КОМЁБИИ ПАХТАКОРОНИ ВИЛОЯТИ БУХОРО

Пахтакорони диловари вилояти Бухоро 12 ноябри соли равон ба марраи мурод расида, аз қатори пешқадамони ҷумҳурӣ ҷо гирифтанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки деҳқонони асил дар соли 2021 345 ҳазор тонна пахта супорида ҳосилнокии майдонҳоро ба 36,3 сентнерӣ расонда буданд, ки ин дар 20 соли охир натиҷаи баландтарин аст. Дар натиҷа даромади умумии хоҷагиҳои фермерӣ аз 3 триллиону 600 миллиард сӯм афзуд. Даромади софи аз соҳаи пахтакорӣ бадастдаромада ба бештар аз 750 миллиард сӯм расид. Деҳқонон имсол хирмани пахтаашонро ба 357 ҳазору 685 тонна расонданд, ки ин нисбати соли гузашта 12 ҳазору 650 тонна зиёд аст. 96 фоизи ашёи хоми супоридашударо навъи аввал  ташкил мекунад. То охири мавсим ҳамаи ноҳияҳо, хусусан, бештар аз 200-то ҳудуд, инчунин 2700 хоҷагии фермерии ин ҳудудҳо нақшаи шартномавии солонаашонро сарбаландона иҷро карданд.  Ба комёбии вилоят ноҳияҳои Шофиркон, Қарокӯл, Ромитан, Ғиҷдувон, Вобканд, Когон, Пешкӯ, Бухоро, Қаровулбозор саҳми арзанда гузоштанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар шароити мураккаби баландии сатҳи шӯрии қитъаҳо, номувофиқии ҳолати мелиоративии онҳо, номусоидии обу ҳаво заҳмат кашида, ҳосили дилхоҳ рӯёнда комёб шудани деҳқонон воқеаи оддӣ нест. Баробари ин чун дар ҳудудҳои дигар дар Бухоро низ бо ғамхории Президенти мамлакат ба амал омадани ислоҳоти куллии соҳаи хоҷагии қишлоқ, чораю тадбирҳои дар арафаи ғунучини ҳосил дидашуда, таҷрибаи бисёрсолаи деҳқонон барин омилҳо боиси ғалабаи меҳнатӣ гардид.
Ба хирмани пахтаи вилоят кластерҳои пахтакорӣ, ғаллакорӣ, шоликорӣ ва тухмипарварии «Яккатут», «Бухоро агрокластер», «Мергантекс», «Қарокӯл кумуш калава», «Парвоз Ҳумо Равнақ транс», «ВСТ кластер агрокомплекс», «WBM Ромитекс», «Баҳор ченч текстил», «Бухоро зарҳал текс», «Арк эко текстил» ҳиссаи калон гузоштанд. Ин субъектҳои агрокластерӣ бо тартиби фючерс бо хоҷагиҳои фермерӣ шартнома карданд. Фарқи инҳо аз дигар ҳудудҳо дар он аст, ки ҳосили ҳар як  ҳудуд мувофиқи тамоили «аз хомашё то маҳсулоти тайёр» дар худи ҳамин ҷо аз нав кор карда мешавад.
Соли ҷорӣ дар майдонҳо кошта шудани пахтаи навъҳои «Бухоро-6», «Бухоро-8», «Бухоро-10», ки ба иқлими вилоят мувофиқ аст, судовар гардид. Дар давоми ғунучини ҳосил беш аз 130 ҳазор нафар чинакчиёни моҳир дар 2 ҳазору 100 отряд муттаҳид гардида, ғайрату шуҷоат зоҳир карданд. Барои онҳо дар саҳро тайёр шудани хӯроки гарм ва шароити қулай, барои ҳар як килограмм пахтаи чиндашуда дар чинаки аввал 1500 сӯмӣ ва дар чинаки дуюм 2000 сӯмӣ дода шудани музди меҳнат сифатнокии ҷараёни корро таъмин кард. Дар давоми мавсим роҳбарони ҳудудҳои «Вардонзе», «Дӯрмон» (ноҳияи Шофиркон), «Челонғу», «Халқобод» (ноҳияи Ромитан), «Сайёд», «Дарғали» (ноҳияи Қарокӯл), «Армечан», «Зарафшон» (ноҳияи Ғиҷдувон), «Қӯнғирот», «Имомқозихон» (ноҳияи Вобканд) фидокорӣ зоҳир намуда, супоришоти солонаро беш аз 110 фоиз иҷро карданд. Инчунин, хоҷагиҳои фермерии «Баҳодир Нодир», «Олимҷон оқ олтин» (н.Шофиркон), «Олтин хирмон», «Мӯъминабону Аброр» (н.Рометан), «Самад Бешим», «Оқ олтин нурли замини» (н.Қарокӯл), «Яҳёев Ҷамил Яҳёевич», «Элач шабнами» (н. Вобканд) ва дигарон аз ҳар як гектар майдон 50-56 сентнерӣ ҳосил бардоштанд ва даромади онҳо аз ҳар як гектар майдон ба 45-50 миллион сӯмӣ рост омад. Дар Рометан, Шофиркон, Ғиҷдувон, Қарокӯл, Вобканд барин ноҳияҳои камоб ҷорӣ карда шудани усули «чакраобдиҳӣ» самараи дилхоҳ дод. Хулоса, ислоҳоти иқтисодии соҳа дар вилоят натиҷаи дилхоҳ медиҳад ва он баҳри беҳтарсозии сатҳи зиндагии мардум харҷ мегардад. Дар вилоят ғунучини ҳосил идома дорад.

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: