Директори ширкати истихроҷи нафту гази «Saneg” Тӯлқин Юсупов гуфт, бо ҳамкории Маркази илмӣ ва технологии «GRDC” муваффақ шудаанд, ки дар ду тавлидгоҳи нафту гази вилояти Қашқадарё таҷҳизоти модулии компрессорӣ насб намоянд.
Вай зикр кард, ки таҷҳизоти модулии компрессорӣ бори нахуст дар чоҳҳои нафту гази «Шимолий Шӯртан” ва «Тӯртсари” насб гардида, газҳои фишорашон пастеро, ки дар саргаҳи чоҳҳо пайдо мешаванд, кашидаву ҷамъ меоварад ва пас аз коркарди махсус дар истифодаи умум қарор медиҳад. Аз ин пеш ба чунин газҳо эътибор намедоданд ва бесуд даргиронда мешуданд. Дар тавлидгоҳҳои нафту газ ҳамеша ба мушоҳида мерасид, ки аз лаби лӯлаҳои баланди оҳанӣ фаввораи оташ ба ҳаво мехезад ва гуфта мешавад, ки ин ҳамон қисмати газҳое мебошанд, ки дар саргаҳи чоҳҳо ҷамъ меоянд ва қаблан корношоям маҳсуб меёфтанд. Ин тавр, аз оташ додани ин чунин газҳо, ки аслан дорои заҳрҳои кимиёвӣ ҳастанд, ҳавои атроф олуда мегашт ва табиати диёр хисороти ҷиддӣ медид. Аммо бо насб гардидани таҷҳизоти модулии компрессорӣ ин газҳо умри дубора ёфта, ба истифодаи мардум равона мешаванд ва ҳамин тавр, аз як ҷониб даромади иқтисодӣ ба даст ояд, аз тарафи дигар мушкилоти экологии пешомада дар минтақа ҳалли худро пайдо мекунад. Аз коркарди газҳои қаблан камаҳамият ҳоло Ширкати истихроҷи нафту гази «Saneg” даромади хуб ба даст меорад. Назар ба гуфтаи роҳбари ин ширкат Тӯлқин Юсупов, дар як шабонарӯз аз ду тавлидгоҳ («Шӯртани шимолӣ» ва «Тӯртсари») ҳудуди 53 ҳазор метри мукааб гази тоза коркард шуда, барои истифода ба ҳавлиҳои мардум, бунгоҳҳои фурӯши газ ба мошинҳо ва ба неругоҳҳои истихроҷи барқ равона карда мешаванд.
Айни ҳол ширкат агрегати дувуми таҷҳизоти модулии компрессориро насб намуда, умедвор аст, ки рӯзҳои наздик ба истифода супорад. Ин таҳҷизот дар саргаҳи чоҳҳои «Янги Қаратепа», «Қаратепа» ва «Рубоӣ» гузошта шуда, имкон медиҳад, ки дар як шабонарӯз 60-70 ҳазор метри мукааб гази холис аз заҳрҳои кимиёвӣ коркард кунад.
Шариф ХАЛИЛ,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар Қашқадарё.