ДАВОМИ АНЪАНА

Баҳром Сафозода писари рассоми машҳур ва номдори самарқандӣ шодравон Даврон Сафозода буда, ӯ анъанаҳои неки падари бузургвори хешро идома медиҳад.

 Дар Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд ташкил ёфтани вернисажи асарҳои вай таҳти унвони «Мутафаккирон ва алломаҳои бузурги Шарқ» далели фикрамон аст. 
Ба ҳамин муносибат анҷумани бошукӯҳ ба вуқуъ пайваст, ки дар он рассомон, санъаткорон, олимон ва мухлисони санъати тасвирӣ ширкат варзиданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Юсуф Абдулло таъкид намуд, ки рассом Баҳром Сафозода дар чеҳраофарӣ маҳорати баланд дорад. Дар намоишгоҳ симои беш аз сӣ нафар алломаҳои бузурги Шарқро гузошт, ки он қобили таваҷҷуҳ буда, тамошобинро бефарқ намегузорад.
— Ман бо Баҳромҷон амакбача ҳастем, — иброз дошт узви вобастаи Академияи рассомони Ӯзбекистон Аслиддин Исоев, – бинобар ҳамин дар ҳар як вохӯрӣ маҳз доир ба санъати тасвирӣ суҳбати дилнишин ороста, мубодилаи афкор мекунем. Имрӯз ба асарҳои вай диққат дода, таъбам болида гашт, ки ҷияни азизам хеле пеш рафтааст. Зеро чеҳраҳои Мирзо Улуғбек, Мир Алишер Навоӣ, Қозизодаи Румӣ ва дигарон хеле табиӣ офарида шудааст.
— Камина  бо чеҳраофарӣ солҳои зиёд машғул ҳастам, – гуфт Баҳром Сафозода, — силсилаи расмҳо, ки ба намоиш гузошта шудаанд, дар асоси мутолиа, суҳбат бо олимон, омӯзиши дастхатҳои қадима ва аз наздик шинос шудан бо асарҳои ҳамкасбони худ офарида шудааст. Ҳоло адади портретҳо ба 80 расидааст, ки минбаъд нияти албом кардан дорам.
Ҳар як асари ба вернисаж гузошташуда далели он аст, ки рассом бо заҳмату талошҳои хосса ба муроди дил расидааст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: