Ин мисраъҳои шоир моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри пирони рӯзгордида расида, эъзоз дорем, ба онҳо ҳурмат ва эътибор зоҳир намуда, аз ҳаёту кори ибратбахши онон сабақ бардорем.
Ҳурмати пирон намову аз ҷавонӣ бас маноз,
З-он ки пирон низ айёми ҷавонӣ дидаанд.
Ин мисраъҳои шоир моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри пирони рӯзгордида расида, эъзоз дорем, ба онҳо ҳурмат ва эътибор зоҳир намуда, аз ҳаёту кори ибратбахши онон сабақ бардорем. Зеро дуои мӯйсафедони нуронӣ ба кас нерӯ ва оромиш мебахшад. Ба ин хотир се сол инҷониб ба туфайли ғамхориҳои Президент ва ҳукумат дар ҷойҳо вохӯрии намояндагони се авлод мутантан гузаронида мешавад.
Дар шаҳри Тирмиз низ бо иштироки фахриёни меҳнат, фидоиёни касбу кори гуногун, ки имрӯз баҳри тараққиёти кишвар саҳми арзанда мегузоранд ва наврасоне, ки умеду ояндаи дурахшони кишвар ва ҷомеаи мо маҳсуб меёбанд, вохӯрии намояндагони се насл баргузор гардид.
Аз саҳарии барвақт намояндагони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикон, туркман, рус ва дигар марказҳои ҳунармандӣ бо либосҳои миллии худ дар назди тарабхонаи бошукӯҳи «Муҳташам», ки дар соҳили Анҳор ҷойгир аст, ҳозир шуда, экспонатҳои милливу қадимӣ ва замонавии хешро ба маърази тамошо гузоштанд. Намояндагони фаъоли се авлод, ки аз ҳар гӯшаву канори вилоят даъват шуда буданд, бо хушҳолӣ бо ҳам дидор намуда, намоишгоҳро тамошо намуданд, гурӯҳ-гурӯҳ суҳбат намуда, аз ҳоли ҳамдигар пурсон мешуданд, аз муваффақиятҳои ҳамдигар хушҳол гашта, табрик мегуфтанд. Сари синаи аксар фахриёни меҳнат, авлоди миёнсол ва наврасро медалу нишонҳо зеб медод. Ин аз он дарак медод, ки мӯйсафедони нуронӣ умри хешро беҳуда нагузаронидаанд ва намояндагони миёнсолон низ имрӯз бо ҷидду ҷаҳд пайи ободии Ватан камарбастаанд ва роҳи зиндагии ин ду авлод барои насли ҷавону наврас, ки бунёдгузорони Ӯзбекистони навин ҳастанд, намунаи ибрат аст.
Ҳокими пештараи вилоят Тӯра Боболов иштироккунандагони чорабиниро шодбош ва хайра мақдам гуфта, дар нутқи хеш оиди ғамхориҳои Президент ва ҳукумат ба нурониён ва насли наврас, инчунин дастовардҳои меҳнаткашони воҳа дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва бунёдкорӣ ҳарф зад. Собиқадори меҳнат, дорандаи чандин нишони пурарзиш Ҳумоюддин Шарофиддинов, ки кӯҳансолтарин иштирокчии чорабинӣ маҳсуб ёфта, дар остонаи 100-солагӣ қарор дорад, ба сухан баромада, аз оромиву осудагии диёр, зиндагии фаровони халқамон шукрона гуфта, дуоҳои нек намуд. Аз номи ҷавонони фаъол донишҷӯи факултаи забони хориҷӣ ва адабиёти Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз, шоира Азиза Қосимова суханҳои самимӣ иброз дошт ва шеъри худро дар васфи Ватан қироат кард, санъаткорони варзидаи вилоят суруду таронаҳои дилнишин сароида, табъи ҳозиринро шод намуданд. Алалхусус, иҷрои ария аз тарафи набераи ҳофизи номӣ Абдураҳим Турсунов – Садоқат Абдураимоваи 8-сола, ки дар мактаби мусиқаи рақами 2-юми Тирмизшаҳр таҳсил мекунад ва дар чанд кишвари дунё сафари ҳунарӣ намудааст, ба ҳозирин ҳисси ифтихор бедор сохт. Дар тадбир ба фахриёни меҳнат ва фидоиёни касбу кор чун рамзи эҳтиром туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.