Ганҷи ороста

Низомии ГАНҶАВӢ

(АЗ «ШАРАФНОМА»)

Чу дар ман гирифт он 
насиҳатгарӣ,
Забон баргушудан ба дурри 
дарӣ.

Ниҳодам зи ҳар шева 
ҳангомае,
Магар дар сухан нав кунам 
номае.

Дар он ҳайратободи беёварон,
Задам қуръа бар номи
 номоварон.

Низомӣ, ки назми дарӣ 
кори ӯст,
Дарӣ назм кардан 
сазовори ӯст.

Чунон гӯяд ин номаи нағзро,
Ки равшан кунад хонданаш 
мағзро.

Дили дӯстонро бад-ӯ нур бод,
В-аз ӯ дидаи душманон кӯр 
бод!..


Санҷиши қалам

ПАРЧАМИ МО

Дар дили мо ҷо дорад,
Парчами давлати мо.
Пар афшонад, шавам шод
Дар саҳнаҳои дунё.

Чун ахтарони осмон,
Тобад ситораҳояш.
Рамзи Ватан бошад он,
Ҷонам фидо барояш.

Ғурури мо, шаъни мо,
Парчами давлати мо.
Номуси мо, фахри мо,
Парчами давлати мо.

ДУБАЙТӣ

Тавону зӯру бозӯям, падарҷон, 
Шафоатхоҳу дилҷӯям, 
падарҷон.
Надидам ҷуз ту марди 
хайрхоҳе,
Накӯхоҳу дуогӯям, падарҷон.

Рудоба ДОДОЕВА,
деҳаи Синтаби ноҳияи Нурато.

 

Аз рӯзгори бузургон

«БА ҲУРМАТИ ХУДО, МАРО БУБАХШЕД!»

Лев худро одами одӣ  меҳисобид. 
Зане дар истгоҳи поезд боркашонро мекофт. Аммо чашмаш ба ғайр аз марди қаддарозе, ки дар пой мӯзаи чармини сиёҳ дошт, ба дигар кас наафтод.
– Азизам, – гӯён муроҷиат кард занак, – агар малол наояд, барои то вагон бурдани ҷомадонҳоям ёрӣ мерасондӣ. Ташвиш накаш, ҳаққи хидмататро медиҳам, – гуфт ӯ.
Аз байн солҳо гузаштанд. Хонум дар чорабиние, ки дар Донишгоҳи давлатии Маскав мегузашт, иштирок менамуд. Толстой ҳам дар он ҷо ҳузур дошт. Ғайричашмдошт  нотиқ эълон кард: «Сухан ба граф Лев Николаевич». Нависанда бо забони франсузӣ маърӯза кард. Хонум, ки дар паҳлӯи ӯ менишаст, нависандаро  шинохту аз ғояти шарм дасту по хӯрд ва изҳор дошт:
– Лев Николаевич... Ба ҳурмати Худо...  маро бубахшед.
Нависанда ба хонум гуфт: «Боке не, азизам, хиҷолат накашед! Ман меҳнати ҳалол кардам. Шумо аз рӯйи инсоф ҳақ додед. Меҳнат айб нест, охир!»

«МАН АЗ ШУМО ҚАРЗДОР»

Бино ба нақли ҳамсинфон Николай  Гогол овони  мактабхониаш аз назди  бенавоён бефарқ гузашта наметавонист. Агар барои садақа додан  ба гадоён чизе наёбад, аз хиҷолат сар ба поин афканда, «маро бубахшед» мегуфтааст.
Боре зимни бозгашт аз мактаб духтараке садди роҳи Гогол шуд. Аз кисаи нависандаи оянда чизе набаромад. Духтарак садо баланд кард:
– Ба ҳаққи Худо садақа диҳед.
Гогол гуфт:
– Ман аз шумо қарздор.
Баъди чанд рӯз боз духтаракро дар роҳ вохӯрд ва гуфт: 
– Мана ин  қарзи аввалаам. Инашро бошад, барои имрӯз бипазиред.

Аз забони ӯзбекӣ тарҷумаи 
Раҳимшоҳ ШАРИФЗОДА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: