ФОЛНОМАИ ҲОФИЗ

Агар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад.

Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.

Агар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯйӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Аҳли дил» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.  

АҲЛИ ДИЛ

Чу бишнавӣ сухани аҳли дил, магӯ, ки хатост,
Суханшинос найӣ, ҷони ман, хато инҷост!
Сарам ба дунйиву уқбо фурӯ намеояд,
Таборакаллаҳ аз ин фитнаҳо, ки дар сари мост.
Дар андаруни мани хастадил, надонам кист,
Ки ман хамӯшаму ӯ дар фиғону дар ғавғост?
Дилам зи парда бурун шуд, куҷоӣ, эй мутриб,
Бинол ҳон, ки аз ин парда корҳо ба навост.
Маро ба кори ҷаҳон ҳаргиз илтифот набуд,
Рухи ту дар назари ман чунин хушаш орост. 
Нахуфтаам зи хаёле, ки мепазад дили ман,
Хумори садшаба дорам, шаробхона куҷост?
Чунин ки савмаа олуда шуд зи хуни дилам,
Гарам ба бода бешӯед, ҳақ ба дасти шумост.
Аз он ба дайри муғонам азиз медоранд,
Ки оташе, ки намирад ҳамеша, дар дили мост.
Чӣ соз буд, ки дар парда мезад он мутриб,
Ки рафт умру ҳанӯзам димоғ пур зи ҳавост.
Нидои ишқи ту дишаб дар андарун доданд,
Фазои синаи Ҳофиз ҳанӯз пур зи садост.

Сухани доноёни дилсӯзро бояд ба ҷон харид ва ба кор баст ва аз ғуруру напазируфтан канора гирифт, чаро, ки онҳо аҳли бинишанд. Ишқ бо ҷони ҳамагон маънус аст ва мондагор ва ҳар чӣ ҷуз он ишқ нест.

Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: