Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар кишоварзӣ, аз ҷумла, дар соҳаи кирмакпарварӣ татбиқ гардидааст, натиҷаҳои дилхоҳ медиҳад.
Имсол кирмакпарварони вилояти Сирдарё 11566 қуттӣ кирмак парвариш карданд ва он ба беш аз 1100 хоҷагии фермерӣ, ё қариб 1900 нафар звенои оилавӣ тақсим гардид. Баъди чорабиниҳои зарурӣ ва меҳнати фидокорона кирмакпарварон ниҳоят ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардиданд.
Онҳо 664,7 тонна пилла рӯёнданд ва нақшаро барзиёд иҷро намуданд.
Ба ин комёбиҳо ноҳияҳои Сайҳунобод, Сардоба, Боёвут, Оқолтин, Мирзообод, Хавос ва ғайра саҳми арзанда гузоштанд. Ашёи хоми гаронбаҳо, ба 32-юмин солгарди истиқлоли Ватанамон туҳфаи сазовор гардид.
Алҳол мутасаддиён аз ҳокимияти вилоят бо занону духтарони хонакоре, ки ба парвариши тухми кирмак ва ғайра машғул мебошанд, вохӯриҳо гузаронда, барои рағбатноксозии онҳо чорабиниҳо баргузор мешаванд. Фароҳам овардани шароити зарурӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ намудани кирмакпарварон омили муҳими ҳосили босифат ва ҷамъоварии саривақтии он мегардад.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти СИРДАРЁ.