ДАР БОРАИ ТАҶЛИЛИ ИДИ РАМАЗОН

Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Мардуми мо  аз имкониятҳои мусоиде, ки ба туфайли дар кишвар татбиқ шудани ислоҳоти васеъмиқёс оид ба баланд бардоштани қадри инсон, таҳкими фазои эҳтироми ҳамдигар, дӯстиву ҳамбастагӣ, таъмини ҳуқуқи ҳамватанон бобати озодии виҷдон  фароҳам оварда мешаванд, самаранок истифода бурда, моҳи мубораки Рамазонро бо осоиштагиву хотирҷамъӣ ва шукрона  таҷлил менамояд.
Хусусан, фаъолони маҳалла, намояндагони ҷавонон, занон ва пиронсолон, уламои динамон дар маҳалҳо корҳои зиёди маънавию маърифатиро ба роҳ монда, дар доираи амалҳои саховату меҳру муҳаббат аз ҳоли мардуми камбизоат, бекас ва маъюбон хабар гирифта, ба онҳо  ёрии амалӣ мерасонанд, ки аҳамият ва моҳияти башардӯстонаи моҳи шарифи Рамазонро афзун мегардонад.
Ба сифати идомаи чунин амалҳои хайрхоҳонаи айёми бузург – ба мақсади сазовор истиқбол намудани Иди Рамазон ва дар сатҳи баланд баргузор кардани он, ҳифз ва васеъ тарғиб намудани сифатҳои накӯкорӣ, саховатмандӣ, олиҷанобӣ ва таҳаммулпазирӣ, ки дар моҳияти он таҷассум ёфтааст, дастгирӣ намудани нияту ормон ва орзуву саъю кӯшиши халқамон:  
1. Бо дарназардошти қарори Шӯрои уламои Идораи мусулмонони Ӯзбекистон, ки рӯзи аввали ҷашни Иди Рамазон ба  21 апрел (ҷумъа) рост меояд, 21 апрели соли 2023 дар кишвари мо ҳамчун Иди Рамазон ба таври васеъ таҷлил карда шавад. 
2. Ба мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба аҳолӣ ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол намудани Иди Рамазон ва дар савияи баланд баргузор намудани он 24 апрели соли 2023 (душанбе) барои ҳама кормандон новобаста аз намуди ҳафтаи корӣ рӯзи иловагии ғайрикорӣ муайян карда шавад.
3. Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо  ва шаҳри Тошканд якҷоя бо Кумитаи оид ба корҳои дин ва ташкилотҳои ҳамкор  барои он ки ҷашни Рамазон дар асоси анъана ва арзишҳои миллии халқи мо сурат гирад,  чорабиниҳои дахлдор ба амал  бароранд.
Вазорати фарҳанг ва сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати нақлиёт барои ҳамватанони мо дар рӯзҳои таҷлили Рамазон ба мақсади ташкил кардани зиёрати зиёратгоҳҳои муқаддас ва ҷойҳои таърихӣ шароиту имконяти мусоид фароҳам оварад.
4. Ба Ширкати миллии телевизиону радиои Ӯзбекистон, Агентии миллии ахбори Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки чорабиниҳои марбут ба таҷлили Иди Рамазонро васеъ инъикос намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А.Н. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон М. М. Комилов гузошта шавад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
20 апрели соли 2023

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: