НАМУНАИ ИБРАТ

Дар рӯйи ҳавлӣ Фотимаю Марҷона зочабозӣ мекарданд.

Ҳарорати ҳавои фасли баҳор торафт баланд мешуд. Бинобарин, аз зери хоку пӯстлохи дарахтҳо ҳар гуна ҳашарот берун мебаромаданд. Бибӣ, ки  болои кат нишаста, кӯрпача лаганда мекард, ҳар замон бо гӯшаи чашм ба сӯйи наберагонаш менигарист.
Фотима мӯрчаеро ба хоҳарчааш нишон дод:
– Мӯрчаро дидӣ?
– Канӣ?
– Ана, дар пасат. Чизеро бурда истодааст. Нонреза барин.
– Нонреза?
– Ҳа, нонреза. Бибиҷонам доимо дасторхонро байни гулзор меафшонанд, ки ҳашароту паррандаҳо чида хӯранд.
Марҷонаи хурдакак аз тарс хост мӯрчаро пахш кунад.
Бибӣ суҳбати хоҳараконро шунида, гуфт:
– Ба ҷонваракон озор надиҳед. Ҷондорро беҷон кардан убол аст.
– Ман аз мӯрча метарсам, боз маро нагазад.
– Ин хел нагӯй, Марҷонаҷон, – гуфт бибиаш. – Мӯрча ҷонвараки меҳнатӣ. Ҳар куҷо нонреза, арзану хӯшаи гандум ё хасу хошокро бинад, кашола карда ба хонааш мебарад. Дидӣ, бо чӣ азоб нонрезаро кашола мекунад?
– Нонрезаро чӣ кор мекунад?
– Нонрезаро барои худаш не, барои бачагонаш мебарад. 
Аз хастагӣ поҳои борики мӯрчаяк меларзиданд. Андаке истода, гоҳ-гоҳ пояшро дам медод ва боз ба роҳ медаромад. Мехост зудтар ба манзил расад. Азбаски нонреза аз ҷуссаи мӯрчаяк калонтар буд, бо дастаконаш маҳкам дошта, бо азоб мерафт. Охир, бачагонаш гуруснаанд. Гуруснагии онҳоро модар медонист.
Ҳаракати ҷонваракро дида, дигар мӯрчаҳо сӯйи ӯ шитофтанд.
Бибӣ гуфт:
– Одати мӯрчагонро дидед, якҷоя нонрезаро кашола карда, ба манзил мерасонанд. Онҳо ба якдигар меҳрубонанд. Аммо шумо бошед...
– Не, не, мо духтарчаҳои ганда не, бибиҷон. Аз мӯрчаҳо меҳрубонтар ҳастем, – Фотима хоҳаракашро ба оғӯш кашида бӯсид.
Бибӣ аз зери айнак нигоҳкунон бо табассум фаҳмонд:
– Ширинакони бибӣ, меҳрубонӣ танҳо аз оғӯшкунию бӯсобӯсӣ иборат нест. Меҳрубонӣ эҳсоси ҳамрайъиву якдигарфаҳмӣ мебошад.

Нарзипӯлод САИДОВА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: