ХАБАРҲО

ҒАЛЛА - РИЗҚУ РӮЗӢ

Деҳқонони вилояти Самарқанд ният доранд, ки бо кӯмаки механизаторон дар соли оянда дар 94 ҳазору 230 гектар майдон ғалла кишт карда, барои бехатарии озуқаворӣ саҳми арзанда гузоранд.
— То имрӯз дар 90 ҳазор гектар майдон тухмии хушсифати ризқу рӯзии мо кишт шуд, – мегӯяд нозир ва котиби матбуоти садорати идораи «Узагроинспексия»-и вилояти Самарқанд Абдувалӣ Худоёров,— ҳар рӯз дар беш аз ҳазор гектар майдон ғалла пошида, обёрӣ мешаванд. Бо тавсия ва маслиҳати олимону мутахассисони соҳаҳои хоҷагии қишлоқ навъи маҳаллии «Давр», «Звезда», «Таня», «Зарафшон» ва ғайра парвариш меёбанд.
Хоҷагиҳои  фермерии ба тухмӣ ихтисосшуда дар 10 ҳазор гектар майдон ғалла кориданд.
Хушбахтона боришҳои зиёди рӯзҳои охир барои сабзидани тухмии ғалла айни муддао шуд.

Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.

ШУМОРАИ МИНТАҚАҲОИ ХУРДИ САНОАТӢ МЕАФЗОЯД
Имрӯз ба кадом соҳа назар андозем, шоҳиди бунёдкориҳо, ҷустуҷӯ ва навгониҳо мешавем. Хусусан корҳои дар соҳаи саноат татбиқшуда, рушди босуръати ҳаракати соҳибкорӣ хурсандибахш аст. Дар ин бобат ташаббускорони тӯрақӯрғонӣ низ қадамҳои устуворона мегузоранд. 
Дар ноҳия 6 минтақаи хурди саноатӣ ташкил карда шуда, аз ҳисоби татбиқи 40 лоиҳаи арзиши умумииашон 263,7 млрд. сӯм таъсиси 2876 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷониби  ҶММ «Ифтихор кийим саноати», ки дар он 3 ҳазор нафар кор мекунанд, лоиҳаи истеҳсоли риштаи калоба ба маблағи 182 млн. евро татбиқ карда мешавад. 
Боз як чунин корхона ҶММ «Ibrat TST Group» мебошад, ки дӯзандагон ба маблағи 8 миллион доллар риштаи калоба ва маҳсулоти тайёри бофандагӣ истеҳсол мекунанд.
Дар корхонаи «Ruhan TEX» бо роҳбарии Маҳфуза Гюмгош 700 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Корхона бо технологияи замонавӣ ҷиҳозонида шуда, 41 миллиард сӯмина маҳсулот истеҳсол намудан пешбинӣ шудааст. 
– Дар вилоятамон барои ташаббускороне, ки мехоҳанд бо соҳибкорӣ машғул шаванд, шароити кофӣ мавҷуд. Дар бобати дастгирӣ кардан, фароҳам овардани имкониятҳо ба онҳо мушкиле нест, – мегӯяд роҳбари корхона. – Барои ҳамин ҳам бедудилагӣ ба кор шурӯъ кардам. Дар аввал дар асоси иҷора кор кардам. Баъди муроҷиат ба ҳокими вилоят ташаббуси маро дастгирӣ карда, ин ҷоро бароям доданд. Барои равуои коргарон микроавтобусҳо ташкил кардем. Музди кор мувофиқи кори иҷрошуда дода мешавад. 

Шоҳида ДАМИНОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти НАМАНГОН.


ГАЗ БУРИДА НАМЕШАВАД

Роҳбари Маъмурияти Президент Сардор Умурзоқов дар Вазорати энергетика бо як қатор соҳибони гармхонаҳои аз гази табиӣ буридашуда вохӯрд. 
Мушкилоти онҳоро омӯхт, фикр ва таклифоташонро шунид. Ваъда кард аз 28 октябр кулли гармхонаҳо ба газ васл кунонида ва дар давоми соли 2022-2023 гази гармхонаи онҳо бурида намешавад ва иҷро шудани ин амалро шахсан назорат мекунад.  

ВОХӮРӢ БО БАРАНДАГОНИ МУКОФОТИ НОБЕЛ

Бори нахуст Қасри эҷоди ҷавонон воқеъ дар пойтахт меҳмонони ифтихорӣ – дорандагони мукофотҳои бонуфузи байналхалқӣ, аз ҷумла, дорандаи мукофоти Нобел дар соли 2017 Квонг Чунг, соҳиби унвони “Муаллими байналхалқӣ” Кейш Торпро пазируфт. 

Дар ин ҷо  V FEST NOBEL  мутантан сурат гирифт.
Аввал конфронс бо иштироки ҷавонони истеъдоднок,ки ба фаъолияти илмӣ ҷиддан машғуланд, рӯйи кор омад. Ҷӯяндагони илм лоиҳаҳои худро пешниҳод карданд. Саволу ҷавобҳо баргузор ва олимони намоён ба ҷавонон маслиҳатҳои муфид доданд. Баъди конфронс, ки як навъ суҳбати давриро мемонд, маросими кушоиши тадбир баргузор гашт. Телекӯпрук ба шаҳри Остона устувор ва иштирокдорон бевосита ба вохӯрие,ки дар пойтахти Қазоқистон бо соҳибони мукофоти Нобел гузаронда мешуд, гувоҳ гардиданд.
Ҷашнвораи байналхалқӣ дар Остона 26-28 октябр баргузор шуда бошад, чорабинӣ ба ин муносибат дар Тошканд бо ташаббуси Агентии кор бо ҷавонон ташкил гашт. 


СТИПЕНДИЯИ НАВ БА БЕҲТАРИН ҲУҚУҚШИНОСҲОИ ОЯНДА

Чанде пеш Вазорати адлия барои ҷавонон-донишҷӯйҳо стипендия бо унвони “Тафаккури ҷадид” таъсис намуда буд. Инак, даври аввали озмун барои гирифтани ин стипендия рӯйи кор омад.
Мақсад аз таъсиси стипендия пурзӯрсозии ҳисси садоқати авлоди ҷавон нисбати истиқлолият, бедор сохтани рағбати ҷавонон ба омӯзиши илм, тавассути тарғиби ғояҳои намояндагони ҳаракати ҷадидӣ саҳм гузоштан дар тарбияи авлоди халқпарвар, ташаккул додани эҷодкорӣ ва ҷаҳонбинии тоза дар зеҳни ҳуқуқшиносони оянда мебошад.
Озмун баҳри дарёфти стипендия барои техникум ва литсейҳо ба тарзи алоҳида, барои муассисаҳои таълими олии юридикӣ низ алоҳида гузаронида шуда, дар ду давр сурат мегирад. Дар даври аввал иштирокдорон оиди таърихи ҳаракат ва фаъолияти намояндагони ҷадидҳо иншо нависанд, дар даври дувум маҳорати аз вазъияти ҷиддӣ чӣ тавр баромадани онҳо аз санҷиш гузаронда мешавад.
Дар даври аввал, ки дар бинои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд баргузор гашт, наздик 800 нафар донишҷӯён номнавис шуданд. Бинобар натиҷаҳое, ки ноил шудаанд, танҳо 25 нафарашон ба даври дувум роҳхат гирифтанд. Натиҷаҳои давраи дувум низ ба ҳисоб гирифта шуда ва ҷамъ 6 нафар беҳтаринҳо метавонанд ба гирифтани стипендия, ки 900 ҳазор сӯм мебошад, сазовор шаванд.   

М. ШОДИЕВ,
 мухбири 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: