АНДЕША ВА РОЗҲО

Дар бораи он чизе, ки намедонем, беҳтараш, нанависем.

Асари санъате, ки бадеияташ суст аст, ба хӯроки бенамак монанд аст. Ба хӯроки фач каме намак андохта, истеъмол намудан мумкин. Вале дар боби санъат наметавон ин корро кард.
***
Қалами нависанда бояд барои абадият хидмат кунад. Дар акси ҳол, навиштаҳояш дардхӯрди мардум намешаванд.
***
Муллое дар ҷанозае вазъ мехонд, ки Худо ба худаш одамони неку наздикро ҳамроҳ мегирад, яъне гулчин аст... 
Шахси шӯхтабиате, ки дар ҷамъомад ҳузур дошт, ба мулло гуфт:
– Муллои муҳтарам, худи шумо чӣ гуна касед, як фаҳмем?
– Ман ба Худо одами наздикам, – фавран посух дод мулло.
– Охир, наздик бошед, барои чӣ дар байни мо гаштаед, тезтар ба пешаш равед? 
– Паймонаи ман ҳанӯз пур нашудааст, сониян ҳар кор вақту соат дорад, – гуфт мулло шалғам барин суп-сурх шуда.
***
Сухани лофу дурӯғ ба мисли кафки собун аст, онро ҳар қадар пуф кунед, ҳамон қадар калон мешавад. 
Вале бо ин ҳама бузургӣ дер намепояд, зуд кафида нест мешавад.
***
Агар донем, ки комёбиамон боиси нокомии дигарон мегардад, бояд аз он даст кашем.
***
Коғази тозаи сап-сафед аз ҳар рӯз қитир-қитир нависонависи қалам ба риққат омада, арзи шикоят кард:
– Рӯйи шукуфону қалби поки маро хира карда, чӣ менависӣ?
Қалам ин суханони коғазро бо таҳаммул шунида, оҳи бадарде кашид:
– Дуруст гуфтӣ. Навиштан – шуғли ман. Худованди карим ба ман ҳамин касбро ато кардааст. Рӯзе сатре нанигорам, сабру қарорамро гум мекунам.
– Бо вуҷуди он, чӣ менависӣ? – мароқ зоҳир намуд коғаз.
– Орзуву армон ва дарду доғи халқро қисса мекунам. Гарчи қалби туро сиёҳ мекунам, ба ту умри дубора мебахшам. Ту акнун коғази одӣ нестӣ. Одамон туро хонда, эҳтиёт мекунанд. Дар саҳифаҳои таърих абадулабад боқӣ мемонӣ... Аммо ман аз нависонавис адо мегардам, – маъюсона арзи ҳол намуд қалам.

Солеҳ САИД МУРОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: