(Ҳикоя)
Дар ин нимашаби зулмонӣ деҳа ба ҳукми сукунати мармуз тобеъ шуда, аҷаб ҳавлангез метофт. Шамолаки сард, ки зуд-зуд маҷро иваз менамуд, аз канораҳо садои ак-аки сагонро мерасонд. Ин садоҳо гоҳо шунаво ва гоҳе пахшхӯрда дар гӯшҳо менишастанд. Мардуми маҳал комилан ба хоби фароғат рафтаанд ва шояд мағали сагони бедори деҳро намешуниданд. Аммо Амини муаллим аз ин шумор мустасно буд. Вай хоб надорад ва ҳушу ёдаш ба нолаи ҳазини кӯдак банд аст, пушт ба девор ниҳодаву якзайл гаҳвора меҷунбонад.
Хона чароғон. Партави тирае аз чашмони тиреза берун хазида, як каф заминро равшан мекунад. Чанд пашшаи шилқин дар ҳавои ҷафида озод ба парвоз омада, ба ҳар куҷо, ки рост омад, менишастанд, аз ҳарчӣ, ки дилашон хост, насиба мебардошанд. Нолаи талхи кӯдак аз болопӯши гаҳвора берун рехта, ба садои виз-визи магасҳо меомехт ва як вазъи тазйиқоваре эҷод мекард.
Кӯдаки бемор чӣ дарде дорад? – тахмин медонад Амин. Ду гурдааш дардманд – санг доранд ва ҷарроҳӣ бояд кард. Табибони ноҳия ноилоҷ монданд. Акнун аз сари субҳ пеши табибони зӯр хоҳад бурд. Нияташ, ба шаҳри Душанбе рафтан аст. Шояд табибони он ҷойҳо ба дардаш шифое ёфта, ҷигари ӯро аз ин азобҳо раҳо бахшанд...
Вай мунтазири субҳ аст. Ана, либосаш тайёр, чанд нақдинаи пасандозашро низ ба киса гирифтааст. Боз аз додараш Эҳсон чанд сӯми дигар қарз бардошт. Бигузор дар бараш бошад, ҳангоми дасттангӣ ба дардаш мехӯрад. Охир, рафту сахт зарурат пеш ояд, дар он шаҳри бегона ба ӯ кӣ кумак мерасонад? Шаҳр ҳавои худашро дорад. Ҳар қадамат пул мехоҳад, ҳар нафасат ба пул чен мешавад! Субҳ надамида Ваҳҳоб бо мошинаш ҳозир мегардад ва онҳо ба роҳ медароянд. Ҳоло вай бигузор аз хоб сер шавад. Шофир мардум набояд хоболуда сари чанбари рул нишинад. Роҳ дур...
Ин фикрҳо зуд-зуд аз сари муаллим гузашта, лаб ба хамёза кушод ва оҳиста сар гардонда, ба соати деворӣ назар партофт. Ақрабаки он аз фарози шумораи як мехамид. Соат гӯё таннозе буд, ки аз пошнаи баланди туфлиаш садои “тиқ-тиқ” якмаром паҳн мегардид. Вай ба ин лаҳн гузашти умрро бехато ҳисобу китоб мекард. Аммо ҳоло чунин ба назар мерасид, ки асло шитоб надорад, завлона дар пою вазнин меҷунбад. Амин оҳкашон ба нолаи ҳазини писарчааш гӯш андохта, дилаш побанди ғуссаҳо лоқайд чашм ба атроф бурд. Духтарчааш Шаҳло дар гӯшае ғунча шудаву ба хоби ноз рафтааст. Гоҳ-гоҳ магасҳо озораш медиҳанд, аммо ӯ парвое надорад, мураттаб нафас мекашад ва... аҷаб ширин аст хобаш. Пас аз таваллуди ӯ зану шавҳар ду бор фарзанд ёфтанд, аммо он гулакҳо ношукуфта ва зуд хазон дидаву ба оғӯши хоки нам рафтанд. Зану шавҳар чӣ қадар ғам хӯрданд? – танҳо ба Парвардгор аён! Баъд, ана Шодиро ба дунё оварда, акнун ба чеҳраашон равшанӣ давида буд, ки ин мурғак ҳам аз қазо побанди дарди гароне шуд. Инак чун моргазидаҳо аз ресмони ало метарсанд. Хоса ба Соҳиба душвор... Вай ҳоло дар бараш масти хоб аст гӯё. Берӯзӣ ғуссаи худро фурӯ бурдаву мисли ӯ бедор менишаст, аммо соате пеш ғанаб ба коми худ кашидаш. Ду рӯз боз хоб чист, намедонад модари зор. Ба ташвиши кӯдак дуруст ғизо ҳам намегирад. “Аз гулӯям ҳеч чиз намегузарад, додош”, – мегӯяд ба исрори Амин ҷавобан ва оҳи сарде аз лабонаш берун мехазад. Аз кулфати ногузир чунон лоғар шудааст, ки Амин ҳоло устухонҳои тани ӯро аз болои либосаш бармало мешуморад. Вай дар тараҳҳум ба завҷаи худ нигарист.
Соҳиба тамоми рӯз баробари кӯдаки худ ранҷ кашидаву лаҳзае пеш пушт ба девор гузошта, дидагони сурхидааш ба хоҳиши хоб тобеъ гаштанд. Амин дасти ӯро аз гаҳвора ҷудо карду амр намуд, ки як дамак дурусттар бихобад. Дар пеш сафари роҳи дур мунтазир... Ҳоло ба хоб андар бошад ҳам, тарсида зуд-зуд чашм мекушояд ва шавҳари худро дар сари гаҳвора дида, хотири парешонаш қадре ҷамъ аз нав сар ба болин мениҳад. Маълум, ки дидагони хастааш майли хоб доранд, аммо мағзаш бедор аст ва рӯҳаш мудом ба ҷигарбанди бемораш тавъам. “Чӣ зоти шарифанд модарон! Дар хоб ҳам аз андешаи фарзанд фориғ нестанд. Ҳангоми зарурат бо як зарра ҷон, ки дар тан доранд, дар талоши амонии нури дидагонашон мешаванд, аҷиб, аз худ коставу ба ҷигарбанд мебахшанд онҳо...”
Амин якзайл гаҳвора ҷунбонда, андешаманд ба мӯйҳои гандумҷави Соҳиба назар партофт, ки аз таки сарбанди хушгул ҷудо шуда, шаршаравор ба сари синааш мешориданд. “Ғами Шодӣ ӯро адову тамом кардааст. Агар худо накарда, ба ин мурғакамон ҳам кору ҳоле шавад...” Амин панҷаи бухсро бо оби даҳон нарм сохт. Аъзои пайкараш фишурда шуд ва аз эҳтимоли пешомади бад андӯҳманд лаб газид. Ба пойи гиряи ногузир банд андохта, ҳаросон ҷониби гаҳвора нигарист. Шодии ӯ дар иҳотаи ранҷу азоб менолид. Садои ҳиқ-ҳиқи вай чун путки гарон ба дили падар асар мекард. Муаллим, сандуқи синааш вазнин даст иваз намуда, якзайл гаҳвора меҷунбод. “Тоқат кун, ширини додо. Каме сабр бикун, шери додо! Туро ба духтурҳои дигар нишон медиҳам. Онҳо, албатта, ба дардат даво меёбанд”, – хаёлан ба фарзанд муроҷиат мекард ӯ.
Амин дубора нигоҳашро ба ҷониби соат бурд. Вақт ҳамон диранг мекард.
Нолаи кӯдак баландтар гашт. Вай оҳиста болопӯши гаҳвораро бардошт. Шодӣ бо чашмони обӣ ба сӯяш нигарист. Пистонак дар лабони парсинбастаи кӯдак гӯё ширеш шуда буд. Нигоҳаш ҳазорон тавалло дошт, имдод мехост. Парвардгоро, наҷотам бидеҳ, охир ин дарди малъун адоям кард, – гуфтан мехост...
– Ана, ина бин. Бозичаи хушрӯ будаст, – қуттии сигорро пеши чашмони кӯдак ин сӯву он сӯ гардонд Амин. – Вамм-ваммм. Нағз шавӣ, мошинчаи хубе харида медиҳам, – дар оҳанги дилсӯзӣ хост таваҷҷӯҳи кӯдаки беморро ба самти дигар барад. Аммо вай ба ин ҳаракот эътиборе намедод. Нолидаву нолида нигоҳи батаваллои худро ҳар сӯ мебурд.
– Уф-фф, ман чӣ кор кунам, асали додо?! Чӣ кор кунам?!
Амин муддате ба дидагони ҷигарбанд нигариста, бадтар обу адо шуд ва чашмонаш ғарқи об ноилоҷ гаҳворапӯшро фароварда, маҳин такон дод. Кӯдак ба нолиши ҷонхарош давом дода, шояд дар ҳайрат мемонд, ки чаро ба кӯмаки ӯ касе шитоб намекунад. Агар забон медошт...
“Наход илоҷи гирифтани ин сангҳои лаънатӣ набошанд?” – меандешид Амин. – “Кӯдак каммадор, ба ҷарроҳӣ тоқат намекунад”, гуфтанду аз бемористон ҷавоб доданд. Шояд тарсиданд, ки мабодо... Ё кӣ медонанд, фикр карданд, ки аз ин муаллими нодор чизе нахоҳад рӯид.
– Ҳар чӣ зудтар бояд ба Душанбе раванд. Ба ҳар ҳол марказ аст, шаҳри калон, духтуронаш ҳам зӯр! – дар дил хитоб намуд Амин. Ин дам аз ҳаволии атроф ба гӯшаш бонги хурӯсҳо даромад, ҳангоси хару канда-канда ҷакидани сагҳо расиданд. Ба тани ӯ рамақ дамида, як зарра худро ҳушёр гирифт. “Ваҳҳоб ҳам аз хоб сер шуда, ҳоло ба обу равғани мошинаш машғул будагист. Ҳамин замон дар таки тарвоза пайдо мешавад”.
Амин ба завҷааш рӯ овард.
– Соҳиба, хез! – гуфт ба сари шонаи ӯ даст ниҳода.
–Чӣ гап? Шодиҷон чӣ хел? – зан тарсон аз ҷой хест. – Ваҳ, хобам сахт бурдааст...
– Субҳ ба дамидан наздик. Мошин ҳам меояд. Лоқу паратро ҷамъ кун.
– Тайёр. Ҳама чиз тайёр, – рӯймоли худро кушодаву мӯйҳои парешонашро андаке мураттаб сохта, онро аз нав ба сар баст Соҳиба.
– Шаҳлоро чӣ кор мекунем?
Зан хаёлманд китф дарҳам кашид ва баъд:
– Раҳораҳ ба назди апаам мегузорем. Як-ду рӯз бо духтарчаҳои вай бозӣ карда мегардад, – гуфт аввалин андешаи ба сараш омадаро ба забон ронда.
– Беҳтарин.
– Эҳ... Оҳиста гап занед, додош. Хоби Шодиҷон бурдааст, – овози худро як парда поин оварда, хоҳиш намуд Соҳиба. Амин лаҳзае ба ҷониби гаҳвора гӯш андохта, дар ҳайрат абрӯ боло кашид ва ба нишони тасдиқ сар ҷунбонд. Зан аз нигоҳи шавҳар ҳарфи қаноатмандӣ хонда, заиф табассуме кард. Амин хотирҷамъ аз ҷой хест ва як дона сигор ба лаб гузошта, ҷониби дар рафт. Аз дастааш гирифт, замоне таваққуф кард ва дубора ҷониби гаҳвора нигарист. Кӯдак хомӯш буд! Дигар нола намекард!
“Хуб аст, ки хоб рафт. Бигзор даме ором гирад. Мо ҳам ба ҳузур ба сафари роҳи дур омода шавем”.
Амин акнун бо меҳр ба духтарчааш Шаҳло нигарист. Вай ҳамон масти хоб буд. Соҳиба кампалчаро ба китфони нозуки вай кашид. Охир, одами хобида зуд хунук мехӯрад.
Амин боз муддате ба шуғли завҷааш зеҳн монда, дилпур ба айвон баромад, сигор рӯшан кард ва ҷониби дарвоза рафт. Ҳанӯз даричаро накушода, садои мошинро шунид, ки оҳиста омадаву дар паси он истод.
– Биё бародар, – пас аз салому алейк гуфт қаноатманд Амин.
– Ана, омадам. Меравем? – даст ба даст совид ронанда.
– Албатта, – нашъи сигори сӯхтаро ба замин партофтаву бо пой пахш намуд Амин ва... ба хона баргашт. Аз паси ӯ даричаи оҳаниро ба нола водор сохта, Ваҳҳоб ҳам вориди ҳавлӣ шуд. Аммо ду-се қадам гузошту қафо гашт. Бигузор, онҳо либос пӯшанд, ба сафар омода шаванд. Вай дубора ба назди мошин омада, инҷову онҷояшро аз назар гузаронд. Бо зарби пой чархҳоро такон дод. Нуқсе надоранд, – гуфт дар дил. Чароғҳои дуру наздикнамо дармегиранд. Нағз! Чароғакҳои самтнамо чӣ? Хубанд – коршоям. Баъд муҳаррикро ба кор даровард. Даме ба овозаш гӯш андохт. Педали газро кӯфта дид. Муназзам буд кори муҳаррик. Акнун бемалол ба роҳ дароянд, мешавад. Қаноатманд мошинро хомӯш сохта, ҳуҷҷатҳои худро тафтиш кардан мехост, ки садои гиряи ҷонхарошеро шунид. Ҷонсарак аз мошин фаромада, зуд ба ҳавлӣ даромад. Ворид гашту мадор аз пойҳояш рафт.
Амин ҳой-ҳой гириста, аз дари хона берун баромад. Дар оғӯши ӯ ҷигарбандаш...
– Ваҳҳобҷон, бубин, ҷон бародар, бубин охир, Шодиҷони ман зинда аст ё не? Намурдагист-а! – овоз андохтаву бехудона аз ронандаи худбохта мепурсид.
Навҳаи ҷонхароши занона аз дохили хона ба рӯйи ҳавлӣ мерехт... Модари ҷигарбохта сару рӯй хуншор мекард, мӯй меканд. Худро гоҳ ба девор мезаду гоҳ ба дар. Фурсате нагузашта вай тозон ба рӯйи ҳавлӣ баромад. Зану шавҳар гардани ҳам гирифта, аз мағзи ҷигар навҳа меандохтанд...
Ваҳҳоб оби дида рехта, дар таассуф сар ба ҷониби уфуқ гардонд.
Аз лабаш сар карда, домани осмон аз ситораҳо холӣ мешуд. Чашми рӯз кафида, олам ба оғӯши нур медаромад. Аммо шаби Амини муаллим майли рӯз шудан надошт.
Шариф ХАЛИ.