ки дар қаламрави Тоҷикистон роҳи мошингарди пулакии Душанбе – Хуҷанд – Бӯстон – Чаноқ амал мекунад, ки қисмати марказии кишварро бо шимоли он мепайвандад.
Ин роҳ аз ҳисоби вомии Чин дар ҳаҷми қариб 300 млн. доллари ИМА таъмиру азнавсозӣ шуда, моҳи апрели соли 2010 дар асоси шартномаи конссессионӣ ба муҳлати 10 сол ба ихтиёри ширкати «Innovative Road Solutions» (IRS) дода шудааст.
Дар натиҷаи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 5 нақби мошингузар – «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» мушкилоти рафтуомади тамоми воситаҳои нақлиёт аз як минтақа ба минтақаи дигар куллан аз байн рафтааст. Аввалин нақби даврони соҳибистиқлолии мамлакат “Истиқлол” мебошад, ки дар фосилаи 80 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3 ҳазору 372 метр аз сатҳи баҳр, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор кофта шудааст. То ба истифода додани нақби мазкур, ки дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ воқеъ аст, мушкилоти фасли зимистон намегузоштааст, ки сокинони мамлакат анқариб 6 моҳ тавассути ин роҳ рафтуо кунанд.
Дар замони Истиқлол бунёди нақб аз ду самт – шимолу ҷануб оғоз ёфта, моҳи июли соли 2006 расман мавриди истифода қарор гирифт. Бо ифтитоҳи нақби “Истиқлол” ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётии байни тамоми минтақаҳои мамлакат пурра таъмин ва қисмати таърихии “Роҳи бузурги абрешим” эҳё гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 996 метрро ташкил медиҳад. Баробари бунёди нақби «Истиқлол» дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ нақбҳои «Дӯстӣ» ба дарозии 1047 метр ва “Шаҳристон” бо тӯли 5 ҳазору 289 метр низ сохта шудаанд.
Баъди ба истифода додани нақбҳо дар роҳи Душанбе – Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар тамоми фаслҳои сол таъмин гардида, хафву хатаре, ки қаблан вуҷуд дошт, аз байн рафтааст.
Бояд тазаккур дод, ки сафари мо боз аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки аз аввал то охир бо нақлиёти сабукрав сурат мегирифт. Аз ин лиҳоз дар фосилаи роҳ имкон доштем раҳораҳ макону манзил ва шаҳру деҳоти зиёдро бо чашмони худ дида, бо тарзи зисти мардум аз наздик шинос шавем.
Масофа аз Хуҷанд то шаҳри Душанбе дур бошад ҳам, аз тамошои манзараҳои дилангези кӯҳҳои сар ба фалак, деҳу шаҳрҳои зебову озода мафтун шуда, ба Душанбе чӣ хел расиданамонро надониста мондем.
Душанбе, бидуни муболиға имрӯз ба яке аз шаҳрҳои зебою дилорои ҷаҳон табдил ёфтааст. Пайдост, ки барои ин корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дарахту ниҳолҳои ороишиву сояафкан, биноҳои баландошёна, хиёбону боғҳои сабзпӯш шаҳрро бағоят зебову дилнишин кардаанд.
Моро дар назди меҳмонхонаи Ҳилтони пойтахт раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пешвоз гирифтанд.
Зимни истиқбол зикр шуд, ки маҳз бо шарофати ташаббусҳои наҷиби президентҳои муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев робитаҳои ду давлат ба марҳилаи нав ворид гардиданд. Ин раванд аз рушди дурнамои ҳамкории гуногунсоҳаи ду кишвари ҳамҷавор ва дӯсту бародар – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодат медиҳад.
Сутуни иқтисодиёти кишвар
Сипас бо роҳбаладии Зинатулло Исмоилзода роҳи шаҳри Турсунзодаро пеш гирифтем.
Дар саҳни ҶСК Ширкати алюмини тоҷик – сутуни иқтисодиёти Тоҷикистон моро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти корхона ва аҳли фарҳанг истиқбол гирифтанд.
Дар ин ҷо аз осорхонаи ҶСК Ширкати алюмини тоҷик дидан кардем.
Сохтмони заводи алюмини тоҷик соли 1965 шурӯъ шудааст. Аввалин бинои электролизии ин корхона моҳи марти соли 1975 ба кор оғоз кардааст. Охири соли 1977 яке аз калонтарин сехҳои истеҳсоли анодҳои пухта ба истифода дода шуд. Дар корхона айни замон беш аз 6000 нафар кормандон кор мекунанд.
Алҳол корхона дувоздаҳ сехи электролиз, ду шуъбаи рехтагарӣ, се коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти анодҳои пухта ва якчанд коргоҳи ёрирасон дорад.
— Раҳораҳ дидем, ки атрофи корхона саросар сабзу хуррам аст. Ҳатто дар дохили корхона ҳам гулҳои тару тоза парвариш меёбанд. Ин шаҳодат медиҳад, ки бинобар фаъолияти корхона хароб шудани вазъи экологӣ дар як қатор ноҳияҳои ин минтақа чандон асоси воқеӣ надоштааст, — мегӯяд сармуҳаррири рӯзномаи «XXI аср», Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Норқобил Ҷалил.
Замонҳое буданд, ки ба ҳама чиз ангезаи сиёсӣ медоданд. Корхонаи воҳиди давлатии “Ширкати алюмини тоҷик” аз ин дар канор намонда буд. Аммо имрӯз вазъ комилан дигар аст. Бо ташаббуси сарони давлатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ду кишвари дӯсту бародар ба шарикони стратегӣ табдил ёфтанд.
Барои назорат кардани раванди экологӣ корхона дар минтақаҳои сарҳадӣ бо Ӯзбекистон лабораторияҳои худро бунёд кардааст. Ӯзбекистон яке аз харидорони маҳсулоти корхонаи ширкати алюмини тоҷик ба ҳисоб меравад.
Корхона маҳсулотро, ба монанди маводҳои таркандаи саноатӣ, профилҳои алюминӣ, қубурҳои металлӣ ва арматураҳои сохтмонӣ ба хориҷи кишвар, хусусан ба давлатҳои Аврупо, ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қирғизистон, Туркия, Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содир мекунад.
Боздиди навбатии мо аз ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Алюмин Проф» буд, ки бо ташаббуси Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супурда шудааст.
Коргоҳи навтаъсис дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард намуда, аз он наздик ба 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол менамояд. Дар корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюмин барои истеҳсоли дару тиреза, профилҳо барои ороиши берунаи биноҳои баландошёна, ки бо истифода аз шиша оро дода мешаванд, қисмҳои алоҳидаи мебел, карнизҳои гуногуни парда ва боз чандин номгӯй маҳсулоти дигар истеҳсол карда мешавад. Ин номгӯйи маҳсулот асосан ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳо содир гардида, талаботи бозори дохилӣ бо чунин навъи маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолоти худӣ қонеъ мешудааст.
Ангурҳои шаҳдбори содиротбоб
Сипас ба хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон» омадем, ки аз шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 7 километр масофа доштааст. Ин хоҷагӣ дар деҳоти Ҷӯра Раҳмони шаҳри Турсунзода соли 2008 бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумиаш беш аз 500 гектарро дар бар мегирад.
Ҳоло дар хоҷагӣ зиёда аз 10 навъи ангур, аз ҷумла «ҳусайнии сиёҳ ва сафед», «ғалаба», «шоҳона», «пешпазак», «кишмиши сиёҳу сафед», «Президент», ки асосан намудҳои маҳаллии серҳосил мебошанд, парвариш карда мешаванд. «Боғи Сомон» аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор рафта, саҳмдорони он таҷрибаи ғании нигоҳубин ва ангурпарварӣ доранд.
Роҳбарии хоҷагии деҳқонии ангурпарварии «Боғи Сомон»-ро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ шодравон ҳоҷӣ Камол Мадумаров ба ӯҳда доштааст.
Дар хоҷагӣ ба таври доимӣ 1000-1100, дар мавсим 4500-5000 нафар меҳнат мекардаанд. Заҳматкашони он дар таъмин кардану сарпур сохтани бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳми босазо доранд.
Ин маҳсулоти дорои сифати баланд ва хуштаъм баробари таъмин сохтани фаровонии бозори дохилӣ ба Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон содир мешудааст.
Шерпӯлод ВАКИЛОВ.