САДОҚАТ БА КАСБ

Он рӯз Қаҳҳорамак аз мактаб бо табъи болида баргашт.

Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Он рӯз Қаҳҳорамак аз мактаб бо табъи болида баргашт. Аз нигоҳи тааҷҷубомези ҳамсараш рамуз гирифта, сабаби хурсандии худро фаҳмонд:
– Имрӯз дар ҷамъомади падару модарон писари шӯху беқарори туро таъриф карда, ҳатто ба дигарон намуна нишон доданд. Ҳо ана вай, математик, ҳм, Нарзиюф ҳаст-ку, гуфт, ки Абдуфаттоҳ, албатта, мисли вай математик, муаллим мешавад.
– Не-не, ман безор, – норозиёна лабханд зад завҷааш Роҳатхола. – Сонӣ вай барин ба сафедии бӯр ҷӯлида, латтаи тахтаи синфро аз рӯймолча фарқ накунад-а?!
– Исто-исто, оташин нашав, занак, – ҳамсарашро ба оромӣ даъват намуд шавҳар. – Муаллимӣ касби бошараф аст. Ҳама онҳоро эҳтиром мекунад.
– Мактабхона – ғавғохона, бачаҳо бошанд, сӯҳони асабу умр, – фикрашро тақвият дод Роҳатхола. – Агар раиси колхоз ё директори бозор шавад, гапи дигар.
Баҳси зану шавҳар авҷ мегирифт, ки ногаҳ тақ-тақи дарвоза баланд шуд. Қаҳҳорамак ба кӯча баромад. Назди дар муаллим Сайфиддин Нарзиев рост меистод.
– Муаллим, худи ҳозир дар бораи шумо суҳбат мекардем. Хизрро ёд кунем, мешудааст, – омӯзгорро ба дарун муроот кард падар.
– Додари азиз, дар хона барои дарс тайёр кардани Абдуфаттоҳ шароит муҳайё созед, – гуфт Сайфиддинмуаллим.
Устод гап мезаду Қаҳҳорамак ба сару либос ва гуфтору рафтори ӯ бодиққат зеҳн мемонд. Дар ҳақиқат, занаш рост гуфта буд: дар шиму костюм ва дасту панҷаи фидокори касби худ – муаллим Сайфиддин Нарзиев гардҳои бӯр ва ранги ручка ба назар мерасид. 
– Ин китоби «Математикаи шавқовар» ҳадяи мо барои писари шумо, – китоби хушҷилдеро дароз кард муаллим. – Хонад, баҳра бардорад. Ва бовар дорам, ки ӯ риёзидони хуб гардида, насиб бошад, ба ҷойи ман муаллим мешавад.
***
Воқеан тарзи дарсдиҳии ғайриқолабию навпардозонаи омӯзгорони  мактаб Сайфиддин Нарзиев, Ӯлмас Раззоқов, Исом Ғиёсов ва дигарон на танҳо ба Абдуфаттоҳ, инчунин ҳамсинфони ӯ Тоҳир Олимов, Муҳаммад Султонмуродов, Зиёдулло Маҳмудов, Тоҳир Ҳасанов, Мунира Шамсиддинова, Фурқат Бердиев, Ӯктам Ҳамидов ва дигарон илҳом мебахшид. Маҳз кӯшиши онҳо буд, ки фанни душвору дилгир, пурмафҳуму асрорангез, шоҳи фанҳо – математика шогирдонро мафтун месохт. Аз ҳама аҷибаш, соли 1968 беш аз бист нафар хатмкунандагон ба факултаи физикаву математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳуҷҷат супорида, ҳама сарбаландона аз имтиҳони қабул гузаштанд, ки яке аз онҳо Абдуфаттоҳ Қаҳҳорӣ буд.
Ӯ аз оғози таҳсил ҷиддан ба омӯзиши математика камар баста,  аз олимону профессорони номдор сабақ гирифт.  Баъди ба даст гирифтани диплом Абдуфаттоҳ рахти сафар баст. Бо роҳхати донишгоҳ шомили Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии шуъбаи тоҷикистонии маркази ҳисоббарории собиқ Иттиҳоди шӯравӣ шуд ва ходими илмӣ гардид. Ду сол дар мусофират кор кард. Дар шабнишиниву маҳфилҳои адабӣ аз сӯҳбату баромади аҳли қалам, аз ҷумлаи Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҷалол Икромӣ, Мирсаид Миршакар, Лоиқ Шералӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ӯрун Кӯҳзод баҳраманд гардид.
Тобистони соли 1974 ба рухсатӣ омад.
– Шери бобо, акнун «сафар кардан – ҷаҳон дидан» кифоя, – насиҳатомез фаҳмонд бобояш Ҳайдарамак. – Ту писари калонии оила. Вақти хизмати падару модарро карда, дуояшонро гирифтан расид. Кор дар Самарқанд ҳам бисёр.
***
Абдуфаттоҳ ба насиҳати бобо гӯш дод. Вай ба Самарқанд баргашт. Масъалаи кор ба миён омаду Абдуфаттоҳ ҳуҷҷатҳояшро ба ҷузвдон андохта, роҳи идораи омори вилоятро пеш гирифт. Дар кӯча бо директори мактаби таълими умумии рақами 16-уми ноҳия Раҳматулло Баҳриев, ки сарвари таълимгоҳ буд, рӯ ба рӯ омад.
– Ҳа, мулло, ба куҷо? – баъди салому алейк пурсид вай. – «Об дар кӯзаю мо ташналабон мегардем!». Канӣ, ҳуҷҷатҳоро ба ман дода, сӯи мактаб марш!
Абдуфаттоҳ аз чунин ранг гирифтани кор муттаҳайирона ба таълимгоҳ омад. Омӯзгорон ӯро ба иҳота гирифтанд.
– Акнун ба муроди дил расидам, – хурсандона лаб ба сухан кушод Сайфиддин Нарзиев. – Вақти ба нафақа баромаданам расид, аммо аз мактаб дил канда наметавонам. Аз пагоҳ – ба ман ҷавоб.
Абдуфаттоҳ синфи устодашро қабул карда, ба кор пардохт. Аз мактаб ҳам бахт ёфту ҳам тахт. Бо омӯзгори синфҳои ибтидоӣ Гулчеҳра Низомова (рӯҳаш шод бод!) оила барпо карданд ва соҳиби чанд фарзанд шуданд. Қаҳҳорӣ шефтаи кори омӯзгорӣ ва бо ташвишу давутози зиндагӣ нафаҳмид, ки беш аз 50 соли умри худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Бисёр дастпарварони ӯ мактабро хатм карда, соҳиби маълумот ва кору вазифаҳо шуданд. Ҳоло садҳо нафар шогирдонаш дар соҳаҳои гуногун кор мекунанд. Як гурӯҳ шогирдон аз паи устод рафта, пешаи омӯзгориро интихоб кардаанд. Танҳо дар мактаби рақами 16 беш аз даҳ нафари онҳо дар паҳлӯи устоди худ кор мекунанд.
***
Ба Абдуфаттоҳ одат шудааст, ки хурӯс бонг назада, аз хоб хезад, дастурӯ шуста, то вақти мактабравӣ дар боғ ба дарахтон шакл диҳад, заминро побел намояд. Бо каланду бел худро хеле хушҳол, солим, пурқувват ҳис карда, ба ошхона ворид мешавад. Пас аз тановули наҳорӣ сару либос иваз карда, пиёда ба мактаб меравад. 
Гарчанд синни ӯ аз ҳафтод гузашта бошад ҳам, қоматаш шамшод барин рост, ҳаракаташ чолокона аст. 
Субҳи пурфайзи имрӯза қалби Қаҳҳориро ба туғён меовард – маҷлиси падару модарон. Аммо вақте ки шогирдони ташнаи донишро пеши назар меовард, дар як кунҷи дили беқарораш эҳсосоти гуворое бедор шуда, аз он ифтихор мекард, ки чанде аз хатмкунандагон аз пайи устод рафта, ҳатто то дараҷаи доктори фанҳои физика-математика расиданд. Яке аз онҳо Ҳасан Шодиев аст, ки ҳоло дар донишгоҳи Торонто (Канада) бо забони англисӣ аз риёзӣ сабақ медиҳад. Шогирди дигараш Бахтиёр Хоҷаев дар бонки Амрико мутахассиси баландихтисос мебошад.
***
Дар толори мактаб хеле волидайн ҷамъ омаданд. Ба қатори дигарон Қаҳҳорӣ низ ба минбар баромад.
– Камина чун дигарон Муроҷиатномаи Президентро бо диққат мутолиа намудам, – барафзуд Қаҳҳорӣ. – Президентамон таъкид кардаанд, ки афзудани сифати таълим роҳи ягона ва дурусти тараққиёти Ӯзбекистони Нав аст. Бинобар ҳамин мо, омӯзгорону мураббиён масъалаҳоеро, ки нисбати беҳтар намудани сифати корҳои таълиму тарбия пеш мегузоранд, якдилу якҷон шуда ҳаллу фасл намоем. Мо, муаллимон вазифадор ҳастем, ки дар хонандагон фикри озод ва танқидиву эҷодкориро тарбия намоем. Фарзандону наберагони мо маҳз дар мактаб забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва саводхонии компутериро хуб омӯзанд, бунёдгузорони муносиби Ӯзбекистони Нав хоҳанд шуд.
Ва аз байни онҳо пайравони муносиби Ибни Сино, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Улуғбек барин алломаҳо ба камол расанд.

Аҳмадҷон СОЛЕЕВ, 
доктори фанҳои 
физика-математика, проректори ДДС.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: