Биё, Наврӯзи оламафрӯз, хуш омадӣ!
Туро, туи хуҷастапайро пазмон шудам. Медонӣ, туро бори нахуст дар деҳаи кӯҳии биҳиштосо, ки дар шаддаи қаторкӯҳҳои Нурато ба назарам мисли ёқут метобад, пешвоз гирифтаам. Чӣ завқе дошт он истиқбол!
Бо омадани ту деҳа аз хоби зимистон бедор мешуд, пур аз савту садо мегардид. Ҳаёҳу ва ғиреви бачаҳо зиёд мешуд. Суруди «Баҳор омад» дар паси гӯшҳо танин меандохт:
Лабханди хуршеди ҷаҳон,
Ҷону ҷаҳонафрӯз шуд.
Фасли зимистон даргузашт,
Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.
Омад дами фирӯзиям,
Бобо бидеҳ наврӯзиям!
Фасли баҳорон зад ливо,
Бар қуллаву пирӯз шуд,
Бин лашкари сармо гурехт,
Наврӯз шуд, Наврӯз шуд.
Омад дами фирӯзиям,
Додо бидеҳ наврӯзиям!
Он ҳама завқро ту дар дили мо ҷо карда будӣ. Бо омадани ту майсаҳо аз замин рӯида ба гилеми сабзи густурда монанд мешуданд, гоҳо вақти пудиначинӣ рӯйи майсаҳоят ғел мезадем, аз гулу алафҳоят гултоқӣ бофта ба сар мегузоштем, бойчечак, қоқу, гули хуршед нахустин гулҳои ту буданд...
Наврӯз, эй пайки баҳор! Ту бо худ селаи мурғони баҳориро меовардӣ, хониши кабкат ҳуши моро мерабуд, парасту дар айвони хонаамон лона мегузошт. Момоям парастуи туро мурғи биҳиштӣ мегуфт, вақте ба даҳони чӯҷаҳояш ризқашонро медод, вай мегуфт: шумо ҳам чӯҷачаҳои ман ва падару модари худ ҳастед. Бо ин суханонаш меҳрамон ба ӯ ва падару модарамон зиёд мешуд. Хурду калон ба кабку парасту ва мусичаи ту дил баста будем.
Наврӯз, бо омадани ту рӯзу шаб баробар мешуд, чашмаҳо чашм мекушоданд, рӯди деҳа ба хониш медаромад. Гулҳои рӯёндаи ту чӣ қадар зебо буданд, гулпаракҳоят зеботар аз онҳо. Мо, духтарон аз паси гулпаракҳо бо завқи беандоза медавидем, вале дошта наметавонистем...
Момоям зери партави офтоби заррини ту нишаста кашида ва қуроқдӯзӣ мекард, кашидаҳояш сурати майсаву гулҳои туро доштанд. Ба мо дӯхтан меомӯхт. Пичакҳои алафине, ки модарам аз гиёҳҳои ту омода мекард, хеле гуворо буданд. Таъми онҳо дар даҳонам мондааст. Дунёи гирдгардон, имрӯз фарзандону набераҳоям дархост менамоянд, ки аз гиёҳҳо барояшон пичак пазам...
Наврӯз, бо омадани ту дили мо – духтарони қадрас аз муъҷизаи илоҳӣ – ишқ, муҳаббат ва дӯстдорӣ лабрез мешуд. Ба ҳақи ҷавонписарони деҳа дубайтиву таронаҳои ошиқона ирсол менамудем.
Бо омадани ту ба хонаи духтарони бафотиҳа идӣ – лаълиҳои қатламаю чалпак, нонҳои башир, ҳалвою қанд ва либосвориҳо мефиристанд.
Ёд дорам, модарон ба истиқболи ту гандум рӯёнда, бо ниятҳои нек дар дегҳои калон то субҳ сурудхонон суманаки хушрангу ширадор мепухтанд. Мо – духтарон дар пайравии онҳо мерақсидем, бо ниятҳои нек деги суманакро мекофтем. Занони пурдидаву дар қӯраи зиндагӣ обутобёфтаи деҳа – момои Ойбию момои Иқбол таъкид мекарданд, ки ҳангоми кофтан нияти нек кунед, ки бабахту батахт хоҳед шуд.
Наврӯз, ту ба хонадонҳо нуру сафо, ба дилҳо меҳру вафо меовардӣ. Мардум ба истиқболи ту бо ниятҳои нек либоси нав ба бар мекард, хона метаконд, рӯ ба покию покшавӣ мениҳод, ба якдигар дӯстӣ меварзид...
Наврӯз, ту ба тану дилҳо мадору зӯри тоза мебахшӣ. Бо омаданат байни писарону мардони ҷавон сабқату зӯрозмоиҳо сурат мегирифт, писарон бодбарак мепаронданд, бод онро ба баландиҳои осмон мебурд. Тамошои ин манзара ба мо ва пиру ҷавон завқ мебахшид.
Наврӯз, ту сарчашмаи зебоиҳоӣ. Аз нафаси ҷонбахшат дарахтони бодому зардолу ғарқи гул мешаванд, дарахтони дигар муғҷа баста, барг мебароранд. Шукуфаҳои онҳо ба чашмҳо нур, ба дилҳо сурур мебахшанд...
Манзараҳои нотакрори ту манбаи илҳоми шоирону рассомон ва нависандагон. Онҳо дар пайравӣ ба офаридаҳои ту ба даст қалам мегиранд.
Наврӯзи хуҷастапай ва хуҷастафол, биё, хуш омадӣ! Туро мисли пештара на танҳо дар деҳот ва давраҳои хурд пешвоз мегиранд, ту ба номи қадимиат «Наврӯзи олам» сазовор гаштаӣ. Туро имрӯз дар сартосари олам таҷлил менамояд. Зеро ту ҷашни нуру сафо, меҳр, сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии инсонҳоӣ.
Саодат РӮЗИЕВА.