ЁДИ МОДАР

Модар – инсонест, ки васфи онро дар таърихи олам шоиру нависандае, ё сухандоне ба охир расонда натавонистааст.

Хислатҳои ин фариштаи заминӣ беҳисобанд. 
Худ модар ҳастаму ҳар гоҳ дилам ба ёди Модари меҳрубонам гум мезанад. Мехоҳам, ки дар ҳар як лаҳзаи ҳаётам аз таҷрибаю маслиҳатҳояш баҳра бардораму омӯзам. Лоиқ Шералӣ фармудааст:
Як сухани бонамаки модарон,
Беҳ зи ҳама ҳикмати донишварон.
Як асари маслиҳати модарон,
Беҳ зи ҳама доварии доварон.
Лек, афсӯс ... Модарҷони ман солҳо гузаштааст, ки ба дунёи боқӣ реҳлат намудааст. 
Шоире мегӯяд:
Дилам ҳар гаҳ ки бар ёди ту гум 
зад, шеърҳо гуфтам,
Бикардам баҳри таскини дилам 
номи туро такрор.
Агарчи борҳо хондам Ватанро ҷои 
ту модар,
Ватан маъзур, меҳри модарӣ 
будаст нотакрор.
Бузургию сабру бардошти модаронро ба ҳеҷ чизе наметавонем баробар кунем. Чуноне ки мегӯянд:
Як шаба он ранҷ, ки модар кашид, 
Бо ду ҷаҳон ҳам натавон баркашид.
Он ранҷу азобе, ки модар танҳо барои парвариши як кӯдак мекашад, хеле сахт аст. Модар! Ҳар қадар, барои меҳрат, барои шабзиндадориҳоят, барои фидокориат нисбати фарзанд сари таъзим фуруд орему шукргузорӣ бинмоем ҳам, кам аст.
Дилу ҷонам фидои номи модар,
Дило фирӯз бод, айёми модар.
Чу дид осори ранҷурии фарзанд,
Шакар талхӣ кунад, дар коми 
модар.
Модар аввалин омӯзгор, гаҳвораҷунбони сайёра, чашмаи беминнати меҳр, ғамхори ҷигаргӯшааш аст. Бинобар ин, бигзор, ҳамеша шоду масрур дар паноҳи Аллоҳу эъзози фарзандон бошад.
Дилам хоҳад ҷаҳон гулзор гардад,
Ҳама бо ҳам анису ёр гардад.
Набинам дидаи гирёни модар,
Ҷаҳон ҳамвора бепайкор гардад.
Модарони азиз ғаниматанд, аллаҳояшон, суханонашон, хоки пояшон, дидори ширинашон ҳама ғаниматанд. Гоҳе ки аз олам мегузаранд, шахсе мисли ӯро пайдо карда наметавонем. Ба қадри модарон, ки бар сарамон соябонанд, бояд бирасем.

Ирода ЭРМАТОВА,
омӯзгори мактаби 
рақами 44-уми 
ноҳияи Бӯстонлиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: