ТАЪРИХИ МАКТАБИ ХАТТОТИИ МОВАРОУННАҲР ВА МАЪРУФТАРИН НАМОЯНДАГОНИ ОН

Мактаби хаттотии Бухоро

Аҳмади Дониш
(1827-1897)

Шоир, нависанда, файласуф, хаттот, арбоби давлатӣ ва дипломат Аҳмади Дониш Махдум ибни Носир, ки аз мутафаккирони бузурги асри XIX маҳсуб мешавад, соли 1827 дар деҳаи Суғути ноҳияи Шофиркони вилояти Бухорои имрӯза, дар оилаи мударрис Мулло Мир Носир ба дунё омадааст. Аҳмади Дониш, ки аз хурдӣ ба шеърият ва рассомӣ таваҷҷуҳ дошт, таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, соли 1842 ба мадраса дохил мешавад. То ин дам ӯ наҳв ва таърихи забони арабиро омӯхта, шеър менавишт ва китобҳои дастнависро бо минётура оро медод. Аҳмади Дониш дар солҳои таҳсил дар мадраса ҳамчун хаттот, рассоми миниётур ва наққоши моҳир маъруф шуд.                 
Аҳмади Дониш ба назари амир Насрулло (1827-1860) — ҳукмдори аморати Бухоро меафтад ва аз соли 1855 дар дарбори амир ба сифати меъмор ва муҳандис кор мекунад. Аммо вай ба зудӣ ҳамчун олим, шоир ва нависанда шуҳрат пайдо карда, дар масъалаҳои сиёсати дохилӣ ва берунӣ мутахассиси хубе гардид. Аз ин рӯ, солҳои 1857, 1869 ва 1875 ба сифати котиби ҳайати сафоратхонаи аморати Бухоро се маротиба ба шаҳри Петербург — пойтахти империяи Русия сафар кардааст. Дар асоси таассуроти сафар ӯ осори «Наводир-ул-вақоеъ» («Воқеаҳои нодир») ва «Тарҷумаи аҳволи амирони Бухорои шариф»-ро навишт, ки дар онҳо масъалаи ислоҳоти сохти аморатро ба миён гузошт. Аҳмади Дониш соли 1865 бо даъвати Амир Музаффар (1860-1885), ҳукмдори навбатии аморати Бухоро китоби астрономияро бо номи «Манозил-ул-кавокиб» («Мавқеъи сайёраҳо») навишт. Солҳои 1870-1873 дар бораи ислоҳоти сохти давлатӣ «Рисола дар назми тамаддун ва таовун» («Рисола дар бораи фарҳанг ва тартиби иҷтимоӣ»)-ро навишт. Аммо андешаҳои ӯ ба амир писанд наомад ва ӯро аз дарбор дур карданд. Пас аз даргузашти амир Музаффар амир Сайид Абдулаҳадхон (1885-1910) – ҳукмдори навбатии аморати Бухоро Аҳмади Донишро ба пойтахт – Бухоро даъват карда, ӯро ҳамчун мударриси яке аз мадрасаҳо ва роҳбари китобхона таъин кард.                                
 Ба ҷуз аз осори зикршуда, Аҳмади Дониш, «Таърихи салтанати хонадони манғития», маъруф ба «Рисолаи таърихӣ», «Маҷмӯаи ҳикоёти Аҳмади Калла», «Ислоҳ миёни шиа ва суннӣ», «Дафтари тақвим», «Меъёр ут-тадайюн» («Меъёрҳои тақво»), «Рисола фи аъмол-ул-кура» («Рисола дар бораи глобус»), «Таодули хамсаи мутаҳайира» («Рисола дар бораи панҷ сайёра») барин асарҳо навиштааст.
Ҳоло дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунии Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон 16 нусхаи дастнависи Аҳмади Дониш маҳфуз аст. Аксари онҳо нусхаҳои аслии бо хатти ӯ навишташуда мебошанд. Баъзе аз осори санъати тасвирии Аҳмади Дониш то мо расидаанд. Мусаввир дар минётураи худ «Мактаб» ғояи таълими занону духтаронро ба миён гузоштааст. Минётураи Аҳмади Дониш «Шоир ва дарвеш», ки бо услуби санъати минётураи асри XV кашида шудааст, ду минётура бо номи «Маҷнун дар саҳро», тасвири ҳаҷвии бангӣ, осори Бедил бо нусхабардорӣ ва ороиши ӯ, дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ ва дар Осорхонаи давлатии санъати Ӯзбекистон нигоҳ дошта мешавад. 

Мактаби хаттотии Хоразм

Муниси Хоразмӣ
(1778-1829)

Мунис, писари Шермуҳаммад Амир Авазбӣ, шоир, муаррих, мутарҷим, хаттот ва равшанфикр, соли 1778 дар деҳаи Қиёти наздикии Хева ба дунё омадааст. Маълумоти ибтидоиро дар мактаби деҳа, ки дар он ҷо таваллуд ва калон шудааст, гирифтааст. Ҳангоми таҳсил дар мадрасаҳои Хева, дар баробари илмҳои замонааш, асрори хаттотиро низ омӯхтааст. Мунис, ки яке аз хаттотони баркамоли замони худ гардид, аз соли 1800 дар сарои хони Хева Аваз Муҳаммад Иноқ (1790-1804) ба сифати котиби фармоннавис ба кор шурӯъ кард. Ӯ бо олимону шоирону санъаткорони маъруфи замони худ робитаи зич дошта, донишу хирад ва неруи хешро ба шеъру илму маърифат бахшидааст. Соли 1804 нахустин китоби ашъори Мунис «Девони Мунис» аз чоп баромад.
Соли 1806 бо хоҳиши ҳукмдори навбатии хонигарии Хева Элтузархон (1804-1806) ба навиштани асари «Фирдавс-ул-иқбол» («Боғи бахт») оид ба таърихи хонигарии Хева шурӯъ намуд. Вале Элтузархон пеш аз ба охир расидани таълифи ин китоб ба таври фоҷиавӣ вафот кард. Мунис ба навиштани китоб идома медиҳад ва соли 1819 тарҷумаи асари таърихии «Равзат-ус-сафо»-и Мирхондро ба забони туркӣ шурӯъ мекунад. Аммо баъди хатми ҷилди якуми ин асар худаш низ аз олам гузашт. Пас аз он шогирди Мунис Огахӣ асари «Фирдавс-ул-иқбол» ва тарҷумаи «Равзат-ус-сафо»-ро ба анҷом расонд. Мунис дар бораи иншоотҳои обёрӣ ва муносибатҳои обу замини замони худ бо номи «Арналар» («Каналҳо») низ рисола навиштааст. Қисми асосии мероси адабии Мунис аз дусад ҳазор байт иборат буда, ғазал, мухаммас, қасида, рубоӣ, қитъа ва дигар жанрҳои шеъриро  дар бар мегирад. Девонро хаттотон такрор ба такрор нусхабардорӣ кардаанд ва соли 1880 дар чопи сангии Хева аз нав нусхабардорӣ ва нашр шудааст.
Мунис, ки аз хаттотҳои бомаҳорат ва машҳури замони худ маҳсуб мешуд, осори шоирону нависандагони маъруфро нусхабардорӣ ва аз нав китобат мекард. Аз ҷумла, соли 1794 «Мизон-ул-авзон»-и Навоӣ ва соли 1797 «Ҳолоти Сайид Ҳасани Ардашер»-ро нашр кардааст. Мунис зимни нусхабардории дубораи «Мизон-ул-авзон» баъзе иштибоҳҳои хаттотони пешинро ислоҳ кардааст. Ӯ на танҳо бо хаттотӣ машғул буд, балки дар инкишофи назарияи хаттотӣ низ саҳми худро гузоштааст. Соли 1804 рисолаи шеърии «Саводи таълимӣ»-ро таълиф намуд, ки ба масъалаҳои осон кардани савод ва рушди санъати хаттотӣ бахшида шудааст.
Якчанд нусхаи дастнависи девонҳои Мунис дар хазинаи Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии ба номи Абурайҳони Берунӣ  маҳфузанд.

Абдулғафур Раззоқи БУХОРӣ,
мударриси мадрасаи Мири Араби Бухоро,
хаттот.

Комилҷон РАҲИМОВ,
ходими калони илмии Институти шарқшиносии
ба номи Абурайҳон Берунӣ,
доктори умуми таърих.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: