Чун шумораҳои аввали соли ҷории рӯзномаи «Овози тоҷик» бо теъдоди ниҳоят кам – 350 чоп шуд, бешубҳа, бисёриҳо ангушти ҳайрату надомат газидем.
Бонги изтироб ва афсӯсу надомат дар саҳифаҳои фейсбуку сомонаҳои дигар пайи ҳам зуҳур карданд. Ростӣ, ин аксариятро ноумед сохт. Вале, хушбахтона охири моҳи январ муждаи бо теъдоди зиёда аз 4600 нусха чоп шудани рӯзнома сартосари ҷумҳурӣ паҳн гардид, мавҷи табрикот дар расонаҳову сомонаҳо боз пайдо шуданд.
Яъне, бо саъю ҳаракат ва талошҳои ҳайъати таҳририяти рӯзнома адади «Овози тоҷик» аз моҳи феврал боз афзуд, инчунин, ҳомиёне низ пайдо гардиданд, ки рӯзномаро дастгирӣ карда, ба муштариён умед бахшиданд. Оё бо ин метавон гуфт, ки муаммои рӯзнома ҳал гардид? Ба андешаи мо ҳаргиз не! Чаро? Инак, дар ҳамин маврид мехоҳем чанд андешаи худро иброз дорем.
Маълум, ки се сол инҷониб таҳририят бо кумаки ҳомиёни саховатпеша муштариёни худро обуна мекунад ва рӯзномаро ба онҳо ройгон медиҳад. Соли 2021 обунаи рӯзнома ба 800 нусха, соли 2022 бошад, ба 700 нафар ҳам нарасида буд. Инак, дар соли ҷорӣ туфайли «ҳимматбаландии мо – тоҷикони забондӯсту рӯзномахон» сафи обуначиён ба 350 нафар (Худо медонад, ки он чандмоҳа аст) фаромаду ба шарофати ҳомиён аз моҳи феврал ба 4600 нусха расид. Агар кор ба ҳамин минвол сурат бигирад, соли оянда тақдири обунаи рӯзнома чӣ мешуда бошад? Оё минбаъд ҳам ба умеди ҳомиён шуда нисбати рӯзнома лоқайдона муносибат мекунем?
Шояд аксарият андеша доранд, ки дар ҳама вазъ муассис рӯзномаро дастгирӣ мекунад ва он мунтазам чоп мешавад. Лекин мо чӣ? Оё рафтору муносибати мо нисбат ба рӯзномаҳои тоҷикӣ, алалхусус, «Овози тоҷик» ягон рӯз беҳтар мешавад? Ин масъалаи мубрам дар назди намояндагони як миллати бузург кай ҳалли худро хоҳад ёфт?
Ҳамзабонону ҳамватанони азизу гиромӣ! Биёед, ба вазъи зиндагӣ ва забони миллиамон дар Ӯзбекистон назаре кунем.
Алҳол зиндагиамон дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол хубу осоишта аст. Ягон асос надорем, ки аз давлат шикваю гила кунем. Пештар менолидем, ки сарҳадамон бо кишвари Тоҷикистон бастаасту мактабу маорифамон маҳдуд гардида. Ҳатто менолидем, ки рӯзномаву барномаҳои тоҷикӣ надорему марказҳои миллиамон низ нест. Бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ҳамаи ин мушкилоту тазйиқҳо аз байн рафтанд. Акнун мо ба ҳар маънӣ озод ҳастем. Фарзандонамон метавонанд дар кишвари ҳамсоя таҳсил гиранд. Мо метавонем китобҳои тоҷикиро дар Ӯзбекистон чоп кунем. Соҳиби мактабу маъориф, рӯзномаву дигар воситаҳои ахбор, марказҳои миллӣ ҳастем.
Ҷойи гила он аст, ки шукргузор, ҳимматбаланд нестем. Мо, ки дар тӯю сур ва ҷашнҳо даста-даста пулро сарф мекунем, чи мешавад, ки ба рӯзномаҳои тоҷикие, ки дар Ӯзбекистон чоп мешаванд, ба мисли «Овози тоҷик», «Овози Самарқанд», «Ховар», «Садои Сӯх» муташаккилона обуна шавем. Ин амал ба мисли аз баҳр қатраеро ҷудо кардан, яъне маблағи ночизеро барои обуна сарф кардан асту бас!
Масъалаи дигар он аст, ки бояд ба тақсими рӯзномаи «Овози тоҷик», ки аз тарафи таҳририят ройгон дода мешавад, эътибори ҷиддӣ диҳем. Зеро таҷрибаи солҳои пешин собит кард, ки дар баъзе ҷойҳо он сари вақт ва пурра ба дасти хонандагон нарасид.
Азизон! Акнун вақти он расидааст, ки дар ин кор дастҷамъона саҳмгузор бошем, то рӯзнома хонандаи худро дарёбад.
Мутаасифона, муносибати мо бо китобҳои тоҷикӣ низ чунин аст. Бисёр саволҳо моро ранҷ медиҳанд ки чаро дар Русия, Аврупо, ё худ он сӯйи уқёнус мероси ғании ниёгонамонро мутолиа мекунанду худи мо не? Чаро аҳли илму адаби хориҷӣ (немису инглис ва дигар халқҳои ҷаҳон) ба адабиёти форс-тоҷик ин қадар меҳри беандоза доранду мо не?!
Ҳастанд нафароне, ки сари ин масъалаҳо андеша ва ҷидду ҷаҳд мекунанд. Агар ҳар кадоми мо ба сафи чунин маърифатпарварон ҳамроҳ шавем, давлат ҳам аз мо розӣ мешаваду дари муваффақиятҳо ба рӯямон торафт бештар боз мегардад.
Ба суханҳои боло бо шеъри шоири шаҳир Бозор Собир шуморо ба посдории забони азизу шаккарборамон даъват месозем:
Дар сари сад минбар
афтоданд нозирҳои ӯ,
То наафтад бар замин
қадри сухан.
Дар сари сад дор ҷон
доданд шоирҳои ӯ,
То наафтанд аз забони
хештан.
Умед аст, пас аз хондани ин мисраъҳои устод, агар ҷонбозӣ накунем ҳам, ақаллан, ба рӯзномаҳои тоҷикие, ки дар ҳудуди Ӯзбекистон чоп мешаванд, хосатан ба «Овози тоҷик», ки ягона рӯзномаи ҳукуматии мост, обуна мешавем. Вагарна, баъдан ба азоби виҷдон мемонему таърих ҳам моро нахоҳад бахшид.
Олим ПАНҶИЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Сурхондарё.
Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,
устоди кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарҳи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.