МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД...

Дар Самарқанд бо мақсади такмили ихтисоси роҳбароне, ки ба соҳаи кадрҳо масъуланд, таҳти мавзӯи «Вазифаҳои пурдолузарби идораи захираҳои инсон» семинари таълимии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Дар он, ки бо ташаббуси Дастгоҳи Президент ташкил карда шуд, роҳбарони гурӯҳҳои ташкилӣ – кадрҳои Жуқорғи Кенес ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин, филиалҳои ҳудудии Агентии ривоҷдиҳии хизматҳои давлатӣ иштирок карданд.
Дар он ҳокими вилоят Э. Турдимов, ректори Академияи идораи давлати назди Президент А.Бекмуродов, ҷонишини аввали директори Агентии ривоҷдиҳии хизматҳои давлатӣ О.Ҳасанов ва дигарон роҷеъ ба сиёсати давлатие, ки дар мамлакатамон дар соҳаи кадрҳо пеш мебаранд, долузарбии ислоҳоти маъмурие, ки барои дар органҳои идораи давлатӣ роҳандозӣ кардани сохтори касбӣ, боадолат ва барои натиҷаҳои баланд хизматкунанда, навигариҳои хизмати давлатии шаҳрвандӣ, инчунин, идораи захираҳои инсон ва ислоҳот дар самти инкишоф ҳарф зада, дар бораи мазмуну моҳияти Қонун «Дар бораи хизмати давлатии шаҳрвандӣ», ки ба қарибӣ қабул гардид, қиёфаи роҳбари замонавӣ ва талабҳое, ки ба хизматчиёни давлатӣ гузошта шудаанд, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд.
Имрӯз дар вилоят беш аз 8800 нафар хизматчии давлатии шаҳрвандӣ меҳнат мекунанд. Шумораи ходимони масъули ҳокимиятҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо 475 нафар аст. Соли равон дар самти ротатсияи кадрҳои захиравӣ ва ба лавозим таъиншуда аз вазорат ва идораҳои ҷумҳурӣ 1 нафар ходим ба вазифаи ҷонишини ҳокими вилоят, 2 нафар ба вазифаи ҳокими шаҳр ва ноҳия таъин шуданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик»дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: