Боиси хушнудист, ки тибқи сиёсати хирадмандонаи президентҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, баробари дигар соҳаҳо, ба рушду тавсеаи фарҳанг, маънавият ва маърифати халқҳоямон эътибори беш аз пеш дода мешавад.
Дар ҷамъомади навбатии Шӯрои адабиёти тоҷики Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон, ки бо иштироки адибон, шоиру нависандагон, қаламкашони ҷавон, донишҷӯён ва ҳаводорони каломи бадеъ баргузор шуд, дар ин хусус сухан рафт.
Раиси Иттиҳоди нависандагон Сироҷиддин Сайид таъкид намуд, ки анъанаи «Дӯстии адабӣ – дӯстии абадӣ»-и мутафаккирони бузург Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ бояд идома пайдо кунад. Ба таркиби шӯро ҷавонони навқаламу китобдӯстро бисёртар ҷалб намудан лозим, то онҳо донанд, ки робитаҳои адабиву фарҳангии ӯзбеку тоҷик абадӣ аст. Инчунин, дар назди шӯро бояд «Мактаби маҳорат»-ро ташкил намуд то навқаламон аз устодони худ гирумонро омӯзанд.
Раиси Шӯрои адабиёти тоҷик Хусрави Саъдуллоҳ оид ба фаъолияти яксолаи шӯро маълумот дод. Таъкид намуд, ки дар тӯли соли 2022 Шӯрои адабиёти тоҷик якҷо бо ташкилотҳои ҳамкор ҷашнвораву идҳои мардумӣ, аз ҷумла бахшида ба зодрӯзи мутафаккирони бузург, тақдимоти китобҳои нави шоиру нависандагонро баргузор намуд. Аъзоёни шӯро дар анҷуманҳои илмӣ, чорабиниҳои адабӣ, суҳбати мизи мудаввар, ки ба мустаҳкам намудани дӯстӣ, кушодадилии миллатҳо, рушди алоқаҳои адабӣ бахшида шудаанд, фаъолона иштирок карданд. Бо ташаббуси аъзои шӯро зиёда аз 20 китоб ба забони тоҷикӣ, 5 асари тарҷумавӣ, 4 шумораи маҷаллаи «Дурдонаи Шарқ», инчунин антологияи «Шеъри муосири тоҷик» дар тарҷумаи Одил Икром рӯйи чопро дид. Таҳти сарпарастии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон «Девон»-и шоир Паймон аз нашр баромад.
Сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» Асадуллоҳи Исмоилзода оиди пурмуҳтаво шуда истодани маҷалла ҳарф зад. Пешниҳод кард, ки чунин гирдиҳамоиҳо дар вилоятҳо, аз ҷумла, ҷамъомади навбатии шӯро дар вилояти Самарқанд барпо гардад.
Узви Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Расулбеки Аҳмадзод доир ба муҳити адабии тоҷикони ноҳияи Сӯх муфассал ҳарф зад.
Дар поёни чорабинӣ донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии ДДОЧ аз ашъори Ҷомӣ, Навоӣ, Бобур намунаҳо қироат намуданд. Баромади овозхонони ҷавон ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.
С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».