Мактаби хаттотии Бухоро
Мирҳусайни Кӯланкии Бухорӣ
(асри XVI)
Мирҳусайни Кӯланкии Бухорӣ, устоди бузурги хати настаълиқ, яке аз хаттотони маъруфи асри XVI дар Ҳирот ба дунё омадааст. Соли 1529, вақте ки Ҳиротро намояндаи сулолаи Шайбониён Убайдуллохон (1487-1540) ишғол кард, Миралии Ҳиравӣ дар қатори олимону нависандагон ва ҳунармандони Ҳирот ба Бухоро оварда мешавад. Мақсади ҳукмдорони Шайбонӣ ба маркази бузурги илму фарҳанги он замон табдил додани Бухоро буд.
Мирҳусайн, ки аз овони ҷавонӣ истеъдоди хаттотӣ дошт, дар назди хаттоти маъруф Миралии Ҳиравӣ асрори ин санъатро омӯхта, аз маъруфтарин шогирдони ӯ мешавад. Дар замони ҳукмронии Абдуллохони II (1534-1598) аз сулолаи Шайбониён роҳбари китобхонаи дарбор шуда кор мекунад.
Мирҳусайни Кӯланкии Бухорӣ, ки бо лақаби «Китобдори Султонӣ» ва «Котиби Ҳоқонӣ» машҳур буд, дар паҳн шудани хати настаълиқ дар Бухоро ва Мовароуннаҳр саҳми зиёде дорад. Ӯ маҷмӯаи асарҳои шеърии Убайдуллохон, хони сулолаи Шайбониён ки ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ бо тахаллуси «Убайдӣ», «Қул Убайдӣ» ва «Убайдуллоҳ» навиштааст, инчунин осори намояндагони адабиёти классикии Шарқ, Шайх Саъдӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарҳоро бо хати зебо ва сифати баланд нусхабардорӣ кардааст.
Зиёда аз бист дастхате, ки Мирҳусайни Куланкии Бухорӣ нусхабардорӣ кардааст, то замони мо расида омада, маҷмӯаи осори Убайдуллохон бо номи «Куллиёти мин мақолот» (1583) дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ, осори «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Юсуф ва Зулайхо», «Туҳфат-ул-аҳрор»-и Ҷомӣ дар китобхонаи миллии Русия, «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ, ки дар китобхонаи Донишгоҳи Ҳайдарободи Покистон маҳфуз аст, аз ҷумлаи онҳост.
Мир Убайди Бухорӣ
(вафот 1601)
Яке аз асосгузорони мактаби хаттотии Бухоро Мир Убайди Бухорӣ, ки бо лақаби “Луълу” («Марворид») маъруф аст, дар асрҳои XVI-XVII дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мир Убайд дар назди Муҳаммадамин Ҳалвои Бухорӣ (вафот 1543), ки аз маъруфтарин хаттотони замони худ буд, дарси хаттотӣ гирифтааст. Ӯ сабки навишти устодашро тағйир дода, бо сабки зебои бо дақиқиаш фарқкунанда, ба навиштан шурӯъ мекунад. Ин хат нисбат ба хати насх калонтар буда зебост. Ҷолибияташ дар он аст, ки бидуни душворӣ хондан метавон. Илова бар ин, дар ин сабк ҳама ҳарфҳо андозаҳои дақиқи худро доранд ва матнҳои бо ин ҳарф навишташуда яксонанд, ки барои котибон хеле қулай аст, имкон медиҳад, ки зуд бинависанд. Сабки хати насх, ки Мир Убайд ихтироъ кардааст, «насхи Бухорӣ» ё «насхи Мир Убайдӣ» ном гирифтааст. Бояд гуфт, ки то ин давра тамоми хаттотони Бухоро бо сабки Ибни Муқла ва Ёқути Ҷазоирӣ менавиштанд ва Муҳаммадамини Ҳалвои Бухорӣ ин сабкҳоро ба камол расонидааст. Пас аз ихтирои насхи Бухорӣ тамоми хаттотони Бухоро ва Мовароуннаҳр ба навиштани ин навъи хат шурӯъ карданд ва сабки навишти Муҳаммадамин Ҳалвоии Бухорӣ аз амал монд. Ин хат ба зудӣ дар тамоми манотиқи Осиёи Миёна ва Хуросон паҳн шуд ва ҳатто Қуръони карим бо ин навъи хат навишта мешуд.
Муҳаммадшарифи Садри Зиё (1867-1932) шоир, донишманд ва хаттот, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар Бухоро зиндагӣ мекард, Мир Убайди Бухориро ба унвони яке аз се ихтироъкори маъруфи хат дар арсаи хати арабӣ ба ёд гирифта, ӯро дар қатори Ибни Муқла ва Миралии Табрезӣ ҷой додааст. Сабаби ба Мир Убайд лақаби “Луълу” гузоштан дар он аст, ки дар миёни туҳфаҳое, ки аз ҷониби хони давлати Шайбониёни Убайдуллохон ба Мир Убайд бар ивази хидматҳояш дар арсаи китобат дода буд, марворидҳои зиёде вуҷуд дошт. Илова бар ин, Мир Убайдро «Ҷавоҳиррақам» ҳам мегуфтанд. Мир Убайд дар соҳаи хаттотӣ шогирдони зиёдеро тарбия кардааст. Аммо китобҳое, ки ӯ нусхабардорӣ кардааст, хеле кам буд. Имрӯз «Қасидаи бурда»-и Муҳаммад ибни Саид-ал-Бусирӣ, ки онро ин хаттот бо хати насхи Бухорӣ нусхабардорӣ кардааст, дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешавад.
Ҳоҷии Ёдгор
(вафот 1663)
Ҳоҷии Ёдгор яке аз намояндагони барҷастаи мактаби хаттотии Бухоро буда, дар охири асри XVI ва ибтидои асри XVII ба дунё омадааст. Ӯ дар қатори илмҳои замони худ, аз хаттоти зарринқалам Мирҳусайни Кашмирӣ ҳунари хаттотиро амиқ омӯхтааст, ки дар замони худ, дар арсаи хаттотӣ бемисл буд ва бо унвони котиби ҷавоҳиррақам обрӯю эътибор пайдо кардааст. Маҳорати Ҳоҷии Ёдгор дар ҳунари хаттотӣ ба дараҷае баланд буд, ки ӯро “Миралии дуюм” мегуфтанд.
Ӯ асосан бо нусхабардории қитъаҳо машғул буд, аммо дар баробари ин осори шоирони маъруфро низ нусхабардорӣ кардааст. Аз ҷумла, бо фармони хон Абдулазиз Муҳаммад, (1645-1681) аз сулолаи Аштархонии хонигарии Бухоро, дар тӯли ҳафт сол нусхабардории девони Ҳофизи Шерозиро бо хати зебо ба итмом расонд. Хон Абдулазиз Муҳаммад, ки ба кишвари ҳамсояи Эрон ҳайати сафорат фиристод, дар баробари туҳфаҳои гаронбаҳо, ба ҳокими ин кишвар Шоҳ Сулаймони Сафӣ (1666-1694) девони Ҳофизи Шерозиро низ мефиристад, ки онро Ҳоҷӣ Ёдгор нусхабардорӣ карда буд. Шоҳи Эрон зимни ба даст гирифтани девони Ҳофиз, ки намунаи баланди ҳунари хаттотӣ буд, чунин баҳо додааст: «Ганҷе баробар ба ҳадяи чанд кишвар».
Абдулғафур Раззоқи БУХОРӣ,
мударриси мадрасаи
Мири Араби Бухоро, хаттот.
Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони
Институти шарқшиносии
ба номи Абурайҳон Берунӣ,
доктори улуми таърих.