ХОҶА МУҲАММАД БОБОИ САМОСӢ

Ҳафт пир

Ҳафт пир

(Пири панҷум)


ХОҶА МУҲАММАД 
БОБОИ САМОСӢ
Яке аз намояндагони саршиноси тариқати хоҷагон-нақшбандия Муҳаммад Бобои Самосӣ пири панҷумини ин тариқат мебошад, ки дар Бухоро кору фаъолият доштааст. 
Дар сарчашмаҳо доир ба санаи таваллуду вафоти ӯ маълумоти дақиқ нест. Бино ба баъзе маълумот, ӯ соли 1259 дар деҳаи Самоси ноҳияи Ромитан дида ба дунё кушода, соли 1354 ин дунёи фониро тарк намудааст. Аз рӯйи солшумории милодӣ 95 сол умр дида, баъди ҷон ба Офаридгор супурдан, дар зодгоҳи худ дафн шудааст. Дар атрофи қабраш маҷмаа бунёд гардида, ки аз ҳавлии айвондор, ҳавзи сангин, боғ ва масҷиди ҷомеъ иборат аст. Дар тӯли солҳои истиқлол дар ин маскан корҳои ободонӣ анҷом дода шуда, масҷиде қад афрохт. Имрӯз ин ҷо ба яке аз зиёратгоҳҳои серодам табдил ёфтааст. 
Дар сарчашмаҳо Бобои Самосӣ инсони гандумранг, ҳассос, қотеъ, чеҳрааш нуронӣ, нигоҳҳояш таъсиргузор тасвир ёфтааст.
Номи пурраи ӯ дар манбаъҳо дар шакли «Хоҷа Муҳаммад Бобои Самасӣ» омадааст. Ба ӯзбекӣ «Бобои Самасӣ» хушоҳангу пазиро нест. Ин ном форсии тоҷикист. Тарзи навиштаи «Абдураҳмони Ҷомӣ» ва «Алишер Навоӣ» низ форсии тоҷикӣ бошад.
Ба Бобои Самосӣ бо ибораҳои «Шамси Ҳақ», яъне «Офтоби Худо» арҷ гузоштаанд. Дар ин арҷгузорӣ мавқеъ ва ҷойгоҳи ӯ дар тариқати хоҷагон-нақшбандия инъикос ёфтааст. 

Муриди ду пир

Бобои Самосӣ, бино ба тавсияи падар, шогирди Хоҷа Маҳмуди Анҷирфағнавӣ мешавад. Ин бузургмард аз Хоҷа Алии Ромитанӣ хоҳиш мекунад, ки ӯро ба тарбияи худ гирад. Бобои Самосӣ то охири умр ба Ромитанӣ содиқона хидмат мекунад. Ҳатто вақте Ромитанӣ озими Хоразм мешавад, ӯро ҳамроҳӣ мекунад. Баъди вафоти Ромитанӣ Бобои Самосӣ бори роҳбарии тариқати хоҷагонро ба дӯш гирифтааст.

Фарқ байни «муъҷиза»-ю «каромат»

Худои мутаол тавассути бандаҳои дӯстдоштааш ҳодисаҳои фавқулода ва ғайритабииеро содир менамояд, ки аз дасти дигарон намеояд, ҳатто, ба гӯшаи хаёли касе наомадааст.
Агар чунин ҳодисаҳо дар ҳаёти пайғомбарон рӯй диҳад, онро «муъҷиза» меноманд. Нисбат ба дигар пайғомбарон Муҳаммад (с.а.в.) муъҷизае зиёде содир намудааст. Яке аз муъҷизаҳои содирнамудаи ӯ ин аст, ки вақте аз роҳ мегузашт, дар соҳили муқобили дарё дарахте аз решааш берун омада, барои салом додан сарашро хам карда меистод, баъди «алек» гирифтани пайғамбар, ба ҳолати аввалааш бармегардад.
Ҳодисаҳои ғайриодиеро, ки аз ҷониби авлиё содир карда мешаванд, «каромат» меноманд. Аксарияти авлиё кароматҳои худро аз одамон пинҳон доштаанд. Бо вуҷуди ин, кароматҳои баъзе авлиё дар сарчашмаҳо ба қайд гирифта шудааст. Кароматҳои Бобои Самосӣ низ кам набуд.

Каромати якум  
ё ӯ пешвои оламиён хоҳад шуд?

Бобои Самосӣ Хоҷа Баҳоуддини Нақшбандро пеш аз таваллудаш башорат кардааст.
Тавре ки Алишер Навоӣ дар тазкирааш «Насоим-ул-муҳаббат мин шамоим-ул-футувват» қайд кардааст, Бобои Самосӣ вақте аз деҳаи Қасри Ҳиндувони ноҳияи Когони имрӯза мегузашт, ба ҳамроҳони худ ғайричашмдошт гуфт: «Аз ин хок бӯе ба машом мерасад. Шояд ба шарофати ин Қасри Ҳиндувон ба Қасри Орифон табдил  ёбад». Аз байн чанд рӯз мегузарад. Вақте аз деҳаи Сухор (дар баъзе манбаъҳо номи ин деҳа «Афшина» қайд шудааст), ки он ҷо халифааш – Сайид Амири Кулол ба сар мебурд, тавассути Қасри Ҳиндувон бармегашт, ба пайравони хеш мегӯяд: «Он бӯй зиёдтар шудааст. Чунин ба назар мерасад, ки он тифл ба дунё омадааст».
Сипас, ба муридаш – Сайид Амири Кулол амр медиҳад: «Аз фарзандам Баҳоуддин шафқататро дареғ мадор, агар дар тарбияаш хато кунӣ, намебахшам». Мурид низ ба пири худ ваъда медиҳад, ки: «Агар дар васияти Хоҷа (яъне Бобои Самосӣ) хато кунам, мард нестам».

Каромати дуюм 
ё дар дуо касе ба худ бало наталабад!

Навоӣ боз аз ду каромати Бобои Самосӣ ёдовар шудааст, ки ба бовари хонанда меафзояд.
Биёед, мо низ ин воқеаҳоро аз забони Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд баён кунем. Баҳоуддини ҷавон овони ҷавонӣ вориди масҷид гардида, ду ракъат намоз хонда, чунин дуо мекунад: «Худоё, дар кашидани бори бало ва ранҷи муҳаббат сабру  таҳаммул бахш!» Субҳ бобои падариаш аз ӯ дархост менамояд, ки Бобои Самосиро ба меҳмонӣ хонад. Вақте ба назди Бобои Самосӣ меравад, ӯ ба Баҳоуддини Нақшбанд, мисле, ки аз дуои дар масҷид базабоновардааш хабар дошта бошад, мегӯяд: «Эй фарзанд, бояд чунин дуо кунӣ: «Худоё бо фазлу карам ва ризоияти хеш хоҳишҳои ин бандаи нотавонатро пиёда гардон. Агар Худои таоло ба ҳар як дӯсташ балое бифиристад, бо марҳамати худ, барои кашидани бори он нерӯе низ ато хоҳад кард. Банда набояд бо ихтиёри худ барояш бало талабад ва ба Худо ноз кунад».
Хоҷа Баҳоуддин аз ғайбдонии пири комил дар шигифт мемонад.

Каромати сеюм:
дарки фикре, ки аз дили дигарон мегузарад

Бобои Самосию Баҳоуддини Нақшбанд роҳи хонаи дарвешеро пеш гирифта буданд. Ресмони маркаби устод дар дасти шогирд буд. Ҳар ду беҳарфу садо мерафтанд. Ҷилави фикри ҳар кадом дар дасти худ буд. 
Алишер Навоӣ аз забони Хоҷа Баҳоуддин овардааст: «Хотирамро ба асли таваҷҷӯҳ росих намуда, бо ниёзи тамом роҳ мепаймудам. Ҳар гоҳ  дар ботин тафриқае пайдо мешуд, хоҷа мегуфт: «Бояд хотирро некӯ ҳифз бинамуд». Дар ин ҷо Баҳоуддини Нақшбанд гуфтанист, ки тамоми эътиборро ба як нуқта, яъне ба Худо ҷалб намуда мерафтам, вале вақте дар ботинам  як андак дигаргуние рӯй медод, ин ҳолатро устод дарк намуда, мегуфтанд: «Фикрро бояд ба як нуқта нигаронд».

Каромати чорум 
ё сирри ба меҳмонӣ нон бурдан

Баҳоуддини Нақшбанду Бобои Самосӣ, баъди ғизо хӯрдан, роҳи яке аз шиносҳои пирро пеш мегиранд. Пеш аз ба роҳ баромадан Бобои Самосӣ ба Баҳоуддини Нақшбанд як нон медиҳад. Мурид ҳайрон мешавад ва  дар худ меандешад: «Ҳоли ҳозир мо ғизо хӯрдем, шикамамон сер аст. Баъдан, ба меҳмонӣ меравем, он ҷо низ дасторхони зиёфат ороста хоҳад шуд. Пас, чӣ ниёз ба нон ҳаст?»
Вақте ба манзил мерасанд, мизбон онҳоро хушҳол мепазирад. Аммо ба чеҳрааш изтиробе соя афканда буд. Ин ҳолро ҳис карда, Бобои Самосӣ аз ӯ суол мекунад: «Рост бигӯ, сабаби изтироб чист?» Дарвеш мегӯяд: «Дар хона шир ҳаст, вале нон надорам».
Ин ҳангом Бобои Самосӣ аз Баҳоуддини Нақшбанд хоҳиш мекунад, ки нонро рӯйи дасторхон гузорад. 
Пас, ин ҳолат ба Бобои Самосӣ пештар аён шуда будааст.

Каромати панҷум 
ё шарофати кулоҳи муқаддас

Тавре ки Алишер Навоӣ дар тазкираи «Насоим-ул-муҳаббат мин шамоим-ул-футуват» овардааст, Бобои Самосӣ кулоҳи худ, яъне сарпӯши зери саллаашро ба Баҳоуддини Нақшбанд туҳфа менамояд ва гӯё ба шарофати ин каромати бо дуо  баргардондани бало насиб гардида будааст. Сабаби дар байни халқ бо номи «Баҳоуддини балогардон» шуҳра гардидани ӯ ҳамин аст. 

Каромати шашум 
ё гузоштани дандони афтода ба ҷойи худ

Бино ба маълумоти асари «Мақомоти Амир Кулол» боре дар деҳаи Самос байни чанд тан муштзании шадид ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар натиҷа дандони яке аз муштзанон шикаста, ба замин меафтад. Сипас ҷангараҳо барои барқарор намудани адолат ба ҳузури Бобои Самосӣ мераванд. Бобои Самосӣ аз муриди хеш Сайид Амири Кулол хоҳиш мекунад, ки дандони афтодаро ба ҷояш гузорад. Бар асари каромат дандон дар ҷойи аввалааш, мисле ки ҳодисае рӯй надода бошад, устувор мегардад. 
Кароматҳои Бобои Самосиро Алишар Навоӣ аз тазкираи «Нафаҳот-ул-унс...»-и пиру устоди худ – Абдураҳмони Ҷомӣ тавассути тарҷума ба хонанда пешниҳод намудааст. 

Давоми силсила

Бобои Самосӣ чаҳор халифа – Хоҷа Сӯфии Суҳурӣ, Маҳмуди Самосӣ (писари худ), Хоҷаи Донишманд ва Хоҷа Сайид Амири Кулолро тарбия кардааст.
Дар манбаъҳо омадааст, ки Бобои Самосӣ, ба ҷуз Хоҷа Маҳмуди Самосӣ писари дигаре низ дошт, вале номи ӯ ба забон гирифта нашудааст. Бобои Самосӣ баъди худ роҳбарии тариқатро ба Хоҷа Сайид Амири Кулол супурдааст.

Султонмурод ОЛИМ, 
адабиётшинос, Ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: