Ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров як ҳайатеро аз вилояти Норини Қирғизистон таҳти раёсати ҳокими он Олтинбек Эргешов ба ҳузур пазируфт
Мақсад аз ин сафари меҳмонон асосан шиносоӣ бо фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва боздид аз як қатор корхонаҳои саноативу истеҳсолии он мебошад.
Меҳмонон дар қадами аввал бо фаъолияти шабакаҳои истеҳсолӣ, технологияҳои рақамӣ ва лабораторияҳои илмии яке аз ширкатҳои бофандагии кишвар – ҶММ «Fergana global textile» шинос шуданд.
– Ин ширкат дар ояндаи наздик бренди худро дар бозори ҷаҳонӣ пайдо хоҳад кард. Зеро маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба тамоми андозаҳои байналмилалӣ ҷавоб дода метавонад ва аз роҳи содири ин маҳсулот дар кишварҳои зиёди хориҷӣ мӯъҷиби таваҷҷуҳи харидорони зиёд қарор хоҳад гирифт, – гуфт аз боздиди ин корхона Олтинбек Эргешов.
Боздид аз намоишгоҳи хоси маҳсулоти гуногун низ дар меҳмонон таассуроти амиқ ҳосил намуд, ки соҳибкорони вилояти Фарғона истеҳсол намудаанд. Ин маҳсулот ба сифати ашёи хоми табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза дар бозорҳои Осиёи Марказӣ ва берун аз он муаррифӣ шудаанд.
Дар ҷараёни ин ташриф соҳибкорони ду кишвар байни худ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ чанд меморандум ба имзо расониданд. Таъкид гардид, ки маҳсулоти соҳибкорони вилояти Фарғона аз ҳар нигоҳ афзалиятҳои шоистаеро доро мебошад ва дар бозорҳои Қирғизистон низ харидорони худро пайдо кардааст.
Меҳмонон ба маҷмааи замонавии «Аспҳои водӣ»-и шаҳри Қувасой ташриф оварданд, ки барои баргузории мусобиқаҳои на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалии асптозӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо парвариши аспҳои зотии сиёҳпӯсти тозӣ ба роҳ монда шудааст, ки дар мусобиқаҳои гуногун ширкат мекунанд.
Корхонаи «Аrt soft ceramics»-и Қувасой ба наздикӣ ба кор даромадааст ва дар он 350 нафар коргарону мутахассисон кор мекунанд. Азбаски сатҳи маҳаллисозӣ дар ин корхона ба 100 фоиз баробар шудааст, нархи маҳсулот нисбат ба маҳсулоти хориҷӣ хеле арзон мебошад.
Дар пайи он меҳмонон бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии «Квартс»-и ин шаҳр ошно шуданд. Корхонаи мазкур яке аз корхонаҳои пешқадами Осиёи Миёна буда, ба истеҳсоли зарфҳои шишагӣ ихтисос ёфтааст. Дар ин корхона низ садҳо нафар машғул ба кор буда, аз ҳисоби даромади он маишати оилавиашонро таъмин мекунанд.
– Моро боздид аз шаҳри куҳани Марғелон хеле ба ваҷд овард. Дар ин шаҳр, ғайр аз он ки ёдгориҳои зиёди таърихиву меъморӣ қомат афрохтаанд, хиёбонҳои зебову диданӣ мавҷуданд, инчунин маълум шуд, ки мардуми он ба ҳунармандӣ сахт дил бастаанд. Гузашта аз ин, татбиқи лоиҳаҳо дар минтақаҳои саноатию соҳибкории шаҳри Марғелон, бахусус фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли пойафзор ва дастовардҳои соҳибкорони ҷавони он таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд, – мегӯяд Олтинбек Эргешов.
Ба таъкиди ӯ соҳибкорони қирғиз метавонанд дар ин шаҳр ҳамкорони зиёд пайдо кунанд ва робитаҳои барои ҳарду тараф судманд ба роҳ монда шавад.
Корхонаи «Экокерамика» дар ноҳияи Фарғона воқеъ гаштааст. Гуфта мешавад, ки иқтидори истеҳсолии он 500 ҳазор ададро ташкил дода, 20 намуди маҳсулоти сантехникиро тавлид мекунад. Сардори корхона Салоҳиддин Юнусов ба меҳмонон дар бораи маҳсулоти гуногуни сантехникӣ маълумоти муфассал дод, ки тибқи стандартҳои аврупоӣ истеҳсол ва асосан ба хориҷи кишвар содир мешаванд.
Дар поёни ин сафар аъзои ҳайати вилояти Норин ба чунин натиҷа расиданд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо корхонаҳои бузурги истеҳсолӣ ва субъектҳои соҳибкории Фарғона ба мақсад мувофиқ аст ва аз он ҳарду тараф танҳо бурд хоҳанд кард.
– Бо итминон арз мекунам, ки ин сафари кории мо хеле босамар буд ва дар оянда барқарор гардидани робитаҳои ҳамкорӣ барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстии ду халқ ва доман фарох намудани ҳамкориҳо хеле мусоидат хоҳад кард, – изҳор намуд Олтинбек Эргешов.
Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.