Дар маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини вилояти Самарқанд дар асоси қарори Девони Вазирон «Дар бораи тасдиқи барномаи миллии инкишоф ва дастгирии маданияти китобхонӣ дар солҳои 2020-2025» тадбири бошукӯҳ «Ҳафтаи китобхонӣ» ба вуқӯъ пайваст.
Иштирокчиёни анҷуман тариқи онлайн аз маросими расман кушодашавии ҳафтаи китобхонӣ дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ дар Тошканд дидан намуданд.
Роҳбари вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпулод Тугалов дар бораи аҳамияти мутолиа ҳарф зад.
Дар тадбир аҳли қалам, мухлисони каломи бадеъ, толибилмони мактабҳои миёнаву олӣ ва дигарон ширкат варзиданд.
– Боиси хушнудист, ки дар вилояти Самарқанд ҳафтаи китобхонӣ бо тайёрии пухта мегузарад, – гуфт директори китобхона Зебунисо Шодиева. – Мо дар тамоми гӯшаю канори вилоят шуъбаҳои худро дорем ва ходимон барои хотирнишон гузаштани тадбир саҳми арзанда мегузоранд. Охир бузургон насиҳат кардаанд:
Ҳамнишине беҳ аз китоб
махоҳ,
Ки мусоҳиб бувад гаҳу бегоҳ...
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.