ХОҶА АЛИИ РОМИТАНӢ-АЗИЗОН
Хоҷа Алии Ромитанӣ (1194-1316/21) дар «силсилаи заҳҳаб», яъне «силсилаи заррин», ки аз паёмбарамон (с.а.в.) шурӯъ мешавад, баъди пири худ – Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ ҳалқаи 13-ум ба шумор меравад. Ин зоти шариф соли 1194 дар деҳаи Қӯрғони ноҳияи Ромитани вилояти Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1316 (ё 1321) дар Хоразми бостонӣ – шаҳри Урганҷи Куҳнаи вилояти Тошҳавзи тобеи Туркманистони имрӯза вафот кардааст. Дар байни халқ маълумот доир ба 130 сол умр дидани ӯ васеъ доман густурдааст.
Бино ба маълумоти дастрасшуда, ин шайх миёнақад буда, чеҳраи зебо доштааст.
«Хоҷаи азизон»
Халқ ба ӯ бо ибораҳои «Ҳазрати азизон» ва «Хоҷаи азизон» арҷ гузоштааст, ки «азизон» маънии авлиёро дорад.
«Хоҷаи нассоҷ»
Пайдост, ки аксарияти сӯфиён, бахусус, намояндагони тариқати хоҷагон-нақшбандия умри худро бо касбу кори ҳалол пушти сар гузоштаанд. Шиори «Дил ба ёру даст ба кор» низ инро тақозо кардааст. Ромитанӣ бо касби нассоҷӣ, яъне бофандагӣ сарукор дошт. Дар манбаъҳо ӯро «Хоҷаи нассоҷ» низ гуфтаанд. Дар тазкираи «Нафаҳот-ул-унс мин ҳазарот ил-қудс» байте оварда шудааст, ки дар он Ромитанӣ бо номи «Хоҷаи нассоҷ» ба забон гирифта шудааст:
Гарна илми ҳол фавқи қол будӣ,
кам шудӣ,
Банда аъёни Бухоро Хоҷаи
нассоҷро.
Маънии байт: Агар илми ҳол (илми ботинӣ – тасаввуф) аз илми қол (зоҳирӣ, яъне илме, ки бо роҳи ақл бо он расанд) бартарӣ надошт, аъёни Бухоро ба дунболи Хоҷаи Нассоҷ намерафтанд.
Рамзе, ки бофанда дарёфтааст
Мисли ҳамин, вақте аз Ромитанӣ суол мекунанд, ки «Имон чист» бо ишора ба шуғли бофандагӣ посух медиҳад: «Кандан ва бофтан». Ин иқтибос аз Абдураҳмони Ҷомист. Навоӣ ин маъниро дар яке ғазалҳояш ба туркӣ ифода кардааст.
Воқеан, бофанда риштаҳоро канда ба ҳам мепайвандад. Шояд суоле ба миён ояд, ки «Ин ба имон чӣ иртибот дорад?» Ин ҷо ҳар як вожа рамзист. Ромитанӣ дар ин маврид дил аз дунё канда, ба Худо пайвастанро дар назар дорад.
Қабри Ромитанӣ дар куҷост?
Дар Бухоро зиёрат кардани ҳафт пир дар як рӯз одат шудааст. Дар ин маврид тартиби силсилаи пирон риоя мешавад. Яъне зиёрат аз қабри Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ шурӯъ гардида, дар қабри Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ба охир мерасад. Зоирон барои зиёрати қабри Хоҷа Алии Ромитанӣ ба қабристони деҳаи Сари Бӯстон, ки дар наздикии деҳаи Қӯрғони ноҳияи Ромитан воқеъ аст, мераванд. Зеро дар ин ҷо қабри рамзии Ромитанӣ мавҷуд аст. Тӯли солҳои истиқлол болои ин қабр мақбара сохта шуд, дар шафати мақбара масҷиди ҷомеъ қад афрохт. Ҳоло ин мавзеъ яке аз зиёратгоҳҳои серодам аст.
Ин зоти шарифро, дар асл, дар шаҳри Урганҷи Куҳнаи вилояти Тошҳавзи Туркманистони кунунӣ дафн кардаанд. Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ инро тасдиқ намудаанд. Он ҷо дар болои қабри пир мақбараи муҳташаме низ бунёд гардидааст. Ин маҷмаа дар байни халқ бо номи «Зиёратгоҳи сесаду шаст пир» машҳур аст. Ромитанӣ дар охирҳои умри худ дар Хоразм зиндагӣ карда, хонақоҳ созонда, дар ин воҳа барои густариши ғояҳои тариқати хоҷагон саҳм гузоштааст. Пас, маълумоти «Энсиклопедияи миллии ӯзбек» (ҷилди 7, саҳ. 358, соли 2004) дар хусуси он, ки Ромитанӣ дар деҳаи Сари Бӯстон дафн шудааст, ба ҳақиқат рост намеояд.
Зиёрати қабри рамзӣ раво бошад
Аз Ромитанӣ асари «Маноқиби Хоҷа Алии Ромитанӣ» мерос мондааст. Дар он ақидаҳои ирфонии авлиё, асосҳои тариқати хоҷагон-нақшбандия ва 10 шарти тариқат инъикос ёфтааст.
Ҳашт рубоии Ромитаниро номзади илмҳои филологӣ Эргаш Очилов аз форсӣ-тоҷикӣ ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст.
Фикр мекунам, зиёрати қабри рамзии Хоҷа Алии Ромитанӣ раво мебошад. Зеро ин мавзеъ Ватани аслии ин зоти шариф буди, қисми зиёди умри ӯ дар ин ҷо сипарӣ гардидааст.
Бояд аз касе, ки писанди ту нест, канора ҷуст?
Нуқтаи назарест, ки мегӯянд: «Бузургон яксон меандешанд». Ин маънии онро дорад, ки сарфи назар аз он ки дар Шарқ ё дар Ғарб ва дар кадом замон гуфта шудаанд, хулосаи инсонҳои доно дар бораи одаму олам ба якдигар монанданд.
Дар боло гуфтем, ки Абдураҳмони Ҷомӣ дар тазкираи «Нафаҳот-ул-унс...» ба як байти Ромитанӣ истинод овардааст. Алишер Навоӣ ҳангоми ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани тазкираи пиру устоди худ боз як рубоии валии бузургро ба хонандагон пешниҳод кардааст, ки ин аст:
Бо ҳар кӣ нишастию нашуд
ҷамъ дилат,
В-аз ту нарамид суҳбати обу
гилат.
Зинҳор зи суҳбаташ гурезон
мебош,
Варна накунад рӯҳи азизон
биҳилат.
Дар рубоӣ роҳи оқилонаи аз ҳолати рӯҳӣ баромадан нишон дода шудааст. Яъне, даъват ба миён оварда шудааст, ки аз суҳбати касе, ки табъи дилат нест, бояд бигрезӣ. Охир барои гарм шудани суҳбат, бояд дилҳо ба ҳам бипайванданд. Суоле ба миён меояд, ки ҳангоми тарҷумаи «Нафаҳот-ул-унс» Навоӣ чаро маҳз ин рубоии Ромитаниро илова намудааст? Зеро ин рӯбоӣ ба Навоӣ писанд афтодааст. Дар ғазали 384-уми девони «Ғароиб-ус-сиғар» ин ғоя ифода ёфтааст:
Бо ҳама ёрони дилхоҳат
ҳамеша шод бош,
Дил нахоҳад ҳар киро,
аз суҳбаташ озод бош
Дар ин байт таъсири бевоситаи
Ромитанӣ эҳсос мешавад.
Мансури Ҳаллоҷ чаро худро ба дор овехт
Бисёриҳо сабаби инро хуб медонанд. Мансури Ҳаллоҷ (858-922) барои он ки «Ана-л-Ҳақ», яъне «Ман Худо ҳастам» гуфт, ба дор овехта шуд. Вале ин шайх ба Худо шак наовардаст. Баръакс гуфтааст, ки «Бо тазкияи рӯҳ ба Ҳақ расидам, давлати васли Ӯро пайдо кардам». Вале ин ғояро ӯ дағалона ифода карда буд, ки зоҳиран чунин менамуд, ки зидди шариат аст. Ин фикри Хоҷа Алии Ромитанӣ дар олами ислом хеле машҳур шудааст, ки фармуда: «Агар яке аз фарзандони Хоҷа Абухолиқи Ғиждувонӣ мебуд, Мансур ҳаргиз ба зери дор намерафт». Бо ин ӯ чӣ гуфтан мехоҳад? Гуфтан мехоҳад, ки Мансури Ҳаллоҷ фикри хаторо ба миён нагузоштааст. Лекин ин фикрро ӯ рӯйирост ва бепарда баён карда буд. Поягузори тариқати хоҷагон Хоҷа Абдухолиқи Ғиждувонӣ дар тасаввуф роҳи муътадилро боз намуд. Дар ин тариқат сӯфӣ ғояи «Ана-л-Ҳақ»-ро ошкор намесозад, дар дил нигоҳ медорад.
Дар назди сӯфиён ҳаҷми замин чӣ миқдор аст?
Дар тасаввуф ин суоли анъанавист. Яке ба ин суол ҷавоб гуфтааст, ки «ҳаҷми замин як каф аст». Хоҷа Алии Ромитанӣ посух додааст: «Замин дар назди ин тоифа як суфрача аст», яъне дар назди сӯфиён замин ба андозаи як дасторхон бошад». Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд ин фикрро як андак тағйир додааст: «Мо мегӯем, ки ба андозаи рӯйи як нохун аст».
Пири панҷ Муҳаммад
Ромитанӣ панҷ муридро бо номи Ромитанӣ тарбия намудааст. Онҳо Хоҷа Муҳаммад – писари худ, Хоҷа Муҳаммад Қуларуз ва Хоҷа Муҳаммади Хоразмӣ, Хоҷа Муҳаммади Балхӣ ва Хоҷа Муҳаммад Бобои Бухороиянд. Ромитанӣ ваколати пириро, баъди худ, ба шогирди хеш Хоҷа Муҳаммад Бобои Самосӣ супурдааст.
Султонмурод ОЛИМ,
адабиётшинос, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.