Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад.
Эй Ҳофизи Шерозӣ,
Ту кошифи ҳар розӣ.
Ҳар касе мехоҳад бар сеҳри ғазалиёти Ҳофиз фол бизанад, ибтидо ба рӯҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ фотиҳа хонда, сипас ният карда, бо чашмони баста ангушти ишорат ба ғазале аз ӯ мениҳад ва бинобар он розҷӯӣ мекунад. Ҳоло мо ангушти ишорат ба рӯйи ғазали «Ид омад» ниҳодем ва фолномаи Ҳофизро ҳамроҳ бо шарҳаш дар «Саҳифаи рӯзи истироҳат» манзури хонандагони азизи «Овози тоҷик» менамоем.
ИД ОМАД
Рӯза як сӯ шуду ид омаду дилҳо бархост,
Май зи хумхона ба ҷӯш омаду мебояд хост.
Тавбаи зуҳдфурӯшони гаронҷон бигузашт,
Вақти риндию тараб кардани риндон барҷост.
Чӣ маломат бувад онро, ки чунин бода хӯрад?
Ин чӣ айб аст бад-ин бехирадӣ в-ин чӣ хатост?
Мо на риндони риёему ҳарифони нифоқ,
Он, ки ӯ олими сирр аст, бад-ин ҳол гувост.
Фарзи Эзад бигузорему ба кас бад накунем
В-он чӣ гӯянд: раво нест, нагӯем: равост.
Чӣ шавад, гар ману ту чанд қадаҳ бода хӯрем?
Бода аз хуни разон аст, на аз хуни шумост!
Ин чӣ айб аст, к-аз он айб халал хоҳад буд?
В-ар бувад низ, чӣ шуд, мардуми беайб куҷост?
Даврони сахтӣ ба поён расида ва замони висолу найл ба мақсуд наздик аст. Сангҳое, ки сари роҳат меафтанд, асаре надоранд, агар мувозиб (эҳтиёт) бошӣ. Аз дӯстӣ бо номардон ва мунофиқон парҳез кун ва дар ҳама ҳол худоро дар назар бигир.
Таснифи Парвизи ИЗЗАТУЛЛО.