Агар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.
Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Агар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Хилватиёни малакут» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.
ХИЛВАТИЁНИ МАЛАКУТ
Дилу динам шуду дилбар ба маломат бархост,
Гуфт: – Бо мо манишин, к-аз ту саломат бархост.
Кӣ шунидӣ, ки дар ин базм даме хуш бинишаст,
Ки на дар охири суҳбат ба надомат бархост?
Шамъ агар з-он рухи хандон ба забон лофе зад,
Пеши ушшоқи ту шабҳо ба ғаромат бархост.
Дар чаман боди баҳорӣ зи канори гулу сарв,
Ба ҳаводории он оразу қомат бархост.
Маст бигзаштию аз хилватиёни малакут,
Ба тамошои ту ошӯби қиёмат бархост.
Ҳофиз, ин хирқа бияндоз, магар ҷон бибарӣ,
К-оташ аз хирмани солусу каромат бархост.
Касе дар ҷаҳон комёб шавад, ки масирро аз солик бисупарад, вале роҳнамо қадам дар роҳ нагузорад. Аз номулойимот ҳаросӣ ба дил роҳ мадеҳ ва барои пирӯзӣ бар мушкилот аз ёрони кордон ва дӯстони оқил кӯмак биҷуй. Дар талаби ганҷ бояд ранҷҳоро бо ҷон харид.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.